Муаррифии се китоби Абдусаттори Раҳмон дар барномаи “Китоби нав”

Ширкаткунандагони барномаи адабии “Китоби нав”, ки субҳи имрӯз дар толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон баргузор шуд, бо китобҳои тозанашри адиби шинохта Абдусаттори Раҳмон «Рассоми чирадаст», «Амак шудам» ва «Лолаи боми бобом» шинос шуданд.
Дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи навбатии фарҳангии «Китоби нав» сабт гардид. Дар ин барнома китобҳои тозанашри нависандаи кӯдакнавис Абдусаттори Раҳмон — «Рассоми чирадаст», «Амак шудам» ва «Лолаи боми бобом» муаррифӣ шуданд.
Барномаи «Китоби нав» дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Телевизиони кӯдакону наврасони «Баҳористон» таҳия гардида, ҳадафи он муаррифии китобҳои тозанашр, тарғиби фарҳанги китобхонӣ ва ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба мутолиа мебошад.
Ровии барнома, хонандаи фаъоли шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон Холид Шарипов, нахуст дар бораи муҳтавои китобҳо ва хусусиятҳои онҳо ба тамошобинон маълумот пешниҳод намуд. Сипас аз ҳар се китоб порчаҳо қироат карда, онҳоро ҳамчун осори ҷолибу омӯзанда барои кӯдакону наврасон тавсия дод.
Дар барнома таъкид гардид, ки асарҳои Абдусаттори Раҳмон бо забони содаву равон, муҳтавои тарбиявӣ ва рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ навишта шуда, барои ташаккули ҷаҳонбинии насли наврас аҳаммияти муҳим доранд.
Хонандагон ва дӯстдорони китоб метавонанд китобҳои «Рассоми чирадаст», «Амак шудам» ва «Лолаи боми бобом»-ро аз фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас намуда, мутолиа намоянд ва худи барномаи телевизиониро рӯзҳои наздик аз телевизиони “Баҳористон” тамошо намоянд.
Бобоева Инобат,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа