Муаррифии як китоби профессор В.Набиев дар бораи Пешвои миллат

Таҷрибаи ғанӣ ва тӯлонии таърихи башарият ҳамчун оинаи ибратбини рӯзгор собит месозад, ки омилу ҷавҳари аслии маъруфият, маҳбубият, бузургӣ, шӯҳрату комёбӣ ва сарбаландиву сарфарозии фарзандони фарзонаву сарсупурдаи ҳар халқку миллат- сарварони сиёсӣ, давлатмардон, донишмандон, муттафакирон маҳз аз ҷавҳари зотии шахсият, кору пайкор ва меросе, ки онҳо ба ворисон мегузоранд вобаста аст.

            Таърихро маъмулан довари халқгӯ меноманд ва ба кору пайкор, саҳму хизмат ва мақому манзалати шахсиятҳои таърихӣ вақт, замон ва халқ баҳои ҳаққонӣ ва холисона медиҳад.

Дар саҳифаҳои рангини таърих сиёсатмадорон, чеҳраҳои гуногуни сиёсие буданд, ки вобаста ба кору амали худ дар авроқи таърих ва зеҳну хотираи мардум номашон чун чеҳраҳои мусбат ё манфӣ сабт гардидааст.

Халқро эҷодкори таърих меноманд, вале нақшу мақоми шахсиятро дар таърих набояд нодида гирифт. Зеро шахсиятҳои бузург, оқилу доно ва ботадбир метавонад бо кору фаъолияти хирадмандонаи хеш ба ҷараёни ҳаводиси таърих таъсир ва нақши муассири мусбат гузаронд, ё баръакс шахсиятҳои фурӯмоя бо кору амали носавобашон пешрафти ҷомеаро ба ақиб партоянд.

Таҷрибаи таърих борҳо собит сохтааст, ки андактарин саҳву хато ва иштибоҳи сарварони сиёсӣ баъзан боиси сангинтарин фоҷиаҳо, шикасту рехт, бохт, азобу машаққат ва ҳасрату надомат гаштааст.

Ва баръакс кору амали оқилона,иқдому бархӯрду хирадмандона, дурандешона ва чораву тадбири одилонаву ҷавобгӯ ба талаботи замон аз ҷониби сарвари сиёсӣ боиси амнияту оромӣ, сулҳу субот, бурду пешрафт ва шукуфоии ҷомеа мегардад.

Мардуми тоҷик чун миллати соҳибтамаддун ва соҳиб давлат таҷрибаи хеле қадим ва ғании давлатдорӣ, давлатсолорӣ дорад.

Дар байни чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ, давлатмардони асотирӣ ва таърихии ниёгони мо номи Кайюмарс, Ҳушанг, Ҷамшед, Куруши Кабир, Анӯшервони одил, Исмоили Сомонӣ ва даврони нав, мисли Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур, Абдураҳим Хоҷибоев, Чинор Имомов , Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев ва даҳҳо дигарон  чун сарварону сиёсатмсадорони донишманду ботадбир, олим, одил ва оқил маълум ва машҳуранд. Онҳо бо родмардиву ҷасорат, баландҳимматӣ, озодпарастӣ, инсондӯстӣ, ростқавлӣ садоқат ба халқу Ватани хеш дар авроқи таърих ва хотираи мардум шӯҳрати ҷовидонӣ ёфтаанд.

Ба шаҳодати таърих замоне, ки сарнавишт миллати тоҷикро борҳо ба озмоиши сангини рӯзгор, ҳаёт рӯ ба рӯ месохт, дар лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз, ки ба ҳувияти миллӣ, таърих, забон, фарҳанг, тамаддун дину мазҳаби мо хатари нобудшавӣ таҳдид менамуд, фарзандони рашиду рисолатманд ба саҳнаи таърих омада, ба ҳар роҳу васила – яке аз минбари шеъру адаб, дониш ва илму маърифат, дигаре аз маснади қудрат, сиёсат ва идораи давлат рисолати хешро яавонмардона иҷро намуда, миллату Ватани моро наҷот доданд ва парчами озодӣ, истиқлолро баланд барафрохтаанд.

