Муаррифӣ. “Соҳибқирони мулки маънӣ”

Ин китоб соли 2019 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст ва муаллифи он Абдуҳамид Шоев буда,  бо тавсияи Шӯарои илмӣ-методии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба чоп тавсия шудааст. муаллифи рисол “Қасидаи бузургон”-и Нақибхон Туғралро мавриди таҳлилу пажӯҳиш қарор додааст. Дар пешгуфтор овардааст:

Осори адабӣ дар баробари он ки шахсияти муаллифи худро бармало мекунад, инчунин сатҳи донишу маърифат ва фаҳмиши як давраи муайяни таърихи инсониро тавзеҳ медиҳад. Биноан, ҳар қадар ки савияи тафаккури мардум боло бошад, адиб кӯшиш менамояд, ки сифати эҷодиёташро ба он андоза рифъат бахшид ва осори мақбулу мондагореро ба вуҷуд овараду занҷири фарҳангу маънавиёти замонҳоро ба ҳам пайваста, дар танвири афкори ҷомеа нақши хешро гузорад. Ин рисолатро дар ҳама адвори таърихи адабиёт адибони мо сарбаландона иҷро кардаанд. Дар ин миён метавон номи Нақибхон Туғрали Аҳрориро низ шомил намуд, ки бо дониши амиқ, масъулияти томи ҷомеашиносона, инсонпарварона ва холисонаю тарбиятгарона ба майдони адабиёт ворид гашта, осори арзишмандеро эҷод карда, аз фазоили вофири халқу ҳунари суханофариниаш дар охири асри XIX ва аввали асри XX дарак додааст.

Ҳарчанд осори шоир дар партави анъана ва суннатҳои побарҷои адабиёти классикӣ манзур шудааст, вале дар он навоварӣ низ ба назар мерасад. Дар муҳите ки зиёда аз 600 шоири соҳибдевонро ба камол расондааст, ном баровардану муҳри устодиро дар лавҳи шахсияти худ сабт намудан ба ҳар кас даст надодааст. Сирри ин муваффақият ба назари мо дар он аст, ки Туғрал истеъдоди фитриашро бо илму дониши замона тавъам намуда, набзи адабиёт ва тамоюлоти онро дуруст интихоб карда, ба мақоми шомихтари адабӣ қадам гузоштааст. Ин фазилати шахсии шоирро ҳанӯз дар даврони дар қайди ҳаёт буданаш ва баъд гавҳаршиносон ва адибоне, ки ӯро мешинохтанду аз дастовардаҳояш огоҳ буданд, ба некӣ ёд карда, баҳои арзанда додаанд. Таҳлилу баррасӣ ва шинохти рӯзгор ва осори Нақибхон Туғрал дар замони истиқлолияти кишвари азизамон-Тоҷикистон беш аз пеш рӯ ба беҳӣ дорад ва корҳои арзишманди илмӣ аз ҷониби донишмандон анҷом дода шуда, аз натоиҷаш мухлисони шеъри шоир мустафид гаштаанд. Рисолаи ҳозир, ки ба таҳқиқи қасоиди шоир бахшида шудааст, идомаи мантиқии раванди мазкур мебошад.

Жанри қасида дар эҷодиёти Туғрал пас аз ғазал мавқеи намоён дорад. Шоир бо маҳорати том тавониста, ки сухани худро дар меъёрҳои мураккаб ва таъйингардидаи ин жанри маъруфи шеъри классикӣ ба ваҷҳи аҳсан ҷой дода, афкори хуби адабиро бо ғояҳои олии инсонпарваронаву созанда тарғибу ташвиқ намояд. Дар васати ашъори дар жанри мазкур сурудаи Туғрал «Қасидаи бузургон» ҷойгоҳи вижа дошта, диққати роқими сутурро чун ҳар хонандаи дигари шеъри вай дер боз ба сӯйи худ кашидааст. Дар ин хусус зимни пажуҳиши паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти шоир, аллакай андешаҳои худро ба таври фишурда иброз доштаем. Ҳамчунин дар ин асос гузоришу мақолаҳои алоҳида низ ба қалам омада, дастраси хонанда намудаем. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки қасоиди шоир мисли ғазалиёташ пурмуҳтаво, ҷолиб ва серпаҳлу мебошад. Аз ин рӯ, он чи ба ин ҷиҳати ашъори шоир анҷом ёфтааст, заминаҳои ин рисола маҳсуб меёбанд.

