Муаррифии лоиҳаи байналмиллалӣ барои наврасон
5-уми майи соли 2022 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии лоиҳаи озмуни байналмиллалии адабӣ барои наврасон «Китобхона-достон. Тоҷикистон-Русия» баргузор гардид. Дар озмун наврасони аз 14 то 16 сола, бо пешниҳоди ҳикояҳои хурд дар ҳаҷми 5 саҳифа дар жанри реалистӣ – хиёлпардозонаи шигифтангез ширкат варзида метавонанд.Ташкилкунандагони озмун китобхонаи давлатии кўдаконаи шаҳри Маскав буда, тамоми кишварҳои узви ИДМ-ро дар бар мегирад.
Нахустин маҳфили он бо ширкати созмондиҳандагони озмуни мазкур Директори Китобхонаи давлатии Русия Веденяпина М.А., директори Ассотсиатсияи кормандони фарҳанг, санъат ва маориф оид ба ҷалби бачаҳо ба хониши «Хонандаро тарбия мекунем» А.Э. Лебедева, намояндаи Агентии федералӣ дар умури кишварҳои ИДМ, ҳамватанони бурунмарзӣ, шоир ва тарҷумон Д.Безносов, ки ахиран ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварда буданд баргузор шуд.
Маҳфил бо ширкати меҳмононро муовини аввали директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода оғоз намуда, созмондиҳандагон ва хонандагони шуъбаи кўдакон ва наврасонро хайрамақдам гуфт. Ва барои даъваташон аз ташаббускорони лоиҳаи байналмиллалӣ изҳори сипос намуд.
Ҳадафи озмуни мазкур наврасони тоҷику русро бо таърихи бою куҳани хеш дар шакли адабӣ ошно намудан аст. Гуфта шуд роҳандозии чунин озмунҳо пуле барои наздиктар сохтани фарҳангу таърих ва забону миллатҳо хоҳанд гашт.
Ҳикояҳои ғолибони озмунро аъзои доварон ба забонҳои тоҷикиву русӣ тарчума мекунанд. Бо ин роҳ аз таъриху фарҳанг ва расму оину забони ҳамдигар ошно мешаванд. Тавре созмондиҳандагон аз кишвари Русия иброз дштанд, аз қабули ғолибони наврас шод хоҳанд гашт. Ғолибонро роҳхат на танҳо ба шаҳри Маскав, балки шаҳри фарҳанггии Русия СанктПетербург интизор аст.
Тавре М. Веденяпина изҳор дошт, Китобхонаи давлатии бачагонаи Русия 52-сола шуд ва он на танҳо дар қаламрави Федератсияи Русия, балки дар ҷаҳон бузургтарин китобхона ба шумор меравад. Ҳамасола 320 000 бачаҳо ба он ворид мешаванд, хонандагони маҷозии китобхона беш аз якуним миллион аст. Китобхона дорои зиёда аз 600 000 китоб бо забонҳои гуногун ва 15 толори хониш барои хонандагони сину соли гуногун ва 50 маҳфили доимоамалкунанда мебошад.
Чуноне роҳбари асотсиатсияи «Хонандаро тарбия мекунем» Анжела Лебедева баён намуд, ин озмун дурнамои бузург дошта, онҳо барои ҳамкориҳои байналмиллалӣ вақту қувва ватаваҷҷўҳи бештар сарф намудаанд. Ин роҳест, ки метавонем тавассути он миёни кишварҳову фарҳангҳоямон пул бисозем. Ва ин пулҳо ба воситаи наврасон оянда миллатту таърихамонро ба ҳам мепайвандад, афзуд ӯ.
Дар қисмати фарҳангии маҳфил, ки дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид, хонандагон бо иҷрои сурудҳои зебо ба забонҳои тоҷикиву русӣ хотири ва меҳмонон ва ширкаткунандагонро болида гардонданд.
Раҳима Аъзам, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.