Муаррифӣ. Шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон

Шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагонШуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон яке аз шуъбаҳои калонтарини Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар асосӣ  сохтори  Китобхонаи миллӣ, тибқи «Оиннома» ва «Низомнома»-и шуъба фаъолият мекунад.

Шуъба дорои толори хониши умумӣ, толори тиб ва табиатшиносӣ, толори ҳуқуқ ва фалсафа, толорҳо барои озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи донои китоб аст», «Тоҷикон–оинаи таърихи миллат» ва ин толорҳо дар умум дорои 610 ҷойи нишаст мебошанд.

Фаъолияти шуъба аз соли 1933 оғоз гардида, то инҷониб ба садҳо ҳазор донишҷўёну донишпажӯҳон хидмат расондааст.

Шуъба дорои фонди  ёрирасон буда, дар он зиёда аз 66406 нусха китоб нигаҳдорӣ мешавад ва ин китобҳо мутааллиқ ба соҳаҳои мухталифи илмӣ- оммавӣ, бадеӣ бо  забонҳои тоҷикӣ, русӣ мебошанд.

Фаъолияти шуъба бо дигар шуъбаҳо аз қабили феҳристнигорӣ, нигаҳдории китоб алоқаи зич дорад.

Самтҳои асосии фаъолияти шуъба иборатанд аз:

  • Қонеъ намудани дархости истифодабарандагон;
  • Такмили адабиёт;
  • Гузаронидани чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангӣ;
  • Корҳои библиографӣ.

Бояд зикр намуд, ки қонеъ намудани дархости  истифодабарандагон аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон ба шумор меравад, ки ҳамарӯза хонандагон аз хидматрасонии толорҳои  хониши шуъба истифода мебаранд.

Хонандагони мо метавонанд аз фонди шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон китобҳои зеринро дастрас кунанд. Аз ҷумла:

  • Китобҳо дар мавзуъҳои мухталиф;
  • Китобҳои дарсӣ;
  • Адабиёти бадеӣ;
  • Фарҳанг ва луғатномаҳо;
  • Донишномаҳо ва ғайра.

Барои ҷалб ва рўнамоии фонди шуъбаи мо  гўшаи  намоиши китоб ташкил карда шудааст, ки ҳамарӯза меҳмони зиёди дохиливу хориҷӣ бо он ошноӣ пайдо намуда, ба фаъолияти шуъба ва дастовардҳои Китобхонаи миллӣ шинос мешаванд.

Шуъба ҳамарӯза аз соати 800 то 2000 ва рўзҳои шанбеву якшанбе аз соати 800 то 1900 ба хонандагон хидмат мерасонад.

Дар шуъба кормандони  соҳибтаҷриба фаъолият доранд, ки ба хонандагон дар сатҳи баланд хидмат мерасонанд.

Сардори шуъбаи хизматрасонӣ
ба истифодабарандагон:
М. Сатторов