Дар радифи чунин фарзандони фарзонаву сарсупурдаи миллат ному шӯҳрати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми махсусро касб кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо амри таърих ва тақдир дар лаҳзаи хеле душвору сангин, ки аксари манотиқи мамлакатро оташи ҷанги бародаркӯш фаро гирифта, сарнавишту мавҷудияти давлати тозаистиқлол ва миллати тоҷик сари як мӯй қарор дошт, ба сари қудрат омад.

Ба Эмомалӣ Раҳмон пас аз пошхӯрии давлати абарқудрати Шӯравӣ кишваре бо дастгоҳи давлатии фалаҷгашта, иқтисоди ба бӯҳрони шадид афтода, мардуми аз сиёсатбозиҳои тӯлонӣ ва аз ҷангу хунрезӣ, беадолатӣ ба дод омада ва аз зиндагӣ навмедшуда мерос монда буд.

Дар он лаҳзаҳои душвору сангин ва басо ҳассос, ки хазинаи давлат холӣ, рукнҳои муҳими умури давлатдорӣ шикаставу аз даст рафта буд, баъзе сиёсатмадорони “бузурги”ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ ба Эмомалӣ Раҳмон бо чашму назари шубҳаву нобоварӣ менагиристанд ва гумон доштанд, ки ӯ дар сари қудрат дер намепояд.

Хушбахтона онҳо иштибоҳ карданд ва намедонистанд, ки Эмомалӣ Раҳмон ин ҳадяи таърих ва файзу эҳсон, раҳмати Парвардигор ба миллати язияткашидаи тоҷик аст ва ин Сарвари ҷавон, оқил, одил, адолатпеша бо ғайрату хурӯши ҷавонмардӣ, қалбу нияти пок, муҳаббати саршор ва самимӣ ба марзу буми аҷдодӣ ба майдони сиёсат ворид гашта, қадам ҷасуронаву собитқадамона ба сӯи қуллаҳои мурод, пиёда сохтани ормонҳои азалии мардум раҳсипор аст.

Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама ба халқ, ба мардуми чун неруи тавоно ва мағлубнопазир такя намуд, ба мардум некиву адолатро раводид, дар фаъолияти хеш ба хиради азалии халқ такя намуда, зимоми давлатдориро бо дасти хирад ва адолатидора намуда, маҳбуби халқ гардид.

Имрӯз бисёр абармандони саҳнаи сиёсат, сарварони кишварҳои бузурги ҷаҳон ба ақлу хирад, заковат, тамкин, истеъдоди худододи Сарвари тоҷикон, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон қоил ҳастанд ва ӯро эътирофу эҳтиром менамоянд.

Оини сарварӣ, мактаби давлатдорӣ, сиёсати ростин ва собитқадамонаи Пешвои адолатпеша ва Сарвари хирадандешаи тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар пояи қонун, адолат, мардумсолорӣ бунёд ёфта, ба манфиати Ватан, халқ, ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол равона гаштааст ва шахсияти ин фарди худодод ва беназир мавриди таваҷҷӯҳи сиёсатмадорон, муҳаққиқон, таҳлилгарон, рӯзноманигорон гаштааст.

Дар бораи корнамои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон садҳо китобу рисолаҳо, мақолаҳо шеъру достон эҷод шуданд ва боз хоҳанд навишт. Зеро Эмомалӣ Раҳмон шахсияти фавқулодда ва беназир аст. Ӯ фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, ифтихори халқи тоҷик аст. Эмомалӣ Раҳмон – Сарвари сиёсӣ, фарзанди сарсупурдаи халқ буда, хориқаи (феномени) Раҳмонӣ бемаҳдуд, нодир ва бемисл аст.

