Муаррифӣ: “Донишномаи Тоҷикистон”

Донишномаи ТоҷикистонСоле пеш ба истиқболи 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик китоберо бо номи “Донишномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” чоп карда буд. Дар пешгуфтори китоб аз ҷумла омадааст:

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарафманди он соли 2021 30 – солагии истиқлоли кишварро ҷашн мегиранд. Ба шарофати истиқлол миллати тоҷик соҳиби давлати миллии хеш гашта, ба марҳалаи нави таърихи худ ворид шуд.

Миллати тоҷик дар таърихи ҷаҳон бо дастовардҳои бузурги хеш дар илму фарҳанг, ки ба сабаби хидматҳои шоистаи фарзандони фарзонааш ба онҳо ноил шудааст, ифтихор дорад. Маҳз  фарҳанги воло, забону адабиёти пурғановат, таваҷҷуҳи  хосса ба илму маърифат имкрн доданд, ки миллати мо дар равандҳои таърихӣ аз нобудӣ эмин боша два ҳатто миллатҳои дигареро мафтуни забону фарҳанги волои худ кунад.

Таъсиси ИҶШС ва дар ҳайати он ташкил шудани Ҷумҳурии Мухтор (1924) ва сипас, Ҷумҳурии Шўроии Сотсиалистии Тоҷикистон (1929) низ заминаи хубе барои соҳибдавлат гаштани миллати тоҷик шуд. Замони 70 соли мавҷудият дар ҳайати ИҶШС низ миллати тоҷик бо дастовардҳо ва ҷонбозиҳои хеш дар амри ҳифзи ватан, рушди илму фарҳанги миллӣ ва иқтисоди кишвари паҳновари Шўравӣ саҳми бориз дошт. Маҳз дар ҳамин давра бо заҳматҳои содиқонаи худ миллати тоҷик ҷумҳуриро ба зинаҳои баланди рушди иқтисодӣ ва саноатӣ расонид.

Ба даст овардани истиқлоли давлатӣ бори дигар ба миллати тоҷик имкон фароҳам, овард то аз арзишҳои миллии хеш дифоъ, намуда, дар ривоҷи онҳо саъй намояд. Дар  30 соли истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гашт. Новобаста  пайомадҳои манфии ҳаводиси солҳои 90-уми асри 20 дар ҷумҳурӣ, кишвари мо ба шарофати хидматҳо ва фидокориҳои Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар фазои сулҳу осоиш рў ба тараққӣ орад. Ҳадафҳои стратегие, ки ҷумҳурӣ дар нақша дошт, аксар амалӣ гашта, Тоҷикистон ба як кишвари амн ва рушдкунанда табдил ёфт.

Донишномаи Тоҷикистон

Китоби «Донишномаи Тоҷикистон» асари донишномаи якҷилда мебошад, ки ба шарафи 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълифу тадвин шудааст.

Бахши якуми китоб, ки «Тавсифи умумии ҷуғрофиёӣ» ном дорад, маълумоти муҳимро дар бораи мавқеи ҷуғрофиёӣ, тақсимоти маъмурӣ-ҳудудӣ, аҳолии кишвар фаро мегирад.

Дар бахши дуввум – «Табиат” релеф, сохтори геологӣ, сарватҳои табий, иқлим, обҳо хок, рустаниҳо, олами ҳайвоноту наботот ва минтақаҳои табиӣ- ҷуғрофиёии мамлакат тавсиф шудаанд. Дар охири бахши мазкур дар бораи ҳифзи муҳити зист, маълумоти муҳим оварда шудааст.

Дар бахши «Сохти давлатӣ ва ҷамъиятӣ» дар бораи асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистон, шакли идора ва сохти маъмурии ҷумҳурӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, низоми қонунгузорӣ, ҳокимияти иҷроия, суд, прокуратура, агентиҳо, вазоратҳо, кумитаҳо, хадамотҳои тобеи ҳокимияти иҷроия, сиёсати хориҷӣ, ҳаракатҳо, созмонҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, ташкитолҳои ҷамъиятӣ ва иттифоқҳои эҷодӣ маълумот дода шудааст.

