Мухтасар дар бораи як намоиши китоб дар ошёнаи аввали Китобхонаи миллӣ

Аз ҷониби кормандони шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон намоиши китобҳо таҳти унвони «Унсурҳои муътабари мероси фарҳанги халқи тоҷик, ки ба феҳристи ғайримоддии башарият шомил шудаанд» ташкил карда шудааст, ки ҳамарўза аз он садҳо нафар аз ҷумлаи меҳмонон ва хонандагони Китобхона дидан мекунанд.

Бояд ёдовар шуд, ки 6 апрели соли 1993 Тоҷикистон ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) пазируфта шуд. Аз лаҳзаи аъзо шудан ба Созмони мазкур ҳамкориҳои судманд ва гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва ЮНЕСКО самаранок вусъат ёфт. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли ЮНЕСКО буда, лоиҳаҳои гуногунро дар самтҳои фарҳанг, илм ва маориф таҳияву пешбарӣ менамояд ва дар ҳифзу тарғиб намудани мероси фарҳангӣ ва табии умумиҷаҳонӣ  саҳми арзанда дорад.

Китобҳое, ки дар ин намоиши китоб ҷамъ оварда шудаанд, ҳам агӣ дар ҳамин м авзуъ мебошад. Аз ҷумла:

Аслиддин Низомӣ, «Таърих ва назарияи Шашмақом. – Душанбе: «Адиб», 2006. 504с.

Китоби мазкур – аввалин таҳқиқотест, ки ба шарҳи масоили таърих ва назарияи яке аз шоҳасарҳои мусиқии классикии ҷаҳонӣ – Шашмақом бахшида шудааст. Муаллифи он – олими маъруфи тоҷик, доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ, дар асоси асноди зиёди таърихӣ – сарчашмаҳои илми мусиқӣ ва баёзҳои Шашмақом, решаҳои қадими суннати мақомҳо ва роҳҳои ташаккули системаҳои Дувоздаҳмақом ва Шашмақомро таҳлил намудааст.

Наим Ҳакимов, «Шашмақом дар қарни ХХ: анъана ва навоварӣ», Хуҷанд:  2005. – 408 с.

Дар монография масъалаҳои ривоҷу равнақи санъати «Шашмақом» дар қарни ХХ мавриди андеша ва баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф анъанаҳои мусиқии классикии тоҷикро дар иртибот ба ташаккули табақаҳои иҷтимоии ҷомеа ба риштаи таҳқиқ кашидааст.

Абдувалӣ Абдурашидов, «Шашмақом» дар шаш ҷилд. – Душанбе: «Адиб», 2017. – 496 саҳ.

Таҳияи китоби шашҷилдаи Шашмақом аз ҷониби ҳунармандон, муҳаккиқон, устодону донишҷўёни муассисаҳои таълимии фарҳанг ва ҳунар, гурўҳҳои эҷодии тахассусӣ, инчунин барои маърифати доираи васеи дўстдорони ин санъат пешбинӣ гардидааст.

Фарҳод Раҳимӣ, Дарвешалии Чангӣ «Туҳфат – ус- сурур (Рисолаи мусиқӣ) – Душанбе «Дониш», 2022, 512 саҳ.

Матни илмӣ – оммавии рисолаи маъруфи мусиқишинос, оҳангсоз, ромишгар ва суханвари мумтози тоҷик Дарвешалии Чангӣ (асри XVII) «Туҳфат-ус-сурур», мавзуъ ва масъалаҳои гуногуни мусиқии миллӣ – таърихи пайдоишу таҳаввули силсилаи Дувоздаҳмақом, рўзгору осори ҳунармандони маъруфи замони муаллиф, васфи созҳои маъмули мусиқӣ ва шарҳи ниёзҳои маънавии мардумро ба ҳунари мусиқӣ фаро гирифтааст.

Эмомали Раҳмон. Наврўз – шиносномаи миллат Суханрониҳо дар ҷашнҳои наврўзӣ). Мураттибон Фарҳоди Карим ва Абдурауф Муродӣ.

Душанбе, «Адиб», 2015.– 168саҳ.

Дар ин китоб қисмате аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашнҳои наврўзӣ моломол аз меҳру мухаббат нисбат ба Наврўзи оламафрўз ва саршор аз тарғиби омолу рафтори ҳамида оварда шудааст.

Хоҳишмандон метавонанд аз ин китобҳо дар толори хониши адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар баҳрабардорӣ кунанд.

Нигина Маҳмудова
шуъбаи адабиёт доир
ба фарҳанг ва ҳунар