Дар радифи сиёсатшиносон, таҳлилгарон, ҷомеашиносон, рӯзноманигорон муаррихон низ дар таҳқиқу таблиғи Эмомалӣ Раҳмон чун чеҳраи маъруфи сиёсӣ ва сиёсати оқилонаву дурандешона ва созандаву бунёдкорона ӯ саҳми шоиста доранд.

Яке аз чунин муҳаққиқон ва мубаллиғони собитқадами кору пайкори Пешвои миллат ва сиёсати давронисози ӯ муаррихи тавоно ва пуркору пурмаҳсул доктори илмҳои таърих, профессор, барандаи Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғаффуров дар риштаи илм Ваҳҳоб Набиев ба шумор меравад.

Таҷрибаи фаровон ва пурсамари тӯлонӣ ҳамчун сарвари созмони ҷавонон, устоди мактаби олӣ, вазифаҳои масъули давлатӣ–мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеа (1997-2003), сарвари ду мактабҳои олии мамлакат- Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (2003-2007) ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ( 2010- 2012), аввал чун муовин ва сипас муовини аввали раиси вилояти Суғд, (2007- 2010) ва дигар вазифаҳои масъули ҷамъиятӣ, дониши фароху ҳамаҷониба дар соҳаи илмҳои гуногуни гуманитарӣ, дар симои ӯ роҳбари оқилу кордон, муҳаққиқ, муаррих ва таҳлилгари моҳирро ташаккул дода, дар зеҳну ниҳоди ӯ вусъати андешаву афкор, майдони фаррохи кору фаъолияти сиёсӣ, давлатӣ ҷамъиятӣ, илмӣ ва эҷодиро фароҳам овард ва ба ин васила самту мавзӯи пажӯҳиш ва тадқиқотҳову таълифоти илмии ӯро боз ҳам васеътар, гуногунҷабҳа, мукакммалу пурмазмунтар намуданд.

 Аз ин рӯ тадқиқотҳои профессор В. Набиев марбут ба мисоили ҷавонон, илму маориф, фарҳанг, санъат, чеҳраҳои мондагони таърих, таърихи даврони истиқлолият ва ғайра бо диду назари басо амиқ, мӯшикофона, дар пояи сарчашма ва маълумот, далели рақамҳои наву нодир ва боъэтимод таълиф шудаанд.

Доираи тадқиқоти илмии прфессор В. Набиев хеле фароху домандор ва серсоҳа буда, дар сосори илмии ӯ таърихи ҷавонони Тоҷикистон дар замони шӯравӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзилятнок ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин ӯ чун донишманд ва муаррихи соҳибтаҷриба набзи даврони навро хуб эҳсос  намуда, ҳамеша ҳамқадами замон аст ва нисбат ба масъалаҳои ҳассос ва рӯзмарраи даврони муосир бо таваҷҷӯҳ ва тадқиқотҳои илмию эҷодии олим қарор гирифтаанд.

Дар ин давра профессор В. Набиев як зумра рисолаҳо, асарҳои илмӣ – оммавӣ, маҷмӯаи мақолаҳо, аз ҷумла “ Сулҳ, Ризоият, Ваҳдат”(Хуҷанд, 2007- 164с.), “Фарҳанг ва ҷавонон”(Хуҷанд,2009-380с), “Ваҳдат- ганҷи ҷовидони миллат”, (Хуҷанд, 2012-396с), “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ поягузори сулҳу ваҳдати тоҷик” (Хуҷанд, 2012.- 30 с., бо ҳамқаламии З. Қобилов), “Президент Эмомалӣ Раҳмон ва ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон”(Хуҷанд, 2013- 47с), “ Созандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол” (Душанбе, 2013.- 310с.) “Нигоҳе ба фарҳанги миллии Тоҷикон”(Душанбе, 2013 – 408с), “Бузургони миллат дар шоҳроҳи таърих”(Хуҷанд, 2014-252с), “Аҳдномаи мутаҳидкунандаи миллат” (Хуҷанд, 2016.- 48с.) “Корномаи ҷавонони Тоҷикистон” (Хуҷанд, 2017.-296с.) “Во имя дружбы и сотрудничества:историчиский опыт участия молодежи в укрепления социально-экономических и культурных связей Таджикистана с союзными республиками (1961- 1991гг). (Хуҷанд, 2018. – 288с.)… ва ғайраро таълиф ва нашр намуда, ҳамчун муҳаққиқ ва мубаллиғи таърихи даврони истиқлолият, кору пайкори Пешвои миллат дар таҳкими дастовардҳои истиқлолият, фарҳанги сулҳофаринӣ, ваҳдати миллӣ, дӯстию ҳамдилии тамоми сокинони Тоҷикистон эътироф гардид.

