Муаррифии осори олмони тоҷики Ӯзбекистон. “Бӯстони маърифат”

Муаллифи ин китоб пажӯҳишгари тавоно, устоди Донишгоҳи Давлатии Самарқанд, Корманди Шоистаи Фарҳанги Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Ӯзбекистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аслиддин амарзода буда, дар он мақолаҳои илмӣ, хотираҳо ва сафарномаҳои олим гирдоварӣ шудаанд.

            Китоб ба муносибати 70-солагии зодрӯзи муаллиф аз ҷониби Шӯрои илмӣ-услубии Донишгоҳи Давлатии Смарқанд ба номи Алишер Навоӣ ба нашр тавсия шудааст.

            Китоб барои донишҷуён, омӯзгорон, тадқиқотчиён ва ҳамаи ононе ки бо масъалаи омӯзиши адабиёт сару кор доранд, тавсия шудааст.

Китоби “Бӯстони маърифат” соли 2012 дар шаҳри Тошканд чоп шудааст, вале ба ҳамин тозагӣ вориди Китобхонаи миллӣ шуд. Хонандагони азиз ҳоло метавонанд дар ҳар толори хониш онро фармоиш ва мутолиа намоянд.

Малика Абдуллоева