Муколамаи устод Айнӣ ва донишманди Эрон Алӣ Асғари Ҳикмат
Дуюми августи соли равон аз матлабе дар сомонаи худ хабар додем, ки соли 1978, яъне 45 сол пеш Камол Айнӣ дар маҷаллаи “Садои Шарқ” бо номи “Садриддин Айнӣ ва адибони Эрон” нашр карда буд. Ин мақолаи хеле муфассал дар бораи иртиботи поягузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ бо донишмандони Эрон ва маъруфияти ин алломаи ҳама давру замон миёни аҳли илму фарҳанги Эрон нақл мекард.
Ҳоло зарур донистем аз як муколамаи устод Айнӣ ва донишманди эронии ҳамзамони ӯ Алӣ Асғари Ҳикмат ёд кунем, ки Камол Айнӣ дар мақолаи ёдшуда комил овардааст:
… Алӣ Асғари Ҳикмат аз нутқи Садриддин Айнӣ илҳом гирифта ба тариқи эзоҳи зарбулмасали мазкури тоҷикӣ барои шунавандагони суханаш ва барои хонандагони «Паёми нав» дар хотима овардааст: «Албатта оқоён мулоҳиза фармудаанд чи гуна дар Тоҷикистон дарахтҳои ангур бо риштаҳои маҳками худ ба якдигар мепайванданд ва бо ҳам иттисол доранд – ҳамчунон миллали ҳамсоя низ бо риштаҳои маҳкам ва силсилаҳои устувор ба якдигар муттасил мешавнд. Вале ин риштаҳо ҳамон савобиқи фарҳангӣ аст монанди шеър ва адаб ва ахбор ва ҳикоёт ва ривоёт ва мусиқӣ ва, билохира, занҷири фарҳанг ва дониш аст, ки милали ҷаҳониро ба ҳам мепайвандад ва бас».
Аммо он гоҳ Алӣ Асғари Ҳикмат бо гуфтаҳои боло иктифо накард. Ў дар заминаи зарбулмасали мазкури тоҷикӣ дар васфи Садриддин Айнӣ манзумае сохт, онро ба номи вай иншо кард ва аз Теҳрон барояш ба Самарқанд фиристод. Инак, он қитъа ки дар маҷаллаи «Паёми нав» чоп шудааст.
Ҳадя ба дўсти донишманд Садриддин Айнӣ, шоири шаҳри тоҷик
Ҳамсоя зи ҳамсоя басе панд бигирад,
Ангур зи ангур ҳаме банд бигирад.
Оре, масал аст ин ба бари мардуми тоҷик,
Аз ҳар масале аҳли адаб панд бигирад.
Ҳар ҷонвару сангу дарахте, ки ба гетист,
Сад панд аз он марди хирадманд бигирад.
Ақвоми ҷаҳон токбунонанд ба бўстон,
Ҳар ток зи токи дигар ованд бигирад.
Гиранд ба каф аҳли ҷаҳон риштаи дониш,
Ин ҳабли матин қавми баруманд бигирад.
Бас мулк, ки аз мулки дигар суд ситонад,
Бас тоифа, к-аз тоифа пайванд бигирад.
Аз насли куҳан насли ҷавон панд пазирад,
Мероси падар, боре, фарзанд бигирад.
Монанду шабеҳанд ба ҳам зодаи инсон,
Бас дарс, ки монанд зи монанд бигирад.
Он қанд биёрад- ҳаме аз Миср ба Шероз,
В-ин турфа наиме зи Самарқанд бигирад.
Вахшури Араб мусҳафи Қуръон бинигорад,
Зардушти аҷам номае аз Занд бигирад.
Юнон ба ҳакимон сухан аз фалсафа гўянд,
Дар Ҳинд хираднома бараҳманд бигирад.
Алқиса ба бозори ҷаҳон доду ситадҳост,
То мард аз ин доду ситад чанд бигирад.
*********
Ин қитъа ниёзест, ба ширинсухане к-ў
Сад тунди шакар аз лаби чун қанд бигарад.