Албатта, ба адабиёти классикӣ, ки Туғрал яке аз намояндагони охирини он арзёбӣ мешавад, бе тайёрии пешакӣ ворид шудану баррасӣ кардан ва ба пажӯҳиш машғул гардидану ба он баҳо додан ғайриимкон аст. Ба вижа жанри қасида, ки аз мураккабтарин жанрҳои хурди лирикист, муносибати ҷиддӣ ва мутолиаи вофир мехоҳад. Бо дарназардошти ин таи чанд соли охир сарчашмаҳои адабӣ ва адабиёти илмии ба масъалаи мавриди назар дахл дошта мутолиа шуд, то дарку фаҳми қасоиди шоир, махсусан «Қасидаи бузургон»-и вай ба суҳулат даст диҳад. Дар ин зимн маводи зиёде гирдоварӣ шуданд ва ба қадри тавону иститоат матолиби манзурнамудаи шоир дар тарҳи ҷолибу мураттаб рӯшан гардидаанд.

Боби якуми рисола ба жанри қасида ва ҷойгоҳи он дар эҷодиёти шоир бахшида шудааст. Дар ин боб ҳунари қасидасароии шоир бо мисолҳои ҷолиб нишон дода шуда, диққати асосӣ ба сохторшиносии «Қасидаи бузургон» равона гардидааст. Туғрал дар замони худ тавонистааст, ки жанри қасидаро бо тамоми назокати классикиаш чи дар сохтор ва чи дар муҳтаво нигоҳ дошта, мақоми адабиашро дар қасидасароӣ бо он ки шоири дарборӣ нест, шомихтар бармало кардааст.

Боби дуюми рисола ба рӯзгору осору мақому мартабаи адибоне, ки дар қасидаи мавриди назар объекти аслии тасвир маҳсуб меёбанд, бахшида шудааст. Миқдори адибоне, ки шоир дар ин қасида зикр кардааст, аз 75 тан бешанд. Вале дар тасвир ва баррасии онҳо пайдарпайгузории таърихӣ риоя нашудааст, ки ин мувофиқи талаби эҷоди осори адабӣ ва табъи шоир сурат гирифтааст. Барои ба осонӣ фаро гирифтани андешаҳои шоир дар рисола аз принсипи хронологӣ истифода гардида, дар фасли аввал адибони асрҳои X ва XII, дар фасли дуюм суханварони асрҳои XIII ва XV ва фасли сеюм шоирони асрҳои XVI ва нимаи дуюми асри XIX ҷой дода шудаанд  мағзи асари адабиро бадеият ташкил карда, онро аз ҳар ҷиҳат зебу оро медиҳад, боби сеюми рисола ба ин паҳлуи суханофаринӣ мушаххас гардид ва зимнан, маҳорати нақду сухансанҷии Туғрал низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Натиҷаҳои бадастомада дар қисмати хулоса нишон дода шудаанд ва сарчашмаҳои адабию илмии рисола дар бахши китобнома рақамгузорӣ гардидаанд. Маводи дар шакли фавқ баррасишудаи рисола дар шинохти амиқтари Туғрал, маҳорати қасидасароӣ ва нақду сухансанҷии ӯ мусоидат хоҳад кард.

Китоби “Соҳибқирони мулки маънӣ”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Мадина ҲАМИДОВА,

 мутахассиси пешбари шуъбаи

маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.