Муаррифӣ: РЎЗГОР ВА ОСОРИ ХОҶА МАСЪУДИ ҚУМӢ

Дар рисола (монография) масъалаҳои рўзгор ва осори яке аз шоирони машҳури нимаи дувуми асри XV Рукнуддин Хоҷа Масъуди Қумӣ (1429-1485) бори аввал ба таҳқиқи монографӣ гирифта шудаанд. Ҳамзамон, дар рисола ду достони ў « Юсуф ва  Зулайхо» ва « Шамсу Қамар»  бо вежагиҳои хоси ин асарҳо таҳлил ва таҳқиқ шудаанд. Муаллиф Вафо Элбоев буда, зери назари профессор Абдунабӣ Сатторзода таълиф шудааст.

 Дар муқаддим аи китоб муаллиф овардааст: Донишмандон адабиётро илми инсоншиносӣ гуфтаанд, чунки инсон бо омўзиши адабиёт, ба хусус адабиёти бадеӣ соҳиби гуфтору кирдору пиндори нек гардида, дар ин оинаи ҳаёт ба гузаштаву ояндаи хеш бо чашми ибрат назар меандозанд ва дар ҷомеа барои худ роҳи дурустро интихоб мекунанд.

         Дар таърихи  адабиёти форси тоҷикии асри XV суханварони зиёде ҳунарнамоӣ кардаанд, ки аксарият соҳибдевон буда, осори ноби офаридаи онҳо аз шоҳкорҳои фарҳанги умумибашарӣ ҳисоб  мешавад. Ин осори ноб, ки аз чашмаи ақлу хиради волои бузургмардони адабиёти форси тоҷикӣ ҷорӣ шудааст, дар пешбурди ҷомеаи инсонӣ саҳиму созгор буда, баҳри таҳаввулу ташаккули афкори бадеӣ ва эстетикии мардуми бумӣ ва ҳамҷавор хидмати арзанда кардааст. Эҷодиёти бархе аз суханварони асри xv ва нимаи дувуми он аз тарафи муҳаққиқон дақиқкорона баррасӣ гардида, дастраси умум гардидаанд. Аммо то ба имрўз осори гаронбаҳои қисми зиёди шоирону нависандагон ба сабаби дастрас набудан ва маҳфуз мондан дар ганҷхонаҳои дурдасти олам омўхта нашудаанд.

           Рукнуддин Хоҷа Масъуди Қумӣ ( 1429-1485) аз зумраи суханварони тавонои нимаи дувуми садаи xv мелодист, ки бо осори гаронбаҳои хеш ба занҷири заррини адабиёти форсӣ – тоҷикӣ ҳалқаи наве зам намудааст, вале ба сабаби дастрас набудан ва кам маҳфуз мондани осораш то кунун эҷодиёти ин шоир муфассал омўхта  нашудааст.

         Агар ба эҷодиёти Масъуди  Қумӣ аз равзанаи фарохи андешаҳои солим назар афканем, ба хубӣ мушоҳида мегардад, ки ин шоир чун шиновари боҳунар дар зовияҳои баҳри маонӣ ва қалам задан дар ин баҳри беинтиҳо қудрати комил дошта, ба ибораи худаш, дар «суханро  сиккаи нав задан» ва «рахти суханро шустушў кардан» ҳамеша истеъдоди баланд ёру ёвараш будааст:

Занам сими суханро сиккаи нав,

Ҷаҳонгирӣ кунам дар мулки Хусрав.

Кунам рахти суханро шустушўе,

Наяндешам зи ҳар ношустарўе.

                 (Юсуфу Зулайхо, саҳ.247).

        Рисола барои муҳаққиқони таърихи адабиёт, магистрҳо, унвонҷўён, дунишҷўён ва ҳамаи алоқамандони адабиёти форсӣ-  тоҷикӣ пешниҳод шудааст.

Китоби “Рӯзгор ва осори Хоҷа Масъуди Қумӣ”-ро шумо ҳоло метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Ойҷонбӣ Азизова.