МУАРРИФӢ: ТАБАҚОТИ НОСИРӢ
«Табақоти Носирӣ» яке аз муҳимтарин ва маъруфтарин китоби таърихӣ ба шумор меравад, ки зиёда аз ҳафтсад сол пеш бо қалами Абӯамр Минҳоҷуддин ибни Сироҷуддини Ҷузҷонӣ маъруф ба Қозӣ Минҳоҷ Сироҷ навишта шудааст. Китоби мазкур яке аз сарчашмаҳои муҳимми таърихии форсу тоҷикба шумор меравад. Минҳоҷ Сироҷ яке аз нависандагон ва таърих нигорони машҳуру забардасте мебошад, ки китобаш аз лиҳози забонӣ хеле равону фасеҳ ва оммафаҳм мебошад. Ӯ ба ғайр аз он ки аз китобҳову сарчашмаҳои маъруфи таърихӣ ва насабномаҳо аз қабили «Таърихи Байҳақӣ», «Таърихи Носирӣ», «Қонуни Масъудӣ»-и Абӯрайҳони Берунӣва «Насабнома»-и Марварудӣ дар таълифи китобаш истифода намудааст, мушоҳида ва таҷрибаҳои даврони худро низ ба риштаи тасвир кашидааст. Зеро муаллифи китоб яке аз шахсиятҳои маъруфи асри худ мебошад, ки дар дарбори салотини Ғурва Оли Шансаб шуҳрати хосса доштааст. Бисёре аз воқеаҳои таърихиро дар аввалҳои ошуби муғулбо чашм дидааст ва ё аз ашхоси муътамади давр шунидааст. Бар асари фитнаи муғул ин марди донишманд ба Ҳинд рафт. Дар онҷо ба мансабҳои бузурги дарборӣ ноил гардида, дар дарбори подшоҳони Деҳлӣ ба ҷоҳу мақом даст ёфт. Ва дар ин ҳангом таҷрибаву мушоҳидаҳои андухтаи худро ба сабки равон, соддаву дилчасп ба риштаи таҳрир даровард. Табақоти Носириро ба номи «Носируддунё вад-дин Абулмузаффар Маҳмуд ибни Султон ат-Татмиш» навишт. Ва баъдҳо «Табақоти Носирӣ» барои таърихнигорону донишмандон ҳамчун манбаъ ва сарчашма истифода мегардид.
Табақабандии китоб.
Китоби мазкур аз бисту се табақа иборат буда, табақаи аввал аз Абулбашар Одам (а) оғоз ёфта то пайғомбари охирин ҳазрати Муҳаммад (с) ба анҷом мерасад. Ва табақаҳои баъдӣ аз хулафои Рошидин ва саҳобаҳо шурӯъ шуда, тамоми сулолаҳову давлатдориҳои замони бостон аз қабили Киёниён, Ашкониён, Сосониён ва акосира, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён…. Сабуктегиния, Салҷуқия, Санҷария, шоҳони Нимрӯз ва Сиистон, шоҳони курд, Хоразмия ва ғайра то давраи муғулро бо шаҷараномаҳояшон дар бар мегирад. Ҷилди авали китоб аз 588 саҳифа иборат мебошад.
Китоби мазкур бо кӯшишу талошҳои кормандони шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир ба ҳуруфи кириллӣ баргардон шуда, нусхаи санҷишии он аз чоп баромадааст. Дар ояндаи наздик ҷилди аввали китоби “Табақоти Носирӣ” аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба нашр расида, барои мутолиаи умум пешкаш хоҳад гашт.
Саидаҳтамов Фирдавс
сардори шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир