Муҳаммадқул Ҳазратқулов: «Ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ»
Дар ҳошияи таъкидҳои Пешвои миллат дар паёми имсола, ҷиҳати бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ.
Дар доираи сиёсати фарҳангии давлат ва ба ифтихори «Соли тамаддуни ориёӣ», ки бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2003 эълон гардида буд, китоби илмӣ-оммавии доктори илмҳои фалсафа Муҳаммадқул Ҳазратқулов таҳти унвони «Ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ» (Душанбе, с.2006. 50-саҳ.) ба нашр расидааст, ки аз 578 саҳифа иборат мебошад. Ба он 4 боб, пешгуфтор, муқаддима, хулоса ва рӯйхати адабиёт шомил буда, фарогири марҳилаҳои гуногуни таърихи ориёиҳо аз давраи то таърих то аҳди ислом мебошад.
Ҳамзамон дар паёми имсола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «…ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода мешавад, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд…»
Ин асар аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти фалсафа таҳия шуда, яке аз корҳои муҳими илмӣ дар самти худшиносии миллӣ арзёбӣ мегардад.
Ба иттилои муаллиф, таърихи тамаддуни ориёӣ беш аз 5000 сол-ро дар бар гирифта, решаҳои он то давраи неолит (ҳазораҳои III-II пеш аз милод) мерасад. Дар асар таъкид мешавад, ки қабилаҳои ориёӣ аз минтақаҳои Евразия, аз ҷумла атрофи Урал ва кӯли Арал, ба Осиёи Марказӣ кӯчида, баъдан ба самтҳои гуногун – Эрони Ғарбӣ, Ҳиндустон ва Осиёи Хурд муҳоҷират кардаанд.
Муаллиф нишон медиҳад, ки як шохаи ориёиҳо дар соҳилҳои рӯдхонаи Корун дар Эрон муқимӣ шуда, гурӯҳи дигар ба ҳавзаи Ҳинду Ганг рафта, қисми сеюм дар Осиёи Хурд давлати мутамаркази Хетиро ташкил додаанд. Ин равандҳо, ба гуфтаи муҳаққиқ, заминаи ташаккули тамаддунҳои бузурги минтақа ва ҷаҳон гардидаанд.
Дар китоб ҳамчунин таъкид мешавад, ки тамаддуни ориёӣ дар радифи тамаддунҳои қадимаи ҷаҳон, аз ҷумла Миср ва Байнаннаҳрайн (Шумер, Бобил, Ошур), ташаккул ёфта, дар тӯли таърих ба тамаддунҳои Осиё ва Аврупо таъсири амиқ расонидааст. Муаллиф равшан месозад, ки ҳавзаҳои Ҷайҳун ва Сайҳун яке аз марказҳои асосии бархӯрду ҳамгироии фарҳангҳо будаанд.
Яке аз вижагиҳои муҳими асар фарогирии паҳнои мавзӯъҳост. Масалан, танҳо бахши «Таърихи сиёсии ориёиҳо» 56 саҳифа (101–157), «Тамаддуни ориёӣ» 53 саҳифа (157–210) ва бахшҳои марбут ба оини зардуштӣ ва ҷаҳоншиносӣ беш аз 200 саҳифа-ро ташкил медиҳанд. Ин нишон медиҳад, ки муаллиф ба таҳлили масъалаҳои динӣ, фалсафӣ ва ахлоқии ориёиҳо аҳамияти махсус додааст.
Коршиносон бар онанд, ки чунин тадқиқотҳо дар шароити истиқлоли давлатӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ аҳаммияти калидӣ доранд. Дар китоб зикр мешавад, ки анъанаҳои давлатдории тоҷикон аз давраҳои Пешдодиён ва Каёниён оғоз ёфта, дар аҳди Ҳахоманишиён, Портҳо, Сосониён ва махсусан Сомониён ба авҷи худ расидаанд.
Ба гуфтаи муаллиф, омӯзиши тамаддуни ориёӣ имкон медиҳад, ки равандҳои таърихии ташаккули фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва давлатдории ниёгон бо далелҳои илмӣ барқарор карда шаванд. Ин раванд, ба таъкиди ӯ, барои рушди минбаъдаи ҷомеаи муосири тоҷикон низ заминаи устувор фароҳам меорад.
ТАВСИЯҲО:
Китоби «Ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ» имрӯз ҳамчун яке аз манбаи муҳим дар соҳаи ориёишиносӣ арзёбӣ гардида, барои доираи васеи хонандагон, аз донишҷӯён то муҳаққиқон пешниҳод шудааст.
Омӯзиши «тамаддуни ориёӣ» бояд ба низоми таҳсилот ворид гардида, дар мактабҳо ва донишгоҳҳо ба таври илмӣ таълим дода шавад! Ин иқдом худшиносии миллӣ ва дарки дурусти таърихи ниёгонро тақвият мебахшад.
Таҳияи:
Муҳаммад Сафаров, муовини сардори Маркази «Тоҷикшиносӣ», номзади илмҳои педагогӣ,
Нодира Асророва, сармутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ».