Муаррифии дастхати “Маснавии маънавӣ”-и 400 сола дар “Ганҷи ҷовидон”

Нигоҳдорӣ ва муаррифии мероси гаронбаҳои хаттии ниёгон қарзи маънавии мо аҳли фарҳанг мебошад ва бо ҳамин мақсад, субҳи 21-уми августи соли 2026 дар шуъбаи Дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодири Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-маърифатии «Ганҷи ҷовидон» таҳти унвони «Муаррифии як дастхат» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш яке аз нусхаҳои нодири “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолуддини Румӣ, ки дар фонди китобхона ҷой дорад муаррифӣ карда шуд.
Маҳфилро муовини директори Китобхонаи миллӣ Муҳаммадиқбол Атозода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Ӯ таъкид намуд, ки ҳадафи баргузории чунин маҳфилҳо ошно намудани ҷомеа, бахусус ҷавонон, бо мероси хаттии ниёгон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносии миллӣ ва ҷалби таваҷҷуҳ ба ҳифзу нигоҳдории дастхатҳои нодир мебошад. Мавсуф зикр кард, ки қаблан дар доираи ин маҳфил дасхатҳои нодире амсоли “Шоҳнома” ва “Таърихи Табарӣ” ва чанди дигарҳо муаррифӣ гардидаву имрӯз “Маснавии маънавӣ” мавриди пажӯҳиш қарор хоҳад гирифт.
Муҳаммадиқбол Атозода таъкид намуд, ки ин асар дар фарҳанги ҷаҳони мавқеи хоса дошта, фарогири масоили гуногуни ахлоқиву ирфонӣ мебошад, ки беш аз 800 сол ба башарият чун ғизои маънавӣ хизмат мекунад. Ӯ ибрози ифтихор дошт, ки аз ҷониби Пешвои миллат ин асари пурарзиш дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардида моли тоҷикон шинохта шудааст. Ёдрас намуд, ки дар бораи Ҷалолуддини Румӣ ҳамчун як фарзанди баруманди шарқ ёд мекунанд ва мешиносанд. Ҳамчунин қайд намуд, ки дар даврони шуравӣ омӯзишу ҳифзи ин асари гаронарзиш барои мо мамнуъ буд, чун дар сари қудрат атеистон буда муҳтавои асар ба нигоҳи онҳо созгор набуд. Ба асари мазкур чун як илоҳиётнома назар доштанд. Хушбахтона, имрӯз ба шарофати Сарвари давлат ин монеаҳои идеологӣ аз руи адабиёт бардошта шуд ва мо гузаштагони худро аз ҳар лиҳозметавонем омӯзему паҳн кунем.

Дар идомаи маҳфил яке аз мутахассисони шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири китобхона Саидакбар Абдулазиззода оид ба ин дастхати нодири таърихӣ суханронӣ намуд. Ӯ иттилоъ дод, ки ин дастхат дар махзани шуъба таҳти рақами 1211 нигаҳдорӣ шуда соли 1621 милоди китобат шудааст. Китоб бо калимаи “Бисмиллоҳ” оғоз гардида пасон мисраҳои маъруфи
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.
К-аз наистон то маро бибридаанд,
Аз нафирам марду зан нолидаанд.
оғоз мешавад. Хати нигоришаш насталиқи хоно буда, андозаи китоб 29,1 ба 19,5 ва андозаи матни саҳифаҳо 21 ба 15 см мебошанд. Ба гуфти у ин дастхати нодир аз ҷониби Муҳаммадмурод ибни Муҳаммадамин дар Самарқанд соли 1031-и ҳиҷрӣ китобат шудааст, ки айни ҳол синнаш аз 400 сол зиёд мебошад. Муқоваи китоб абраи чармӣ дошта бо сартурунҷ, турунҷ ва занҷираҳои махсус оро дода шудааст. Астараш низ зебову мунаққаш мебошад. Ба гуфти мутахассис ин асар дорои 26000 байт буда, Ҷалолуддини Балхӣ онро тули 14 соли умраш навиштааст.

Дар идомаи суҳбат боз ҳам Муҳаммадиқбол Атозода дар хусуси ин китоб чанд нуктаи дигарро иброз намуд. Аз ҷумла гуфт, ки он намунаи санъати китобат, санъати коркарди чӯб, пӯсту қоғаз ва наъати хаттотӣ мебашод. Дар зимн зикр гардид, ки хати тоҷикӣ-форсии мо арабиасос набуда худ дорои таърихӣ қадимиест, ки онро аз осори хаттии Авастоӣ метавон мушоҳида кард.
Ҳамзамон Шаҳобиддин Назаров сармутахассиси шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳои Китобхона душвориҳои марҳалаҳои китобчопкуниро дар замони шурави ёдовар шуда имконияту афзалияти нашриёти замони муосирро қайд намуд.
Дар анҷоми маҳфил Муҳаммадиқбол Атозода ба мутахассисони ҳамоиш барои суханронии пурмуҳтаво ва мубодилаи донишҳои арзишманд, инчунин ба кормандони шуъбаи Дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодир барои ташкили чунин маҳфили судманди илмӣ ва фарҳангӣ изҳори сипос намуд, ба онҳо тавсеа дод, ки ин асари нодирро то ҳадди имкон бештар омӯхта тарғиб намоянд.
Инобат БОБОЕВА,
мутахассиси бахши матбуот ва робита бо ҷомеа