Муҳаммад Мусо бини Хоразмӣ-яке аз асосгузорони Алгебра ва мафҳуми “Алгоритм”
Давраи таърихии аз асри IХ сар карда, то асри ХV, Осиёи Миёна ба маркази илми ҷаҳонӣ табдил ёфт. Ин сарзамин дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ нақши муҳим бозида ба ҷаҳониён як зумра олимони номиро ҳадя кардааст. Азбаски дар он замон Осиёи Миёна ба ҳайати Хилофати араб дохил буд, қариб ҳамаи олимон корҳои илмии хешро бо забони давлатии Хилофат- забони арабӣ эҷод мекарданд.
Маҳз корҳои илмии онҳо дар паҳн гаштану инкишоф ёфтани илм дар Аврупо дар Шарқи Наздик ва Шарқи Миёна нақши муҳим гузоштаанд. Яке аз чун(780-850)
ин нобиғаҳо Муҳаммад Мусо бини Хоразмӣ (780-850) мебошад. Ў дар шаҳри Хива, пойтахтӣ давлати Хоразм қариби соли 800-уми солшумории милодӣ таваллуд ёфтааст. Қисми зиёди умри бобаракати хешро Муҳаммад бини Мусо (ал-Хоразмӣ) дар давраи ҳукумронии халифаи Боғдод Маъмун ва дар дарбори ў гузаронид. Халифа Маъмун дар маркази илмии “Хонаи ҳикмат”- и худ олимони машҳури он замонро гирд оварда буд ва онҳоро сарпарастӣ мекард. Ал-Хоразмӣ дар ин маҳзани илму маърифат доир ба математика ва нуҷум асарҳои сершумор эҷод намуд. Дар таърихи илми ҷаҳонӣ Мухаммад ал-Хоразмӣ, махсусан, бо асари оламшумули хеш дар соҳаи математика “Дар бораи ададҳо ва амалҳо бо онҳо” нақши арзанда гузоштааст. Ин асар дар асри ХII аз арабӣ бо забони лотинӣ гардонида шудааст. Бо шарофати ин тарҷума олимони аврупоӣ бори нахуст бо тарзи ҳисоби ҳиндӣ-арабӣ шинос шуда, дар бораи системаи даҳии ҳисоб, ки ҳоло дар олам бо номи системаи ҳисоби даҳӣ маъмул аст, ошноӣ пайдо карданд.
Аз ҳамон давра сар карда, “рақамҳои” арабӣ ба хазинаи маърифати аврупоӣ ва математикаи ҷаҳонӣ ворид гардиданд ва ҳоло ҳам дар истифода қарор доранд.
Асари дигари машҳури ал-Хоразмӣ китоби дарсии математика буда, бо номи “Китаб ал-ҷабр вал муқобала” машҳур аст. Вай соли 830 навишта шуда, асосан ҳалли муодилаҳои хаттии дараҷаи як ва муодилаҳои дараҷаи дуро дарбар мегирад. Ў дар ин китоб мисолу масъалаҳои сершуморро аз ҳаёти он давра овардааст. Мисолу масъалаҳои ал-Хоразмӣ додугирифт дар савдо, тақсимоти мерос ва ғайраро дарбар мегирифтанд. Методи ҳалли муодилаҳо, ки аз он Муҳаммад Хоразмӣ истифода бурдааст аз ду амал иборат будааст. Амали якумро олим “ал-ҷабр” номидааст, ки маънояш барқароркунӣ мебошад. Вай аз он иборат аст, ки бо тарзи ба ҳар ду тарафи муодила ҷамъ кардани узви мусбат ҷамъшавандаи манфиро аз як тарафи муодила ба тарафи дигари он гузаронидан мумкин аст. Амали дуюм “вал-муқобала” номида шудааст. Яъне муқобилгузорӣ, ки ба ихтисори ҷамъшавандаҳои муқобил меорад, вале тавре ки пас аз иҷрои он бузургиҳои манфӣ ҳосил нашаванд.
МАНБАЪ: Китоби Асадулло Шарифзода ва Алишер Раҳимзода “Зиёда аз сад математики муваффақ”. Душанбе, соли 2025.
Ин китобро хоҳишмандон метавоннад дар толори хониши шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ бихонанд.
Таҳияи Шоҳида Сайдаҳмадова,
мутахассис пешбари шуъбаи
адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ
ва илмҳои дақиқ