Муаррифии китоб. “Қомусномаи Кавн-Айн”

Қомусномаи Кавн-АйнҲоҷӣ Айниддин Гадозода, нависанди ин китоби ҳаҷман хеле бузург, ки соли 2022 чоп шудааст, мегӯяд он ба тариқи фарҳангӣ (энсиклопедия) навишта шуда, он аз таърихи халқи тоҷик, аз таърихи ноҳияи Темурмалик (собиқ ноҳияҳои Қизилмазор, Совет ва Кангурт) хулоса аз ҳаёт ва фаъолияти фарзандони барӯманди Тоҷикистон, ходимони сиёсӣ ва давлатӣ, сохторҳои давлатӣ ва чамъиятӣ, собиқадорони меҳнату ҷанг, олимон, омӯзгорон, шоирон, заҳматкашон, ҳунармандон, варзишгарон, топонимикаи маҳалҳо, алалхусус аз дастовардҳои бузурги мардуми ноҳия, вилояту ҷумҳурӣ ба қадри зарурӣ маълумот медиҳад.

Нависандаи энсиклопедист, солноманигор, муҳаққиқ, рӯзноманигор Ҳоҷӣ Айниддин Гадозода китоби хешро “Қомусномаи Кавн-Айн” номгузорӣ карда, онро ба шакли тартиби алифбою луғат мураттаб сохтааст. Маънои маҷозии китоб ду ҷаҳон, ду дунё, олам, ҳастӣ ва охиратро ба эътибор гирифта, мақсад ном ба ёдгор гузоштан аст. Он воқеияти пурракунии силсилакитобҳои пештараю номи муаллиф, ҳамчун китоби ягона ва таърихи ягонаи фарҳангии ноҳияи Темурмалик маҳсуб меёбад.

Ноҳияи Темурмалик (марказаш ш. Баҳманрӯд (собиқ Қизилмазор –ш. Совет) аз маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе бо шоҳроҳи асосӣ дар дурии 206-207 км, маркази вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар 150 км, минтақаи Кӯлоб-шаҳри Кӯлоб 60 км, аз ноҳияи Восеъ 40 км, Данғара, 48-50 км, Фархор 70 км, Балҷувон 60 км, Ховалинг 100 км воқеъ гаштааст. Мувофиқи маълумоти географӣ-геодезӣ қаламрави ноҳия аз сатҳи баҳр дар баландии 650  то 700 метр, Ҷорӯбқул 1760 -1769 метр, Кангурт 1500, Сартез то 1770 метр мавқеъ дорад. Ноҳия аз ҷиҳати марзӣ ба ноҳияҳои Восеъ, Кӯлоб, Балҷувон, Ховалинг, Данғара аз тарафи даштҳои Олимтой тавассути қишлоқи Тошбулоқ ба Фархор хатти сарҳад дорад. Дар ноҳия ду метеостансия хидмат карда, стансияи зилзиласанҷӣ мавҷуд буд.

Шаҳраки Баҳманрӯд (собиқ Совет)  маркази ноҳия маҳсуб шуда, дар соҳили дарёи Сурхоб (Қизилсӯ) дар байни теппаҳои начандон калон ба масофаи то 3-3,5 километр дарозӣ аз саргаҳи қишлоқи Шибанай то нассосҳои обкаши Бирдам мавқеъ дорад ва аз сатҳи баҳр дар баландии 900 метр воқеъ гаштааст. Замини шаҳрак қисми шарқию ҷанубиаш сангу қум, сатҳи оби заминиаш баланд, қисми ғарбӣ шимолиаш сафедхок аст.

Аҳолии ноҳия ба 1 январи соли 2010 60, 1 ҳаз. нафарро ташкил медиҳад, ки аз ҷумла мардҳо 30224 наф., занон 30833 наф., аҳолии маркази шаҳрак 10296 наф., деҳот 50761 наф. Аз ҷумла, дар 1278 хоҷагии ҷам. шаҳраки Совет 10039 наф., ҷам. деҳ. Ватан 1376 хоҷагӣ 11120 наф., деҳ. Танобчӣ 884 хоҷагӣ 6569 наф., деҳ. Қушқия 1218 хоҷагӣ 7890 наф., деҳ. Бобоюнус  937 хоҷагӣ 7745 наф., деҳ. Қарақамиш 846 хоҷагӣ 6776 наф. ва дар ҷам. деҳ. Кангурт 1060 хоҷагӣ 8927 наф. одамон зиндагӣ мекунанд. Дар соли хониши 2009 -2010 дар ноҳия 41 мактаби миёна, 20 мактаби асосӣ, (то синфи 9) ва 4 мактаби ибтидоӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 14, 2 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд. Бо таҳсилоти олӣ 1275 наф., бо таҳсилоти миёнаи касбӣ 410 наф., бо таҳсилоти ибтидоӣ-касбӣ 892 наф., бо таҳсилоти миёнаи умумии 10866 наф., бо таҳсилоти ибтидоӣ 396 наф.

Миллатҳо тоҷикон 42290 наф., ӯзбекон 18400 наф., диг. миллатҳо 367 наф. Фонди замини ноҳ. 101355 га, заимнҳои корам 13325 га, аз он ҷумла обӣ 827 га.  Аз ҷиҳати маъмурӣ ноҳия ба 1 ҷамоати шаҳрак, 6 ҷамоати деҳотӣ тақсим шудааст. Дар ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, 1 маркази саломатӣ, осоишгоҳи табобатӣ, 1 стансияи беҳдошт, 3 беморхонаи қитъавӣ, 25 бунгоҳи маркази саломатӣ, 3 масҷиди ҷомеъ ва 37 масҷиди панҷвақта ба қайд гирифта шудааст. Муассисаҳои фарҳангӣ: хонаи фарҳанг, клуб, китобхона, осорхона ва ғайра фаъолият дорад.

Китоби “Қомусномаи Кавн-Айн”-ро шумо хонандаҳои азиз метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.

Таҳияи Фирӯза Раҳимова,
муовини сардори шуъбаи
маълумотдиҳӣ-библиографӣ.