Муаррифии “Мактаби кӯҳна” дар барномаи “Китоби нав”
Барномаи навбатии «Китоби нав», ки лоиҳаи ҷадиди шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, дар ҳамкорӣ бо Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” баргузор гардид. Холид Шарифов – хонандаи фаъоли шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2024, ба бинандагони хурдсол китоби “Мактаби кӯҳна”-и Садриддин Айниро муаррифӣ намуд.
Ровии барнома Холид Шарифов қиссаи имтиҳон кардани падараш Садриддинро ва ба ҳеҷ кадоме аз суолҳои падараш ҷавоб надодани ӯ, чи гуна ба мактаби бибихалифа рафтанаш ва чанд муддат дар онҷо дарс гирифтанашро нақл кард. Садриддини хурдакак аз озод шудан аз мактаби бачагона хеле хурсанд мешавад, ки пас аз солҳо ин матлабро адиб дар асараш чунин дарҷ кардааст: “…Ман дар умри худ ду озодиро дидам, яке соли 1917 дар вақте ки 42 сола будам, аз зиндони амир, баъд вз 75 чӯб хӯрдан, дуюм дар вақти шашсолагиам, он рӯзе, ки аз мактаб озод шуда будам. Аммо ба назари ман ҳар дуи ин озодӣ аз якдигарашон ширинтар менамуданд.”
Сардори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ–Шаҳноза Дониёрова гуфт: “Соли гузашта ба шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ садҳо китоб ворид гардида, тибқи дархости хонандагон роҳбарияти Китобхона китобҳои заруриро харидорӣ намуд.”
Маврид ба зикр аст, ки китобҳои мазкур дар соли 2024 бо нашри нав ба шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ворид шуда, ҳамарӯза аз он даҳҳо нафар хонандагон истифода мекунанд. Барномаи “Китоби нав” китобҳои нав ба чопрасидаро ташфиқу тарғиб намуда, завқи китобхониро дар кӯдакону наврасон боло мебардорад.
Махфират Муҳидинова
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа