Муаррифӣ: “Диди нави таърихию сарчашмашиносӣ ба фарҳанги мусиқии замони Сомониён”

amir-husravИн китоб соли 2020 чоп шудааст ва ҳоло хонандагон метавонанд онро дар толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Дар рисола нахустин бор ташаккул ва пешрафти ҳунар ва илми мусиқӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим ва таркибии фарҳанги мусиқии хонадону давлати муқтадиру мутамаркази Сомониён (819–1005), дар заминаи санадҳои мўътамади хаттӣ мавриди таҳқиқи сарчашмашинохтию татбиқӣ баррасӣ шудааст. Дар иртибот ба ин мавзўъ саҳми чеҳраҳои номвари мусиқии илмию амалии ин давраи заррини таърих, тамаддуни тоҷикон, мардумони Осиёи Марказӣ Абуҳафси Суғдӣ, Оловайҳи Суғдӣ, Абунасри Форобӣ, Котибии Хоразмӣ, Абуаббоси Бахтиёр, Марвони Сарахсӣ, Абулаббоси Сарахсӣ, Рўдакӣ, Ибни Сино, Абунасри Хонанда, Мударники Ноӣ, Ҳобон Чобаки Ноӣ, Алибек Танбурӣ, Ротибаи Барбатӣ ва дигарон дар муқоиса ба навиштаҳои муҳаққиқони ватанию хориҷӣ бо такя ба гузориши сарчашмаҳои таърихию адабӣ, мусиқӣ ба риштаи таҳқиқ омадааст.

Нигориши рисола кўшишу назари нави пажўҳишӣ дар шинохти арзишҳои мондагори андешавию эҷодию иҷроии мусиқии замони хонадони фарҳанговари Сомониён аст.

Муаллиф дар сарсухан таъкид мекунад, ки “замони давлатдории аввалин давлати мутамарказу миллӣ дар Варорудону Хуросон Сомониён (819–1005) аз марҳалаҳои пурарзиш ва дороӣ дар таърихи афкори иҷтимоию сиёсӣ, адабию ҳунарӣ ва илмии тоҷикон ва мардумони Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик мебошад. Нақши созандагии ин хонадони асилзодаю фарҳанговар бидуни шубҳа дар таърихи тамаддуни башарӣ дар пешбурду эҳёи рангинтарин ва шигифтангезтарин паҳлўҳои хирад, тамаддуни моддӣ, ҷаҳонкушоишҳои ақлонӣ, падидоварии диду андешаҳои давлату давлатдорӣ, наву созандаи ақлӣ, эҷодию ҳунарӣ, бунёди ҳавза, нерўҳои пажўҳишии донишӣ (илмӣ), бо диди нав рўи саҳна овардани суннатҳои волои идории давлатӣ, фарҳангсозии тоисломии ниёгони тоҷикон (мардумони эронӣ) мондагор аст. Мондагории хидмати таърихии Сомониён, ки ин раванди чашмгири бунёдкориро рўи саҳна оварданд, орӣ аз маҳдудияти миллию қавмӣ сурат гирифтааст. Кору субботи идории давлатдорию фарҳанговариашон барои сулола, хонадонҳои туркитабори садаҳои баъдии Мовароуннаҳру Хуросон, Осиёи Сағир, Ҳинд замина, намунаи барҷастаю чашмгири идории давлатию фарҳанговарӣ шуданд.

Нерўмандию худогоҳии хонадони сомонӣ дар он аст, ки диди созандакориро дар кули бахшҳои идории бонизоми давлатдорӣ, илму адаб, ҳунар, тафаккури таҳлилӣ, бардошту бахрамандии муназзами фикрӣ аз мероси мардумони мутамаддинро ( Юнони бостон, бо диди такмилӣ, таҳлилию татбиқӣ, тафсирӣ) бо тозакориҳои эътимодманди нурбахши эҷодӣ асос гузошт. Ҳамаи ин тозаҷўиҳои худогоҳӣ раванди муассире дар таҷассуми воқеоту ҳодисоти дирўзу онрўзии Хуросони бузург чашмгирона, бадеию таърихӣ густариш доданд.

Хонадони Сомониён барои мардуми Мовароуннаҳру қисми асосии Хуросон як давлат ва сохтори идории таҳаммулманду андешаи дунявиро рўи кор оварданд ва ин дар таърих давраи нубуғи фарҳанги форси тоҷикӣ–форсигўён ва мардумони дигари Осиёи Марказист. Давлати бонизом сохта, инкишоф ёфтаи Сомониён, ки танзими давлатдориро аз ниёгонашон ба мерос интихоб карда, асоси ҳамагуна навсозиҳои зеҳнӣ, фарҳангӣ – ҳунариро бо нигоҳӣ тоза ва ғаномандии маънавиётро дар марҳалаи нави таърихӣ падид оварданд. Ин худогоҳӣ ва тааммуқи васеи фарҳангофариро ин хонадон дар пояи баланди башардўстӣ, диди навини хештаншиносию садоқати беинтиҳо ва шоҳкориҳои ақлонию ҳунарии ниёгонашон, тозаҷўиҳои чашмгири зебоишиносӣ, фалсафию ахлоқӣ, донишӣ ва диду фазлгироии инсони созандакорро рўи саҳна оварданд. Ҳар фарди адабу ҳунар ва илм то тавонистанд дар бахшҳои гуногун мизонҳои таҳқиқии навинро рўи кор оварданд, сухани наву диди таҳқиқии амиқан устувори натиҷагириҳои илмиро гузоштанд. Ин сохтори идории муназзам зиёда аз 150 сол фазои сиёсӣ ва фарҳангии  Мовароуннаҳр ва Хуросон дар амну созандакории муназзам қарор дошт. Яъне, ин хонадон 150 сол мардумони ин минтақаро дар амну созандакорӣ идоравупуштибонӣ намуданд!”

Чуноне гуфтем, китоби профессор Аскаралӣ Раҷабов “Диди нави таърихию сарчашмашиносӣ ба фарҳанги мусиқии замони  Сомониён”-ро шумо, хонандагони азиз, метавонед дар толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Ин толори хониш дар ошёнаи якуми бинои Китобхонаи миллӣ ҷой гирифтааст.

Таҳияи Адибаи Фахриддин,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.