Муарррифии китобномаи шарҳиҳолии профессор Шоҳзамон Раҳмон
Дар Китобхонаи миллӣ рӯнамоии осорномаи доктори илмҳои филологӣ, профессор Шоҳзамон Раҳмон доир гардид.
Маҳфилро муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода оғоз бахшида, иброз намуд, ки заҳмати профессор Шоҳзамон Раҳмон дар навиштани китоб беандоз аст. Муовини директори Китобхонаи миллӣ дар бораи роҳи пурпечутоби олими маъруф дар илм ҳарф зад ва гуфт, бо заҳмати ҳамкоронамон аз шуъбаи библиографияи миллӣ ҳоло китобномаи олими пуркору заҳматшкаш мунташир шудааст, ки дастури хубест барои пажӯҳишгарони осори олими шинохта.
Дар рўнамоӣ профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Аламхон Кўчарзода, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Нурмаҳмад Одинаев, ходими пешбари илмии Иниститути забон адабиёти ба номи А. Рўдакии АМИТ Солеҳҷон Солеҳов, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Зариф Ғулом, олими шинохтаи соҳаи китобдорӣ Ҷурабой Раҷабов, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ фаъолияти илмӣ ва эҷодиёти олими адабиётшинос, муҳақиқ ва адиб Шоҳзамон Раҳмонро аз соли 1966 то охири соли 2021 дар бар гирифтааст.
Ў, ки дар ин ин нишаст ҳузур ва суханронӣ намуд, аз директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода, ки ин маҷмуа зери назари ў таҳия шудааст, изҳори сипос намуд. Шоҳзамон Раҳмон гуфт, ки таҳияи чунин китоб кори осон нест, ҳар нуқтаву вергулашро ҷо ба ҷо гузоштан заҳмати зиёд металабад.
Дар идома ў таърихи навиштани як асарашро қисса намуд:
Вақте аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикстон шудам, дўстону ҳаммактабҳо дар Шаҳритус ба муборокбодиям омаданд. «Агар ягон чӣ навиштанӣ бошӣ, моро фаромўш накун», гуфтанд. Доир ба Зарафшон, Бадахшон, Хатлон китобҳо нашр шудаанду дар бораи Қубодиён не. Дар ҳоле, ки сарсилсилаи шоҳони Каёнӣ шоҳ Қубод аз ҳамон ҷо рўйидааст. Дар он ҷо ёдгориҳои таърихӣ басо зиёданд, ман онҳоро ҳисоб кардам бештар аз 150 буданд. Ёдгориҳои қадимӣ аз замони Каёнӣ мондааст. Ин боис гардид, ки Қубодиёнро ба мардум муаррифӣ намоям. Бостоншиносон сад сол омада Қубодиёнро паҳужиш намуда, натиҷаи омўзишашонро дар Маскаву дигар кишварҳо нашр менамуданд, аммо мо бехабар будем. Асарҳои онҳо ва дигар сарчашмаҳои мавҷудро хонда доир ба Қубодиён ва шаҳрҳои он китоб навиштам.
Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Аламхон Кўчарзода иброз дошт, ки дар ин китоб шеърҳо, латифаҳо, ҳикояҳои профессор Шоҳзамон Раҳмон низ гирдоварӣ шудаанд. Мавузи аввалин китобаш байт ва муносибати он дар шеър буд. Дар ин китоби шарҳиҳолии ў зиёда аз 500 мақола ва бештар аз 29 китоб фароҳам омадаанд. Ин феҳрист барои хонанда бисёр муҳим аст, аз он иттилои муҳиму дақиқ пайдо мекунад. Як асари Шоҳзамони Раҳмонро дар Канада Асадуллоҳи Шукур дар як маҷалла бо ҳуруфи форсӣ нашр кард.
Ба андешаи Шарифҷон Комилзода, муҳаррири масъули маҷаллаи «Паёми Китобхонаи миллӣ» барои таҳия шудани ин осорномаи комил асарҳои эҷодкардаи устод шароит муҳайё сохт. Аз нигоҳи ҳаҷм низ мутобиқ ба талаботи илми китобноманигории тоҷик таҳия шуда аст. Аз нигоҳи банду баст, гурўҳбандӣ ва умуман инъикоси воқеа олим дар асараш заҳмати зиёд кашидааст. Тавассути ин асари библиографӣ метавонем олимро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем, чун асари библиографӣ шаҳодатномаи олим аст.
Шоири шинохта Зариф Ғулом дар арафаи Ваҳдати миллӣ баргузор гардидани рўнамоии китоби ин олими пуркорро дар он донист, ки худи Шоҳзамон Раҳмон фарзанди ваҳдат аст.
-Бубинед, ки дар ин маҳфил намояндагони минтақаҳои гуногуни кишвар ҳузур доранд. Аз он мефахрам, ки дар ҳамин китоб як мақолаи ман ҷой дода шудааст. Устодро бештар аз 10 сол мешиносем, дўсти содиқ ҳастем. Чун барои 75 -солагиашон мақола менавиштам, номгўи мақолаҳошонро ба ман доданд. Вақте номгўро дидам, ҳуш аз сарам парид: 350 адад мақола! Китобҳояшонро намегўям,зеро онҳо беҳисобанд.
Дар рўнамиоӣ зикр гардид, ки китобҳои навиштаи Шоҳзамон Раҳмон китобҳои рўимизии забоншиносону адабиётшиносон ҳастанд. Зеро ў солиёни зиёд дар кафедраи забонҳои Донишгоҳи техникӣ ба номи Муҳаммад Осимӣ аз фанни забон ба шогирдон дарс медод. «Маърифати забон» яке аз китобҳои рўимизии забоншиносон аст. Дар риштаи таърих низ кори арзандае ба сомон расонд «Тахти сангин» асарҳои мондагори устод ба шумор меояд. Дар риштаи фолклоршиносӣ низ дасти боло дорад. Соли 2020 китобчае бо номи «Анъана ва ҷашну маросимҳои ориёӣ» нашр намуд.
Ёдрас мешавем, ки Шоҳзамон Раҳмон мудири шуъбаи адабиёти муосири тоҷики Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессори кафедраи забонҳои тоҷикию русии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, узви Иттифоқи нависандагону Иттиҳоди журналистони ҷумҳурӣ, дорандаи ордени «Дўстӣ», барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода аст.
Дар китоби шарҳиҳолии «Профессор Шоҳзамон Абдуқодирович Раҳмонов», ки бо ташаббуси шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи миллӣ таҳия ва нашр шуд, паҳлуҳои мухталифи фаъолияти илмӣ ва таҳқиқоту пажуҳишҳои анҷомдодаи Шоҳзамон Раҳмон инъикос гардидааст. Кулли маводи ба табъ расида бори нахуст дар ин китоб ворид шуда, мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.
Мураттиби китоб Ҷўрабой Раҷабов, муҳаррирон Абдуғанӣ Раҳмонов, Наргис Валиева ва пажўҳишгарони библиографӣ Парвина Раҷабова, Малика Раҳмонова ва Ҷамила Раҳмонова мебошад.
Раҳима АЪЗАМ,
шуъбаи матбуот
ва робита бо ҷомеа.