Муаррифӣ: Тӯрақул Зеҳнӣ. Санъати сухан

Китоби машҳури донишманди маъруфти тоҷик Тӯрақул Зеҳнӣ “Санъати сухан” дар ҷилди аввали “Куллиёт”-и ӯ, ки ахиран бо ибтикори Академияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти  ба   номи Рўдакӣ ва Бунёди адабии Зеҳнӣ чоп шудааст, ҷой гириафтааст.

          Арзиши шеъри баланд ва насри баргузида ба таносуби калом, аз ҷумла ба мунофиқати он ба қонунҳои арўз, корбурди воситаҳои тасвири бадеӣ ва санъатҳои маънавию лафзӣ, инчунин ҳунари эҷодӣ вобаста мебошад. Китоби «Санъати сухан» муҳимтарин ҷанбаҳои тахаюли бадеиро ба таври возеҳу равшан баён мекунад. Аз ин рў, омўзишу тадриси ин китоб ба адибони ҷавон, донишҷўёни факултаҳои мактабҳои олӣ ва ҳаряк хонандаи соҳибзавқу дўстдори шеъру адаб пешниҳоду тавсия мешавад.

 Донишманди закӣ ва баруманд устод Тўрақул Зеҳнӣ давоми умри пурбаракати худ барои ташаккулу побарҷой ва рушду пешрафти илму фарҳанг, забону адабиёт, таърих ва мардумшиносии муосири тоҷик хидмати содиқонаву бебаҳо ва нотакрор намудааст. Устод яке аз пешгомони насли нави равшанфикрон буд, ки дар радифи устод Айнӣ ва дигарон дар амри худшиносӣ ва ҳувияти миллии мардуми тоҷик фидокорию сарсупурдагии беназир кардааст.

Арзишу аҳаммияти фаъолияти густардаи илмию маорифпарварии устод дар муаррифӣ кардан ва пайванди ногусастанӣ додани мероси ғании зеҳнию фарҳангии ҳазорсолаи тоҷик ба илму маориф, ҳунари эҷодӣ ва шуури адабии на танҳо насли нави равшанфикрону адибони муосир, балки барои наслҳои оянда барҷаста аст.

Таҳияи Шарофат Мирзоева