Муаррифӣ. “Сарахбори Саразм”. Маҷмӯаи сурудҳои Олим Бобоев
Ин китоби нотаҳои таронаҳои сарояндаи маъруф ва оҳангсози беназир марҳум Олим Бобоев соли 2020 нашр шудааст ва нусхае аз онро доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ, ки мураттиби китоб аст, ба Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ тақдим намуд. Дар сарсухан бо номи “Ровии навоҳои пур аз шӯру шарар…” Аслиддин Низомӣ аз ҷумла менависад:
Маҷмўаи мазкур танҳо як қисми оҳангу таронаҳое аз олами беканори эҷодиёти яке аз сарояндагон ва оҳангсозони маъруфи тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, шодравон Олим Бобоевро дар бар мегирад. Ин ҳунарманди хушовоз ва офарандаи таронаҳои дилнавоз дар муддати фаолияти эҷодии начандон тўлонии хеш тавонист тавассути созу навои пур аз сўзу гудози хеш ва сабки нодири сарояндагӣ дар дили мухлисони мусиқии суннатии тоҷик мақоми хосаеро соҳиб гардад.
Таҳлил ва таҳқиқи хусусияҳои лаҳниву зарбӣ, услуби овозхонӣ, риояи анъанаҳои маъруфи замон ва дигар унсурҳои ҳунарии ин сарояндаи дилошўб – яке аз вазифаҳои илми санъатшиносӣ ба шумор меравад, ки умед аст, баъди аз чоп баромадани ин маҷмўаи нотаҳо муҳаққиқон онро ба сомон мерасонанд. Аммо худи имрўз аён аст, ки хислати асосии сурудҳои Олим Бобоев, оҳангҳои ба ашъори классикону шоирони муосир офаридаи ў – ин нотакрор ва беназир будани онҳо маҳсуб меёбад. Дар мазмуни оҳангҳо, дар услуби сарояндагӣ, интихоби авҷҳои хеле баланд ва ҳамчунин дар интихоби шеър Олим Бобоев ба ҳеч гуна тақлидкорӣ ва пайравии кўр – кўрона роҳ надодааст. Ин ҷанбаи эҷодиёти ў шоистаи ибрат ба назар мерасад.
Доктори илмҳои санъатшиносӣ дар идомаи сарсуханаш менависад, ки дар олами ҳунари овозхонӣ ин гуна мисолҳо хеле кам дучор мешаванд, ки ба шахси соҳибистеъдод Офаридгор тавъам садои хушро низ эҳдо карда бошад. Артисти Халқии СССР, шодравон Аҳмад Бобоқулов дар миёни сарояндагони опера ва ҳамчунин Шашмақом, дар баробари маҳорати олӣ ва таҳсилоти ҳирфаӣ маҳз бо сифати нодири овози худ фарқ мекард. Барои Аҳмад Бобоқулов иҷрои партияҳои душвортарини операҳои ҷаҳонӣ ва авҷҳои баланди Шашмақом душворие надошт, зеро овози фаровонаш ба ин гуна фарохиҳои ҳунар имкон медод. Дар олами санъатшиносӣ иборае мавҷуд аст, ки таъбири русиаш “культ голоса”мебошад.
Аз мутавои бахшҳои Шашмақом, ки Олим Бобоев иддаи зиёди онҳороиҷро намуда сабти навор кардааст, маълум мегардад, ки ҳатто дар услуби иҷрои ин намунаи маъмули классикӣ ў кўшиш намудааст, ки ҳатман вижагихои худро илова намояд. Масалан “ “Ушоқи Самарқанд “- ро Олим Бобоев бо ифодаи нолаҳои хос, авҷҳои осмонсоф ва эҳсосоти хеле пуршиддат иҷро намудааст , ки ин ҳолати шунавандаро низ фарогир мегардад. Дар иҷрои ҳамин суруди хеле машҳур Олим Бобоев аз ҳамон сифати нодири овози хеш – яъне диапазони беканори овоз устодона истифода намуда, “Ушшоқ”-ро дар пардаи хеле баланд ва барои аксари сарояндагони дигар комилан дастнорас сароидааст. Яъне соҳиби овози баланд бо ин амалаш гўё исбот намудааст , ки сарояндаи ҳирфаӣ бояд мақомҳоро дар пардаҳои аслии худашон иҷро намоянд. Довар мегардем, ки шодравон Аҳмад Бобоқулов низ ҳамеша таъкид мекарданд, ки мақомҳоро бояд дар пардаҳои аслӣ иҷро намуд.
Ҳамин гуна исботи эҳсосоти “ озодманишинӣ”, кӯшиши яккахонӣ ва тарғиби асолати мақомҳоро Олим Бобоев баъдан дар ҳамаи оҳангҳои худаш эҷод намуда низ хеле рўшан инъикос намудааст .Танбўр воқеан сози асосии ҳунари мақомхонӣ ба шумор меравад, вале чуноне ки мо медонем, доираи эҷодиёти Олим Бобоев танҳо бо сурудани бахшҳои Шашмақом маҳдуд нагардида буд.
Маҷмуаи мазкур бо суруди машҳури Олим Бобоев – “Сарахбори Саразм” ифтитоҳ меёбад. Шояд ин басо рамзӣ бошад, зеро ин оҳангро муаллиф ҳанўз чанд сол қабл аз оғози маъракаҳои ҷашнӣ ва қабули Қарори ЮНЕСКО эҷод намуда буд. Дар маҷмўа ҳамагӣ бист номгўй оҳангҳои хосаи Олим Бобоев нотабардорӣ шудааст, ки албатта, як ҷузъи хурди осори эҷодии ўро дар бар гирифтаанд.
Дар охир бояд зикр намуд, ки кори нотабардории суруду оҳангҳо аз нотабардор маҳорат ва диққати махсусро талаб мекунад. Аз ин лиҳоз, дар аксари ҳолат дар нотахо равиши умумии оҳанг акс гардидааст ва мутахассисон назокати вижагии онро метавонанд бо шунидани сабтҳое,ки ба маҷмуа илова карда шудаанд, мукаммал созанд. Дар маҷмўаи мазкур баъзан дигаргуниҳои матни суруд бо аслаш низ дучор мешаванд…
Хонандагони гиромӣ , метавонанд китоби “Сарахбори Саразм”-ро дар Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Таҳияи Саноат Набиева.