Муҳиддин Пайшанбезода: Пешвои миллат – Президенти мардумӣ

Пешвои миллатро Президенти мардумӣ меноманд ва ин асоси воқеӣ дорад, зеро тамоми ташаббусҳои ин марди бузург аз орзуву омол ва иродаву дили мардум сарчашма мегиранд. Дар яке аз сафарҳои кории Ҷаноби Олӣ ба як ноҳияи дурдасти кўҳистон ҳангоми фуруди чархбол пиразане бо набераҳояш ҷурғот дар даст ба пешвози Пешвои миллат мебарояд.

Ҷаноби Олӣ аз пиразан мепурсад, ки барояш чӣ хидмате анҷом диҳад. Пиразан ба Пешвои миллат дуо дода мегўяд, ки ба ман ягон хидмат даркор нест, вале ман мехоҳам, ки набераҳоям аз кўҳистон бароянду соҳиби маълумот шаванд. Вақте, ки чархбол боло мешавад Пешвои миллат ба андеша фурў меравад ва баъди чанде идеяи квотаи президентиро ба масъулон пешниҳод менамояд.

Хушбахтона дар тули солиёни зиёд ҳазорҳо духтарон аз деҳоти дурдасти кўҳистон бо ин иқдоми хайри Пешвои миллат соҳиби маълумот гардиданд.

Пешвои миллат аз байни халқ баромадаву бо дуои халқ сарвар шуда ва ҳамеша талош ба сўи халқ дорад. Муовини онвақтаи раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов накл мекунад, ки боре дар солҳои вазнин Пешвои миллат бо фаъолони ноҳияи Роштқалъа дар толор  мулоқот доштанд. Вақте ки Роҳбари давлат вориди толор шуда, мулоқот оғоз шуд, хабар расид, ки дар берун мардуми зиёд ҷамъ шудааст. Пешвои миллат ҳамон лаҳза фаъолонро аз ҷой хезонданд ва мо ҳама берун баромадем.

Мардум Пешвои миллатро бо кафкўбӣ ва муҳаббати беандоза пешвоз гирифт. Сарвари давлат болои зинапояи шикаста баромада ончунон суханони самимона гуфтанд, ки издиҳоми халқ то дер майдонро тарк накард. Чунин амалҳои мардумона Пешвои миллатро маҳбуби халқ гардондааст.

Бузургии дигаре, ки аз сиришти поки Пешвои миллат сарчашма мегирад, ин дастгирӣ ва кумак ба ятимону бепарасторон мебошад. Бо дастури Сарвари давлат дар остонаи тамоми ҷашнҳо ба ин табақаи ниёзманд кумаки моддӣ расонда мешавад. Роҳбари давлат худашон аз сағирахонаҳову интернатҳо дидан мекунанд ва ятимонро ба оғӯш мегиранд. Барои ин халқ дўсташ медорад, зеро ба қавли Саъдии бузург:

Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,

Боз созад ҷаннати дарбастаро.

Ҳолдонҳо ҳикоят мекунанд, ки яке аз котибони якуми Ҳизби коммунисти шаҳри Хоруғро бо ҷурми хатна кардани писарчааш чун куҳнапараст аз вазифа сабукдўш карданд. Замона чунин буд. Бубинед, ки имрўз Пешвои миллат дастур додаанд, ки фарзандони табақаҳои камбизоат аз ҳисоби давлат хатна карда шаванд.

(Порча аз мақола)

Муҳиддин Пайшанбезода, Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

Манбаъ: “Ҷасорати бузурги Пешвои миллат”, Душанбе, 2021

Таҳияи Дилрабо Салимова
мутахассиси пешбари
Медиатекаи Президентӣ