Муаррифии китоби «Анордона»-и Майя Доматти дар доираи барномаи «Китоби нав»
Дар шуъбаи адабиёти бачагон ва наврасони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чорабинии навбатии барномаи «Китоби нав» баргузор гардид. Дар ин нишаст китоби тозанашри «Анордона»-и нависанда Майя Доматти, ки соли 2025 ба табъ расидааст, муаррифӣ шуд.
Ровии барнома, ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва хонандаи фаъоли шуъба Холид Шарипов китоби «Анордона»-ро ҳамчун асари ҷолибу хонданӣ ба дӯстдорони китоб муаррифӣ намуд.
Ӯ зимни суханронӣ иброз дошт, ки Майя Доматти нависанда, рӯзноманигор, тарҷумон ва киношиноси тоҷик буда, беш аз сӣ сол аст дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиндагӣ ва фаъолият мекунад. Аз ҷумлаи маъруфтарин осори ӯ китоби «Анордона» мебошад, ки соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба нашр расидааст.
Зикр гардид, ки китоб аз 30 ҳикояи пандомӯз иборат буда, дар онҳо арзишҳои муҳими ахлоқӣ, аз ҷумла ватандӯстӣ, некӯкорӣ, донишомӯзӣ, меҳнатдӯстӣ, эҳтиром ба табиат ва одоби ҳамида бо забони содаву таъсирбахш ба хонандагони хурдсол пешниҳод шудаанд.
Дар идомаи барнома Холид Шарипов ҳикояҳои «Меҳр» ва «Дурӯғ»-ро аз ин маҷмуа барои ҳозирин нақл намуд. Муаррифии ҷолибу муассири ин ҳикояҳо таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба мутолиаи асар бештар намуд.
Хоҳишмандон метавонанд китоби «Анордона»-ро аз Китобхонаи миллӣ дастрас намуда, мутолиа намоянд.
Инобат БОБОЕВА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа