Муаррифӣ: С.Ятимов “Асарҳо”
Ин китоб омўзиши масъалаҳои ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва маданияти сиёсии шаҳрвандонро дар муносибат бо манфиатҳои миллӣ, инчунин таҳлилҳои стратегӣ ва равандҳои ояндабинии сиёсӣ дар бар мегирад.
Ба кормандони масъули мақомоти ҳокимияти давлатӣ, зиёиён, донишҷўён,ҷавонон ва оммаи васеи хонандагон тавсия шудааст.
Муаллиф дар сарсухан овардааст, ки вазифаи бунёдии инсон донистани табиати худи инсон ва манфиати он, шароити дохилӣ ва беруние аст, ки дар он рушд меёбад ва ба камол мерасад.
Барои илм инсон аз муҳимтарин масъалаҳои омўзиш ва таҳқиқ аст. Ҳарф сари омўзиши танҳо фард намеравад. Инсонро ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ-таърихӣ, маданӣ, интеллектуалӣ набояд камтар аз дараҷаи илмҳои табиӣ нисбати худи инсон омўхт.
Мавҷуди лоиқи тафаккур-инсон ягона офаридаи табиат мебошад, ки таҷрибаи гузаштаро метавонад омўзад, аз насл ба насл расонад, ба инобат гирад ва аз он самаранок истифода намояд, то аз иштибоҳоти таърихӣ худ ва миллати хешро эмин нигоҳ дорад. Дар ин самт муҳити маънавӣ, албатта, нақши ҳаётан муҳим мебозад. Тасаввуроти аслӣ дар бораи бунёди Ватан, Миллат, Давлати миллӣ дар заминаи ҳамин навъ дарки олам – орзуи мансубият ба сарзамини муқаддас ва ҷамъияти аз нигоҳи маънавӣ дар сатҳи баланд қарордошта, урфу одати ба худ хос ва ирсияти таърихан такомулёфтаи хеш пайдо шудааст. Аз чунин бархўрди эътирофи мансубияти моддӣ ва маънавӣ инсон кўшидааст, ки дар ҳамбастагӣ ва якдилӣ диёри хешро дар амн, сулҳу суббот ва рушду камол бинад.
Ватан, Миллат, Давлати миллӣ мафҳумҳои материалӣ ва мушаххас мебошанд. Аз ҷиҳати арзишмандӣ ин истилоҳот муродиф ва ё мафҳумҳои баробарвазн дошта наметавонанд. Таҷрибаи тахрихӣ ҳамин ҳақиқатро ба таври куллӣ собит кардааст.
Ватан ва Миллат зуҳуроти абстракт ва туҳфаи осмонӣ нестанд. Ватан ва Миллат воқеан натиҷаи фаъолиятмандии иҷтимоӣ ва заҳмати абармардони миллат дар тӯли ҳазорсолаҳост.
Дар хотир доштан, омўхтан, таҳқиқ намудан, бахогузории ҳақиқатан илмӣ кардан ва хулосаи баробар ба воқеият бардоштан аз фоҷиаи миллати тоҷик фақат дар солҳои навадуми асри ХХ барои ҳазор соли оянда мисоли басанда аст. Наслҳои имрўза ва оянда нисбати бузургоне, ки барои ҳимояи ягонагии сарзамини аҷдодӣ, сарҷамъ кардани Миллат, рушду тараққӣ ва ба ин поя расонидани диёри хеш ҷоннисориҳо кардаанд, Ватани хешро дар дунё сарбаланд ва мардуми ин сарзаминро арҷманд гардонидаанд, абадан сипосгузор мебошанд.
Назари қавӣ он аст, ки мавҷудият ва ифодакунандаи мафҳумҳои Ватан, Миллат, Давлати миллӣ чӣ андоза арзишманд бошанд, баробарвазн ба он таҳдидҳо вуҷуд доранд. Ин воқеияти одист. Ва бояд барои ҳамагон фаҳмо бошад. Бо худдорӣ кардан аз таснифи ин қабил хатарҳо зарур аст хотирнишон нашуд, ки сахттарин чунин таҳдид ба ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ҳувияти миллӣ нигаронида шудааст. Агар рақиб муяссар ба он гардад, ки бо кули имконоти системавие, ки дар набард ва рақобати байни миллатҳо ба кор бурда мешавад, ғолибият пайдо кунад, зарурати истифодаи лашкар, яроқу аслиҳа аз беруни мамлакат нахоҳад монд. Дар ин ҳолат ҳатто қувваҳои интеллектуалии зиддимиллие пайдо мешаванд, ки мавҷудияти миллат ва давлати миллии хешро таҳти ҳар гуна шиор зери суол мебаранд. Дар мусобиқа ва набарди манфиатҳои миллии оилаи бузурги милатҳо аз ин дида нерумандтар, муассиртар барои душман ниҳоят хушоянд, камхарч, осон, дастрас дигар қувва вуҷуд нахоҳад дошт.
Барои суботи сиёсӣ ва рушди миллӣ муҳим он аст, ки одамон роҳ, усул, методҳо, шакл, мантиқ ва маънии аъмоли қувваҳоеро, ки дар муборизаҳои зидди манфиати миллӣ бошуурона ва ё бешуурона ширкат меварзанд, фаҳманд. Донанд, ки киҳо «дар либоси фақр кори аҳли хиват мекунанд», кадом касе «дар камин интизори вақти фурсат мекашад», киҳо «ҳофизанд дар маҷлисе, дурдикашанд дар маҳфиле» шиорнависони паси парда, манфиати кӣ, кадом гурўҳеро пеша мекунанд, кистанд, ки ба доми «тири бало афтодаанд»? (таъбирҳо аз Ҳофиз – С.Я.). Аммо дар ҳама ҳолат системаи ҷаҳонбиниҳои ватанхоҳона бояд дар фикри ба маҷрои аслӣ бозгардонидани фарзандони раҳгумзадаи хеш дар доираи манфиатҳои марзу буми аҷдодӣ бошад. Чунки ғайр аз миллати тоҷик дар дунё дигар шахсе пайдо намешавад, ки худро монанд ба ин миллат нишон бидиҳад, ба нафъи он ҷонсупор бошад.
Хулласи калом, сухан дар бораи идеология ва манфиатҳои миллӣ меравад. Зарурати таснифи китоби мазкур муколама бо зиёиён, олимон, алалхусус ҷавонон ва шахсоне мебошад, ки ҳар рўз бо васоити ахбори умуми дохилӣ, хориҷӣ ва ташкилоти гуногун сару кор доранд, ки нақшаи онҳо таъсиррасонии мақсаднок ба ҷаҳонбинии ҳамватанони мо мебошад.
“Асарҳо”-и Саймумин Ятимовро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунед.
Таҳияи Азиза Иноятова