Муаррифӣ: «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек»
Маҷмўаи «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» соли 2019 чоп шудааст ва дорои мазмуни муҳтаво ва мундариҷаи баланд буда, аҳамияти зиёди таълимию тарбиявӣ ва ҷанбаи ахлоқи умумибашарӣ дорад. Маҷмўа сарсухан ва сию се бобро дар бар гирифта, фарогири мавзўю масъалаҳои мухталифи одоби ҳамида ва рафтори шоиста мебошад. Маводҳое, ки дар маҷмўа интихоб шудаанд, дурдонаҳоеанд, ки то имрўз арзиши худро аз даст надодаанд. Ин асар ба тарбияи ахлоқиву маънавии шаҳвандон мусоидат намуда, эҳсоси наҷиби инсониро дар сиришти ҳар як фард бедор хоҳад кард.мураттибони китоб Т. Салоҳов ва М.Шарифов дар сарсухани он овардаанд:
Ниёгони мо бузургтарин эҷодгарони фарҳанги ахлоқӣ, одоби оиладорӣ, ҳусни басират ва тарбияи пайгиронаи фарзандон дар оила буда, ба маънои пурааш ба мактаби тарбияи одамият замина гузоштаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат 20 марти соли 2004 чунин гуфта буданд: «Ниёгони мо яке аз куҳантарин тамаддунҳои ҷаҳониро офаридаанд, ки бар пойдевори «пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» устувор буд».
Мероси фарҳангии ниёгони мо, аз ҷумла садҳо одобномаю андарзномаҳо, рисолаҳои ахлоқию дастурҳои давлатдорӣ, насиҳатномаю роҳнамоҳои таълимиро фаро мегирад.
Ин асарҳо дар қатори он дурдонаҳоест, ки то имрўз арзиши худро аз даст надода, чилову дурахши пешинаашонро нигоҳ доштаанд. Аз ин китобҳо, ки саросар аз панду андарзҳои ҳакимонаву ҳикоёту саргузаштҳои ибратбахш иборат аст, чандин насл сабақи зиндагӣ омўхта, дарси ахлоқу одоби ҳамида гирифтаанд ва ба тарзи рўзгордории гузаштагон шиносоӣ пайдо карда, анъанаҳои неки ононро давом додаанд.
Бо мақсади аз қоидаҳои одоби шоистаи инсонӣ бархўрдор гардидани аҳли ҷомеа, махсусан насли наврас бо номи «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» маҷмўае мураттаб сохтем, ки он сарсухан ва сию се бобро дар бар мегирад. Маҷмўа ба мавзўъ ва масъалаҳои гуногуни одоби ҳамида ва рафтори шоиста, аз қабили одоби салом, меҳмон ва меҳмоннавозӣ, одоби таҳсил, муаллим, мактаб, васфи ақлу хирад, донишомўзӣ, фазилати сухан ва суханварӣ, покию озодагии инсон, адлу инсоф, бахшишу эҳсон, накўкорӣ, донистани ҳаққи падару модар, тарбияи фарзанд, одоби ба аёдати дўстону хешу табор ва бемор рафтан, ҳурмати пирон ва хурдсолон, одоби шарму ҳаё, одоби таомхўри ва ҳурмати нон, одоби муносибат дар оила, одоби мутолиа, васфи аҳду вафо, кўшишу ғайрат, дўстию рафоқат, сабру тамкин, машқу варзиш, одоби либоспўшӣ, муқаддас донистани чор унсур: об, хок, оташ, бод, тараҳҳум ба парандаҳо, ҳайвонот ва ғайра бахшида шудаанд.
Дар маҷмўа инчун ахлоқи баду ношоиста, аз қабили хирсу тамаъ, дурўғ ва дурўғгўйӣ, бедонишинию бехирадӣ, коҳилию танбалӣ, ғайбату суханчинӣ, хиёнат ба амонатва ғайра мазаммат карда шудаанд.
Тамоми маводи дар маҷмўа дарҷ ёфта, аҳамияти зиёди тарбиявӣ низ дорад. тарбия ҷараёни таъсири бомарому пайгирона ба инкишофи ҷисмонию маънавиро мегўянд, ки иштироки фаъолонаи шахсро дар корҳои ҷамъиятӣ- истеҳсолӣ ва маданӣ таъмин менамояд. Тарбия давое барои табобати хислатҳои залила ва иллатноки маънавии одамият мебошад. Тарбия бо таълим ва илму маърифат алоқаи узвӣ дорад.
Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, 15 марти соли 2019 ҳангоми суханронӣ чунин қайд намуда буданд: «Дар баробари таълим ва азхудкунии илму донишҳои замонавӣ, муассисаҳои таълимии тамоми зинаҳои таҳсилотро зарур аст, ки масъалаҳои тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ба анъанаҳои неки гузатагон сазовору содиқро дар маркази таваҷҷуҳ қарор дода, якҷо бо оила ва ҷомеа дар асоси талаботи Консепсияи миллии тарбия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ корҳоро тақвият бахшиданд.
Дар ин раванд зарур аст, ки дар зеҳну шуури афроди ҷомеа ва махсусан, наврасону ҷавонон, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан, миллат ва давлат, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва фарҳангу анъанаҳои ниёгон тарбия карда шаванд.
Хотирнишон месозем, ки хонандагони мактабҳои пойтахти кишвар бояд аз ҳама лиҳоз, пеш аз ҳама, аз ҷиҳати одобу ахлоқ, сатҳи донишу маърифат ва риояи қонуну тартибот, пешсаф ва намунаи ибрат бошанд. Дар иҷрои ин вазифаи бузургу пурмасъулият саҳми аҳли маориф ва кормандони муассисаҳои таълимӣ бояд калидӣ ва ҳалкунанда бошад».
Ҳангоми таълифу тартиби маҷмўа аз осору мероси гаронбаҳои адабиёти классикӣ ва эҷодиёти шоиру нависандагони муосир истифода бурда шуд. Асарҳои безавол ва панду андарз ва ҳикматҳои Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абўалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Фаридуддини Аттор, Унсурулмаолии Кайковус, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Муҳаммад Авфии Бухороӣ, Саъдии Шерозӣ, Муҳаммади Ғаззолӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Саййидои Насафӣ, Шамсиддини Шоҳин, Аҳмади Дониш, инчунин ҳикматҳои Нўшервони Одил, Бузургмеҳр, Луқмони Ҳаким, пандномаҳои «Дурратулвоизин», «Дуррулаҷоиб», «Чаҳор китоб», ҳикматҳои халқ, «Авасто», ҳадисҳо, андарзномаҳо асоси омўзиш, корбарӣ ва эҷод гардидаанд. «Одобнома»-ҳои Бозор Боронов, Файзулло Шарифов, Очахон Шуайбова ва Хайринисо Ҷураева мавриди баҳрабардорӣ қарор доштанд…
Китоби “Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек”-ро шумо метавонед дар толори хониши кӯдакон ванаврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Уғул Бобораҷабова.