Муаррифӣ: “Забон ва ҳувияти миллӣ”
Матолиби ин китоб, ки соли 2018 чоп шудааст, фарогири масоили марбут ба вазъи имрӯзаву дурнамои забони тоҷикӣ, мақому манзалати он дар тамаддуну фарҳанги миллӣ, хидматҳои мондагори Қаҳрамонҳои Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва устод Садриддин Айнӣ дар ҳимоя ва таҳкими забони давлатӣ мебошад.
Дар сарсухани муҳаррири китоб Қурбоалӣ Раҳмонзода аз ҷумла омадааст: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид медоранд: “Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст”
Воқеан, аз ҳама фоҷиаҳои бузурги таърихи дар ҳазор соли бедавлатӣ танҳо забон, забони ноби шеъру илму фарҳангамон миллатро зинда нигоҳ дошт, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба эҳёву таҳкими забони тоҷикӣ тамоми шароитро ба вуҷуд овард.
Маҳз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо раҳондани миллат аз вартаи нестӣ ба пойдориву таҳкими забони давлатӣ таваҷҷуҳи махсус махсус зоҳир намуданд. Аз нахустин рӯзҳои фаъолияташон таъкид доштанд: “Забони миллӣ симо ва пайкари миллат мебошад”.
Эълони озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар соли рафта, албатта дар партави сиёсати фарҳангии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.
Тавре, ки интизор будем, дар он олимону адибон, публитсистону журналистони касбӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба эҷод алоқаманд буданд, ширкати фаъол доштанд. Ин навиштаҳо фарогири масоили марбут ба вазъи имрӯза ва дурнамои забони тоҷикӣ, мақому манзалати забон дар тамаддуну фарҳанги миллӣ, хидматҳои нотакрору мондагори қаҳрамонҳои Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва устод Садриддин Айнӣ дар ҳимоя ва таҳкими забони давлатӣ буданд. Ҷамъбасти озмун дар ноҳияи Айнӣ бо шукӯҳ баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад пешниҳод шуд, ки маводҳои озмуниро дар шакли китоби алоҳида дастраси хонандагон ва дӯстдорону алоқамандони забону фарҳанги миллӣ бинамоем. Андешаву таассуроти бархе аз иштирокчиёни ҷамъомадро, ки дар рӯзномаи ҳамон замон ба табъ расонда буданд, дар ин китоб ҷой додем.
Вобаста ба мазмуну мундариҷа ва тарзи нигориши матлабҳо ва касбҳои муаллифашон зарурат ба вуҷуд омад, ки онҳоро ба бобҳои алоҳидаву фарқкунанда ҷудо бинамоем.
Ҳамчунин, ба мақсад наздик донистем чанд шеъри ба ин мавзуъ бахшидашударо, ки муаллифонашон иштирокдорони ин маҳфили бошукӯҳ буданд, ба василаи ин китоб пешкаши хонандагони гиромиқадр бикунем.
Китоби “Забон ва ҳувияти миллӣ”-ро
хонандагон метавонанд дар
Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Таҳияи Мунира САИДБЕКОВА