Муаррифии дастхати нодири «Таърихи Табарӣ» дар маҳфили «Ганҷи ҷовидон»

Бо мақсади ҳифз, нигоҳдорӣ ва муаррифии мероси гаронбаҳои хаттии ниёгон, субҳи 7 – уми августи соли 2026 дар шуъбаи Дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодири Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-маърифатии «Ганҷи ҷовидон» таҳти унвони «Муаррифии як дастхат» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш яке аз нусхаҳои нодири фонди китобхона — дастхати «Таърихи Табарӣ» — муаррифӣ карда шуд.

Маҳфилро муовини директори Китобхонаи миллӣ Муҳаммадиқбол Атозода ифтитоҳ намуда, ҳозирин ва меҳмони маҳфил — доктори илмҳои филологӣ, профессор Бадриддин Мақсудзодаро хайрамақдам гуфт. Ӯ таъкид намуд, ки ҳадафи баргузории чунин маҳфилҳо ошно намудани ҷомеа, бахусус ҷавонон, бо мероси хаттии ниёгон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносии миллӣ ва ҷалби таваҷҷуҳ ба ҳифзу нигоҳдории дастхатҳои нодир мебошад.

Дар идомаи маҳфил профессор Бадриддин Мақсудзода оид ба таърихи хатҳои қадима, хатшиносӣ, роҳҳои муайян намудани аслияти дастхатҳо, масъалаҳои марбут ба тақаллуб дар дастхатнигорӣ ва усулҳои ҳифзу нигоҳдории дастхатҳои нодир суханронӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки илми хатшиносӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон рушди назаррас дошта, дастовардҳои муҳаққиқони он кишвар дар омӯзиш ва шинохти мероси хаттӣ арзишманд мебошанд.

Ҳамзамон профессор фарқияти дастхати аслӣ ва дастхати тармимшударо бо далелҳои илмӣ шарҳ дода, таъкид намуд, ки дастхатҳо аз осебпазиртарин осори фарҳангӣ маҳсуб шуда, барои нигоҳдорӣ ва муҳофизати онҳо шароити махсус зарур аст. Ӯ дар ин замина аз таҷрибаи китобхонаҳои баъзе кишварҳои ҳамсоя низ мисолҳо овард.

Дар идомаи суҳбат профессор Мақсудзода бо таассуф аз он ёдовар шуд, ки дар солҳои ноороми кишвар қисми муайяни мероси хаттии тоҷикон ба хориҷ интиқол ёфта, то имрӯз баргардонида нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз низ қисми зиёди дастхатҳои нодир дар ихтиёри шахсони алоҳида қарор дошта, дастрасии муҳаққиқон ба онҳо маҳдуд мебошад, ки ин масъала боиси нигаронӣ аст.

Дар идомаи маҳфил Муҳаммадиқбол Атозода аз масъулиятшиносӣ ва садоқати як корманди Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ёдовар шуда, воқеаи бозпас пайдо намудани як китоби арзишмандро, ки қаблан дар ихтиёри шоири зиндаёд Бозор Собир қарор дошт, ҳамчун намунаи муносибати эҳтиёткорона ба мероси китобӣ нақл намуд.

Сипас корманди шуъбаи дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодир дар бораи яке аз қадимтарин дастхатҳои маҳфуз дар фонди Китобхонаи миллӣ — «Таърихи Табарӣ» — маълумоти муфассал пешниҳод кард. Ба гуфтаи ӯ, қисми аввали дастхат бо хати настаълиқ ва қисми дигари он бо хати насх китобат шуда, ба асри XIII мансуб дониста мешавад. Андозаи китоб 33×20 см ва андозаи матни ҳар саҳифа 27×17 см мебошад. Номи котиби асар маълум нест ва муқоваи кунунии он низ дар натиҷаи тармим иваз гардидааст.

Зикр гардид, ки аз миёни беш аз 2770 нусхаи дастхатҳое, ки дар фонди шуъба нигоҳдорӣ мешаванд, ин дастхат таҳти рақами 161 ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин таъкид шуд, ки матни асар ба ҳуруфи кириллӣ баргардонида шуда, нусхаҳои чопии он низ дар фонди Китобхонаи миллӣ мавҷуданд.

Пас аз маърӯза профессор Бадриддин Мақсудзода ба мутахассисони шуъба ҷиҳати дақиқ муайян намудани таърихи китобати дастхат тавсияҳои илмӣ пешниҳод намуда, зикр кард, ки таҳлили вижагиҳои забонӣ, аз ҷумла мавҷуд ё набудани унсурҳои туркиву муғулӣ, метавонад барои муайян намудани давраи дақиқтари таълифи дастхат мусоидат намояд.

Дар анҷоми маҳфил Муҳаммадиқбол Атозода ба меҳмони ҳамоиш барои суханронии пурмуҳтаво ва мубодилаи донишҳои арзишманд, инчунин ба кормандони шуъбаи Дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодир барои ташкили чунин маҳфили судманди илмӣ ва фарҳангӣ изҳори сипос намуд.

Инобат Бобоева,
мутахассиси бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.