Як хусусияти барҷаста ва арзиши баланди илмии тамоми тадқиқотҳои В. Набиев ва рисолаи мазкур маҳз дар таҳлилиу баррасии ҳамаҷонибаи мавзӯъ дар пояи сарчашмаҳо, далелҳо ва рақамҳои боэтимод мебошанд.

Китоби “Сиёсатмадори барҷастаи даврони нав: Маҷмӯаи асарҳо” – натиҷаи афкору андешаҳои муҳаққиқи дақиқназар ва таҳлилгаро дар мавриди таҳлилу баррасӣ ва тараннуми корнамои Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадори даврони нав буда, фарогири асарҳое мебошанд, ки таи солҳои гуногуни аз қалами эҷоди олим рӯи қоғаз омадаанд.

Тамоми мағзу мӯҳтавои асарҳои дар маҷмӯа гирдомада як андеша ва мақсадро тараннум менамоянд:

Якум, Эмомалӣ Раҳмон воқеан сиёсатмадори барҷастаи даврони нав буда, соҳиби ақлу фаросат, донишу истеъдоди нодири фитрӣ, зотӣ, модарзодӣ аст, ки ин файзу эҳсон ва баракату атои Иллоҳист ё ба истилоҳ ӯ сиёсатмадори худодод аст.

Дуюм, Эмомалӣ Раҳмон дорои азму ғайрат, кӯшишу талошҳои пайгирона, собитқадамона, ҳадафрас дар роҳи пиёдасозии мақсаду мароми худ мебошад, ки ин зода ва парвардаи ҳавсала ва завқу салиқаи хос ва усули кору пайкори ӯ чун сиёсатмадор аст.

Сеюм Эмомалӣ Раҳмон дорои ҷасорат, далерӣ, фидокорӣ, усуворӣ, дар масъалаҳои калидӣ ва усулии (принсипиалии) давлатдорӣ аст, ки ин хислатҳо ва сифатҳо маҳсули зода, парвардаи шахсияти иҷтимоӣ ё фардӣ шуда метавонад….

 Профессор В. Набиев ба маънои том олими башардӯст, интернатсионалист, таблиғгари хастанопазири дӯстӣ, бародарии тамоми сокинони Тоҷикистон аст ва асари навбатии муаллиф далели он аст. Очерку мақолаҳои он ба се забон – тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ таълиф шудаанд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки рисолаи нави муаррихи номвар, профессор В. Набиев дар амри шинохт ва муаррифии Пешвои муаззами тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хамчун сиёсатмадори барҷаста  ва муваффақи даврони нав саҳифаи нав ва сухани тоза хоҳад буд.

А.Усмонов,

 доктори илмҳои таърих, профессор

Ш. Шарифов,

номзади илмҳои таърих, дотсент

И. Ҷабборов,

номзади илмҳои таърих, дотсент.

Китоби “Эмомалӣ Раҳмон –сиёсатмадори барҷастаи даврони нав”-ро, ки соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд чоп шудааст, шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи М. Муҳаббатова.