Муаррифии китоби тозавуруд ба забони ӯзбекӣ. “Қаҳрамон авлод қиссаси”
Муаллифони ин китоб, ки соли 2021 чоп шудааст, Ҳабибулло Холҷӯраев, Собирҷон Абдураҳимов ва Шариф Нуриддинов мебошанд.
Китоб аз рӯзгори фотеҳони Вахш аст. Бахусус аз рӯзгори онҳое ҳикоят мекунад, ки солҳои 1930 аз водии Фарғона ба водии Вахш муҳоҷир шуда буданд. Қиссаи муҳоҷират ба Вахше, ки имрӯз бо номи Вахши зархез машҳур аст, шоистаи садҳо ҷилд китоб мебошад. Ҳарчанд дар ин бора зиёд гуфтанду навиштанд, вале суханҳои ногуфта ҳанӯз зиёданд. Ҳанӯз ҳам имрӯзиён, бахусус насли ҷавони водии Вахш иттилои чандоне надоранд, ки ин водӣ дар ҷӣ ҳол буд ва чаро ҳукумати вақт хост он обод шавад.
Заминкушоёни Вахш азобу уқубатҳои зиёде кашиданд, то ин як пора хоки меҳан шукуфон кардад. Каналкушоӣ ва ба дашти лабташна овардани обу онро ба дарахтзор табдил додан, арзиши чандин достон аст.
Китоби “Қаҳрамон авлод қиссаси” дар ҳамин бора аст ва ҳар касе онро варақ мезанад, мутолиа мекунад, аз таърихи кишвараш қиссаҳои зиёде мехонад ва бо исми онҳое ошно мешавад, ки имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд, вале корномаи онҳо ҳамоно сари забонҳост.
Ин китобро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Фазолат Тағоева,
мутахассиси пешбари Медиатекаи
Президенти Тоҷикистон.