Садри адабу айни ҳунар Айнии доно,
К-аш даҳр наёрад, ки ҳамонанд бигирад.
Хурсанд шавад хотири ғамгин, агар устод.
Аз ин суханон хотири хурсанд бигирад,
Хандон шаваду шод шавад Ҳикмати маҳзун,
Аз дўст агар як – ду се лабханд бигирад.
Теҳрон, Хурдодмоҳ 1327, Алӣ Асғари Ҳикмат.
Ин қитъа, ки бо хатти заррини настаълиқи олӣ дар лавҳаи нигорин қаламӣ шуда буд, ба воситаи Анҷумани равобити фарҳангии Эрон бо Иттиҳоди Ҷамоҳири Шўравӣ ба дасти Садриддин Айнӣ расид.
Садриддин Айнӣ ба навбати худ қитъаи ҷавобияи зеринро суруд ва барои адиби донишманди эронӣ Алӣ Асғари Ҳикмат фиристод, ки он ҳам дар матбуоти Эрон ва низ дар Тоҷикистон чоп шуд. Инчунин тарҷумаи русии он қитъаро бо тарҷумаи қитъаи Алӣ Асғари Ҳикмат «Дружба народов»- маҷаллаи Иттифок нависандагони Иттифоқи Советӣ мунташир кардааст.
Қитъаи ҷавобияи Садриддин Айнӣ
«Барги сабзи дўстона аз қабили тиккаи муҳаббат
Пешкаш ба донишвари Эрон Алӣ Асғари Ҳикмат.
«Ҳамсоя зи ҳамсоя ба худ ранг бигирад,
Ҳар тор зи тори дигар оҳанг бигирад».
Оҳанг ду гун аст- мухолиф ва мувофиқ,
Доно натавонад, ки ҳар оҳанг бигирад.
Оҳанги мухолиф расад аз сози адоват,
Ин соз ба каф шахси дижоҳанг бигирад.
Оҳанги мувофиқ расад аз тори муҳаббат,
Ин ҳабли матин соҳиби фарҳанг бигирад.
Мо дўстии халқи ҷаҳон пеш гирифтем,
Аз мост ҳар он кас, ки чунин ранг бигирад.
Най дар ивази карнаи пархош навозад,
Андар бадали тиру камон чанг бигирад.
Хоҳандаи амнияту осоиши мардум,
Аз хумми муҳаббат майи гулранг бигирад.
Ў шод нишинад бари ёрон, рухи дижхим-
Бигзор зи кину ҳасад ожанг бигирад.
Барпо шавад ар дўстии мардуми олам,
Расово шавад он кас, ки раҳи ҷанг бигирад.
Хунрезию даррандагӣ атвори сибоъ аст,
Инсон натавонад, ки чунин нанг бигирад.
Баҳрест ҷаҳон, ҳар ки ба андозаи ҳиммат,
З-ин баҳр гуҳар гирад, ё санг бигирад.
Ё ширмаҳиҳои балазат ба каф орад,
Ё ғук ва ё ин ки харчанг бигирад.
Ё ғарқ шавад пеши наҳангони даранда,
Ё киштии озодӣ дар чанг бигирад.
******
Ин тўҳфаи ночиз нисорест ба он дўст,
К- аз кишвари илму ҳунар авранг бигирад.
Санъатгари маънист, ки аз коргаҳи ў,
Беҳзод ба кори худ беранг бигирад.
Донишвари бемисл – Алӣ Асғари Ҳикмат,
Ҳикмат, сазад, аз дониши ў ранг бигирад.
Асғар бувадаш ном, вале маънии Акбар,
Дар хеш чу оғўши хирад танг бигирад.
Алмос агар чанд бувад хурд ба зоҳир,
Оби рухи ёқути гаронсанг бигирад.
Айнӣ шарафе ёбад, агар аз сари алтоф,
Ҷавсанги вай он дўст ба посанг бигирад.
Садриддин Айнӣ. Самарқанд.
Маҷаллаи “Садои Шарқ” 1978, №9.
Таҳияи мутахассиси
шуъбаи матбуоти даврӣ
Нуримеҳан МАҲМАДБЕКОВА.