Муаррифӣ: “Танзим ва назорати асъор”
Китоби мазкур гарчанд соли 2013 чоп шудааст, вале ба тозагӣ вориди Китобхонаи миллӣ шудааст. Тартибдиҳанда Абдуҳамидова Г.М-муаллим калони кафедраи молия ва қарз-иДИС иДДТТ мебошад. Ба он Бобоҷонов Д.Д – мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнис ва сиёсати Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ ва МирпочоевД.А-мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони ДИС-иДДТТ, номзади илмҳои иқтисодӣ тақриз навиштаанд.
Дар пешгуфтор аз ҷумла мехонем: Баъди мустақил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз нишонаҳои соҳибистиқлолият ин асъори миллӣ буда, он баҳри ҳалли масоили гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кўмак мерасонад. Ворид намудани пули миллии сомонӣ дар таърихи давлати ҷавону соҳибистиқлоли Тоҷикистон бешубҳа яке аз воқеаҳои муҳимтарин аст, зеро маҳз бо шарофати пули миллӣ Тоҷикистон на танҳо истиқлолияти пурраи иқтисодӣ, балки истиқлолияти комили сиёсиро ба даст овард. Барои ҳамин баҳо додан ба ҳолати камбудиҳо ва дурнамои тарақиёти низоми пули ҷумҳурӣ зарур аст.Чунки баъди бори аввал дар таърихи ҷумҳурии ҷавонамон ба муомилот воридкунии пули миллӣ рубли тоҷикӣ (10 майи соли 1995) аз сабаби бетаҷрибагиамон ба душвориҳои калон бархурдор рӯбарӯ шудем. Бар замми ин пулҳои дар муомилот буда, ба мол таъмин набуданд, ки ин сабаби асосии аз ҳад зиёд беқурбшавии пули миллӣ гардид. Ҳамаи ин ва дигар шарту шароитҳо Ҳукумати Ҷумҳуриро маҷбур сохтанд, ки боз як ислоҳоти пулӣ гузаронда, ба муомилот асъори миллии нав – сомонӣ (26 октябри соли 2000)-ро ворид кунад. Албатта, дар амали комиссия оиди воридкунии пули миллӣ душвориҳои зиёд мавҷуд буданд, вале душвориҳо паси сар шуда, низоми пул ба як низому тартиби муайян даровард шуд.
Моҳияти иқтисодии пул дар он аст, ки танҳо бо воситаи он метавонад, иқтисодиёти кишварро баҳо дод. Инкишофи низоми пулӣ метавонад, иқтисодиёти комилан пуриқтидорро ба вуҷуд орад ва мусидат кунад, ки маҷмўи маҳсулоти дохилӣ баланд гардад.
Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ёфта, ба танзими суръати рушди иқтисодӣ ва нигоҳ доштани сатҳи таваррум, муҳайё кардани шароити мусоид барои таъмини афзоиши захираҳои асъории давлатӣ, устувории қурби мубодила ва қобилияти харидории сомонӣ равона гардидааст…
Дар ин китоб масъалаҳои танзим ва назорати асъор, амалиётҳои асъорӣ, қонуну қарорҳо ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Маҷлиси Олӣ, Ахбори Бонки миллии Тоҷикистон, дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумурии Тоҷикистон, адабиётҳои илмии иқтисодчиёни ватаниву хориҷӣ ва ғайра васеъ истифода шудаанд.
Китоби “Танзим ва назорати асъор”-ро шумо метавонед дар китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Гулрӯ ИСМОИЛОВА, мутахассиси Маркази такмил ихтисос.