Муаррифӣ. “Нақши Пешвои миллат дар рушди иқтисоди миллӣ”

Дар ин монографияи Сафарбек Саъдуллозода ва Фатҳулло Саъдуллозода  нақши Пешвои миллат дар рушди иқтисоди миллӣ ба таври мухтасар инъикос гардидааст. Муаллиф дар такя ба маводи дастрасшуда нақши Пешвои миллатро дар амалӣ гардидани ҳадафҳои муҳимму стратегии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст.

Дар ҳаҷми чор боб ва ҳашт зербоб раванди амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ, ки асоси рушди иқтисоди миллиро ташкил медиҳанд, нишон дода шудааст. Махсусан, раванди амалӣ гардидани масъалаҳои меҳварии иқтисоди кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти комуникатсионӣ баровардани кишвар, ба даст овардани истиқлоли энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат таҳти сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикос мегардад.

Муаллифон дар  муқаддима навиштаанд, ки айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди муносибатҳои иқтисодӣ қарор дорад. Рушди соҳаи иқтисоди кишвар дар асоси санадҳои барномавӣ, махсусан “Стартегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030роҳандозӣ гардидааст. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги табиӣ, махсусан гидроэнергетикӣ мебошад, ки ин дар ояндаи наздик боиси рушди иқтисоди кишвар мегардад. Истифодаи оқилонаи ин сарвати миллӣ метавонад имкониятҳои кишварро ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содироти кишвар  ба маротиб зиёд намояд. Ҳукумати кишвар бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои созанда, масъалаи рушди усувори соҳаи энергетикаро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. Рушди соҳаи энергетика дар кишвар боис гардид, ки пеш аз ҳама тамоми мардум ба қувваи барқӣ доимӣ таъмин гарданд ва ҳамчунин суръати фаъолият ва сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ ба маротиб афзояд. Сохтмону таҷдиди неругоҳҳои барқӣ, маркази барқу гармдиҳӣ, хатҳои интиқоли неруи барқ, ҳам фаъолияти зерсохтҳои энергетикӣ ва содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя ба таври хеле назаррас амалӣ гардид.

Муҳимтарин масъалае, ки заминаи рушди иқтисоди миллиро дар кишвар гузошт, ҳалли маҳдудиятҳои комуникатсионӣ, яъне кушодани роҳҳои мошингард, оҳану ҳавоӣ ва таъмини робита бо тамоми минтақаҳои мамлакат ва кишварҳои ҳамҷавор мебошад. Дар ин муддат аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи бунёди роҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус ва доимӣ сурат гирифт. Дар ибтидои солҳои истиқлоли давлатӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд, ки “Бояд нақбҳои бузург ва роҳҳои замонавии мошингард бунёд карда, мамлакатро ба як қаламрави воҳид табдил диҳем ва робитаҳои нақлиёти кишварамонро ба мамолики дуру наздик таъмин намоем”. Ниҳоят, ин мақсадҳои бузург амалӣ гардиду имрӯз тамоми минтақаҳои кишвар бо ҳам пайваст буда, молу маҳсулоти зарурӣ ва ниёзи мардум сари вақт ба ҷойи лозима рафта мерасад. Ҳоло тоҷирон ва соҳибкорони ватанӣ имкон доранд, ки бе монеа ба фаъолияти самаранок машғул гардида, ҷиҳати рушди иқтисоди миллӣ саҳми муносиби хешро гузоранд...

 

Хоҳишмандон китоби Сафарбек Саъдуллозода ва Фатҳулло Саъдуллозода “Нақши Пешвои миллат дар рушди иқтисоди миллӣ”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Марзия Зардодхонова,

корманди Медиатекаи Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон.