Муаррифӣ: “Ҳуқуқи кӯдак: таҳлили вазъи имрӯзаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”
Дар китоби мазкур, ки ба тозагӣ вориди Китобхонаи миллӣ шудааст, вазъи ҳуқуқи кӯдак бар пояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ ба таври муфассал таҳлил шудаааст. Ҳамчунин бори аввал масъалаи принсипи таъмини бехтари манфиатҳои кӯдак аз нигоҳи санадҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, зарурати риояи ин принсип бо нишон додани вазъи осебпазири баъзе категорияи кӯдакон дар ҷаҳон таъкид шудааст.
Китоб барои донишҷӯёну муҳаққиқон, хизматчиёни давлатӣ ва дигар мутахассисони амалияи ҳуқуқ, инчунин доираи васеи хонандагон тавсия шудааст.
Муаллиф дар пешгуфтор овардааст, ки мавзӯи ҳуқуқи кӯдак дар илми ҳуқуқшиносиро намешавад мавзӯи нав ва кампажӯҳиш донист. Дар давоми ду асри охир иқдомоте, ки дар сар то сари ҷаҳон дар робита ба шинохт, эътироф, ҳифз, ҳимоя ва таҳкими ҳуқуқи кӯдак сурат гирифтааст, дар тамоми таърихи башар бесобиқа аст. Дар робита ба ҳуқуқи кӯдак зиёд будани тадқиқотҳои ҳуқуқӣ, равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, фалсафӣ, динӣ ва таърихӣ дар илми имрӯза далели ду воқеият аст.
Яке ин ки кӯдак бинобар махсусиятҳои мушаххаси биологӣ, сатҳи рушд ва камолоти ҷисмониву ақлонӣ ва вазъи равонии худ дар ҷомеаи башарӣ ба муносибати махсус, ки бо назардошти мушаххасоти ӯ поярезӣ шуда бошад, ниёз дорад.
Дувум ин ки ҷомеаи башарӣ нақши тарбияи дурусти кӯдаконро, ки баробари ба камол расиданашон тақдири башариятро ба даст мегиранд, беш аз пеш ба таври амиқ дарк кардааст.
Дар илми ҳуқуқшиносии тоҷик дар робита ба ҳуқуқи кӯдак корҳои назаррас ва пажӯҳишҳои арзишманд анҷом дода шудаанд, ки ҳам аз як тараф барои тартиб ва ё такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ дар робита ба ҳуқуқӣ кӯдак ёрии бевосита мерасонад, ҳам дар шарҳу тафсир ва таҳлилу баррасии қонунҳои амалкунанда дар ин робита ва амалӣ карданӣ онҳо дар сатҳи ҷомеа нақши бузург доранд.
Бо вуҷуди корҳои анҷомдодаи ҳуқуқшиносон мубрамияти мавзӯи ҳуқуқи кӯдак мисли дигар масъалаҳои ҳуқуқи башар ҳаргиз аз байн нахоҳад рафт. Зеро аз як тараф, пешрафти босуръати ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳарчи демократитар шудани низомҳои ҳукуматӣ ва аз тарафи дигар, ниёзҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба бароварда сохтани талаботи ҳуқуқии худ сабаб мешаванд, ки дар қонунгузориҳои ҷорӣ ва амалкунанда илова ё тағйиротҳои чашмрас ворид карда шаванд ва ё бахшҳои алоҳидаи онҳо бори дигар бо назардошти воқеиятҳои ҳаррӯза баррасӣ шаванд.
Ҳамчунин дар аксари мавридҳо, дарёфти китоб ё дастури ҳуқуқӣ дар робита ба ҳуқуқи кӯдак, ки аз ҷиҳати мавзӯъ фарогир буда, соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқи кӯдакро дар якҷоягӣ баррасӣ карда бошад, барои донишҷӯёни тоҷик ҳанӯз ҳам кори осон нест. Бештари корҳои анҷомдода дар бахши ҳуқуқи кӯдак дар илми ҳуқуқшиносии тоҷик ба як шохаи мушаххаси илми ҳуқуқи кӯдак бахшида шуда, дигар соҳаҳои он ё ба таври куллӣ фурӯгузор шудаанд, ё дар қаринаи (контекст)-и як мавзӯъ баррасӣ гардидаанд.
Бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, муаллиф ба мутахассисон, устодон, донишҷӯён, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва касони алоқаманд китоби мазкурро пешкаш месозад.
Муаллиф лозим медонад, ки барои беҳтар гаштани сатҳи баҳрабардорӣ аз ин китоб, баъзе аз хусусиятҳои онро, ки дар дигар корҳои дар ин мавзӯъ анҷомдодашуда ба мушоҳида намерасад шарҳ диҳад.
Якум ин ки китоби мазкур ба ҳайси асари пажӯҳишӣ-тадқиқотӣ нест, ки паҳлуҳои тоза ва ба илм номаълуми ҳуқуқи кӯдакро баррасӣ карда бошад. Ҳамзамон ин китоб аз шарҳу тафсирҳое, ки ба қонунҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин робита навишта шудаанд, фарқи куллӣ дорад.
Ин китоб ба равиши таҳлилӣ-равшаннамоӣ омода шудааст, ки вазифаи худро, пеш аз ҳама дар баён кардани вазъи имрӯзаи ҳуқуқи кӯдак аз нигоҳи қонунгузориҳои миллӣ ва байналмилалӣ мебинад. Аз ин рӯ, андеша, ақида, мавзеъгирӣ ва шарҳу тафсирҳое, ки дар робита ба қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ дар китоб дучор меоянд, сад дар сад фикри шахсии худи муаллиф набуда, балки дар натиҷаи омӯзиш ва таҳлили маводи илмии марбута шакл дода шудаанд. Агар ҷо-ҷои китоб муаллиф мавқеи худро дар робита ба ягон мавзӯъ баён карда бошад ҳам, он танҳо ба хотири шарҳи муфассалтари мавзӯъ сурат гирифтааст.
Дувум ин ки ҳангоми омода кардани китоб муаллиф кӯшиш ба харҷ додааст, ки он тавонад барои донишҷуён хамчун дастури таълимии фарогир хидмат кунад. Бинобар ин, муаллиф аз овардани он фикру андешаҳои мутахассисон, ки ҳанӯз дар илми ҳуқуқшиносӣ мавриди баҳс қарор дошта, на дар ҳама ҳолатҳо қабул шудаанд, худдорӣ кардааст. Баръакс муаллиф кӯшидааст, ки ҳангоми баррасӣ ва таҳлилӣ қонунҳо, ҳамон дидгоҳеро манзури хонанда кунад, ки атрофи дурустии он бештари ҳуқуқшиносон назари яксон доранд…
Китоби “Ҳуқуқи кӯдак: таҳлили вазъи имрӯзаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” – ро шумо, хонандагони азиз метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Малика Абдуллоева.