Бахши «Таърих» ба таърихи миллати тоҷик аз замони ҷамъияти ибтидоӣ то давраи муосир бахшида шуда, хонандаро бо таърихи мухтасари миллати тоҷик, ки пур аз ҳаводиси гуногун ва шебу фарозҳо будааст, ошно мекунад.

Дар бахши «Фарҳанг» хусусиятҳои фарҳангии миллати тоҷик, аз ҷумла либос, дину эътиқод, ҷашнҳои динӣ ва фарҳангӣ, афкори фалсафӣ ва иҷтимоӣ зикр шудаанд.

Бахши «Иқтисод» фарогири маълумот дар бораи иқтисоди мамлакат, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, мухобирот, сохтмон, хоҷагии коммуналӣ, тиҷорат, таъминоти иҷтимоӣ ва иншооти муҳимтарини ҷумҳурӣ буда, рушди соҳаҳои номбурдаро инъикос менамояд.

Донишномаи ТоҷикистонБахши дигари китоб «Тандурустӣ» ном дорад, ки дар он дар бораи ҳифзи тандурустӣ, тиббӣ мардумӣ, таъминоти дору ва дорухонаҳо, бемористонҳо, осоишгоҳҳо, обҳои маъдании Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбии тиббӣ маълумот дода мешавад.

Дар бахши «Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» дастовардҳои варишкорони мамлакат дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ инъикос шудаанд.

Бахши «Сайёҳӣ рушди соҳаи номбурдаро дар мамлакат, имконияти кишварро дар самти пешбурдаи соҳаи мазкур инъикос менамояд.

Бахши «Маориф» дар бораи низоми маорифи ҷумҳурӣ, муасиссаҳои соҳаи номбурда ва дастовардҳои ахири он маълумот медиҳад.

Бахшҳои «Муасиссаҳои фарҳангӣ», «Матбуот, телевизион ва радио», «Китобдорӣ», «Илм ва муасиссаҳои илмӣ» фарогири маълумот дар бораи рушди соҳаҳои номбурда дар ҷумҳурӣ мебошанд.

Дар бахши «Забон ва адабиёт» дар бораи забони тоҷикӣ, лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ, забонҳои бадахшонӣ ва адабиёти тоҷик, аз ҷумла осори шифоҳии халқ, адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик маълумот дода шудааст.

Дар бахши «Санъат ва ҳунар» меъморӣ, кулолӣ, заргарӣ, бофандагӣ, кандакорӣ, гулдўзӣ, ошпазӣ, мусиқӣ, театр, санъати рақс, балет, кино, сирк ва дастовардҳои номбурдаи ҷумҳурӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон тавсиф шудаанд.

Дар маҷмўъ донишномаи мазкур муҳимтарин маълумотро дар бораи рўйдодҳо ва дастовардҳои соҳаҳои гуногуни мамлакат фаро гирифта, бо такя ба дақиқатарин иттилооти илмӣ ва оморӣ таҳия шудааст. Ҳар бахши донишномаи мазкур фарогири маълумотест, ки  дастовардҳои соҳаи мавриди назарро мухтасар пешниҳоди хонанда мекунад. Дар охири аксар мақолаҳо адабиёти иловагӣ зикр шудаанд, ки хонанда метавонад бо истифода аз онҳо маълумоти бештаре дар бораи соҳаи дилхоҳи худ дарёфт намояд.

Донишномаи мазкурро мураттибон – кормандони Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи милли тоҷик бо истифода аз сарчашмаҳои муътамад, ҳаҷми иттилооти хеле зиёд ва ҷалби муаллифони гуногунихтисос таҳия намуда, барои доираи васеи алоқамандони китобҳои донишномаӣ пешниҳод кардаанд. Аксҳо, харитаҳо ва нақшаҳое, ки дар китоби мазкур дар радифи матнҳо оварда шудаанд, арзиши илмӣ ва зебоии китобро бештар карда, барои дарки дурустари матолиб аз ҷониби хонанда ва афзудани завқи китобхонии ҳар кас мусоидат мекунанд.

Китоби “Донишномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи
Шарофат Мирзоева
.