Муҳаммаддовуд Саломиён: “Вижагиҳои луғавӣ ва маъноии забони ғазалиёти шоирони асрҳои Xll-XlV”

Китоби мазкур, ки соли 2020 чоп шудааст ва муаллиф онро ба мушовири илмии худ, профессор Мукаррама Набиевна Қосимова эҳдо кардааст, вижагиҳои луғавию маъноии забони ғазалиёти шоирони асрҳои XllXlV адабиёти тоҷикро фаро гирифта, дар он доираю дараҷаи истифодаи категорияҳои маъноию луғавӣ чун вожаҳои якмаъною сермаъно, муродифот, антонимҳо, омонимҳо ва мавқеи ифодаи онҳо дар ғазалиёти шоирони асрҳои мазкур ба риштаи таҳлилу таҳкиқ кашида шудааст.

Муаллиф дар асоси маводи гирдоварда аз забони ғазалиёти шоирони асрҳои Xll-XlV ва таҳлилу баррасии онҳо доир ба ифодаи маъноии вожаҳо дар занҷираи луғавии забон, баъзе вижагиҳои услубӣ ва ҳунари суханшиносию суханофаринии эҷодкорони ғазал андешаҳои ҷолибе баён кардааст.

Рисола барои муҳақкикони забоншинос, унвончўён,  докторантон ва доираи васеи хонандонгону алоқамондони шеъри тоҷикӣ пешбинӣ шудааст.

Дар муқаддима муаллиф навоварии таҳқиқоти худро дар он дидааст, ки категорияҳои лексикии якмаъноию сермаъноӣ, муродифот, антоним ва омонимҳо тахкиқ гардида, ҷанбаҳои инфиродӣ ва вижагиҳои ҳунарии шоирон дар истифодаи категорияҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Категорияҳи лексикии якмаъноию сермаъноӣ, синониму омоним ва антонимҳо бо вуҷуди мавриди баҳси васеи илмӣ қарор доштанашон дар кори таҳқиқотии мазкур бо диди нав ва дар асоси дастовардҳои тозаи илмӣ таҳлил гардидаанд. Бояд зикр кард, ки ин мафҳумҳои луғавӣ дар баробари категория будан дар забони осори манзум барои муайян кардани вижагии забони шеър ва ҳунару истеъдоди ҳар як суханвар мусоидат менамоянд. Ҳамчунин доир ба иштибоҳу ғалатҳое, ки дар баъзе таҳқиқотҳои лексикию маъноии забони осори бархе аз муҳаққиқон роҳ ёфтааст, то андозае рўшанӣ андохта шуд.

Таҳқиқоти мазкур мавҷудияти забони назми тоҷикиро тақвият бахшида, дар асоси маводи таҳлилшуда маълум менамояд, ки он дорои категорияҳои махсус ва вазифаҳои муайяни лингвистию эстетикӣ аст. Дастовардҳои илмии ин таҳқиқот дар ҳалли як қатор масоили назариявии лексикӣ, лексикию семантикӣ, услубӣ ва услубҳои фардӣ-эҷодии шоирони алоҳида мусоидат менамоянд. Хамчунин муқоисаи маводи таҳлилгардида барои муайян кардани раванди инкишофи маънои калимаҳо дар давраҳои гуногун аҳамияти илмию амалӣ дорад. Низоми муайянгардидаи таҳлили забони ғазал барои таҳқиқоти минбаъдаи илмию назариявӣ дар ин самт метавонад ҳамчун асос ва замина хидмат намояд.

Китоби Муҳаммаддовуд Саломиён Вижагиҳои луғавӣ ва маъноии забони ғазалиёти шоирони асрҳои Xll-XlVдар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад

Ҷамила Гирдакова,
сармутахассиси маркази забони точикӣ
ва омўзиши забонҳои хориҷӣ.