Муаррифӣ. Эмомалӣ Раҳмон: “Бист қадами созанда”
Аз таърихи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Китоби мазкур ба ифтихори ҷашни 20-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳия шуда, дар он маводҳо дар бораи таърихи таъсиси ҳизб, омилҳои илмию назариявии ташаккули он, фаъолияти амалӣ, нақши муассири ин ниҳоди сиёсӣ дар ҷомеаи тоҷик ва дигар матолиби мавриди таваҷҷуҳи алоқамандон ҷой дода шудааст. Китоби мазкур дар амалияи таърихнигории сиёсии ҳизбӣ дар даврони нави давлатсозии тоҷикон ва марҳилаи ҷадиди истиқлолияти Тоҷикистон таҷрибаи нахустин масҳуб меёбад.
Дар сарсухани китоб мехонем: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 20-сола шуд. Ин муҳлат дар ҳаёти як ҳизби сиёсӣ вақти чандон тӯлонӣ нест. Мо аз таърихи сиёсии ҷаҳон аҳзоберо медонем, ки садсолаҳо фаъолият доранд. Аммо бо вуҷуди ин, ҳизби мо мисли чашмаи мусаффоест, ки аз он садҳо ҳазор нафар то имрӯз баҳравар гашта истодааст. Самараи он пешрафти иқтисоду сиёсат, иҷтимоиёту фарҳангу варзиш, сулҳу суботи саросарӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Ҷомеаи Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ онро чун падидаи нави сиёсӣ пазируфта, ба он бовар кард ва давоми солҳое, ки истиқлоли кишвар мегузарад, боре нашудааст, ки шакку шубҳае дар ин ихлосу боварӣ роҳ ёфта бошад. Пайванди миёни ҳизб ва мардум, ҳизб ва ҷомеа на танҳо устувору побарҷост, балки он сол ба сол, давра ба давра дар ҳоли тақвияту густариш ёфтан аст.
Барои ошноии бештар бо таърихи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз шумо даъват мекунем ба матни комили китоб, ки дар шакли электронӣ пешкаш мекунем, таваҷҷуҳ намоед.
Китоб ин ҷост: “БИСТ ҚАДАМИ СОЗАНДА”.
Бунафша РАҲМОНОВА