Мунзифа Сайфутдинова. “30 иқдоми тандурустӣ дар 30 соли истиқлолият”

икдоми-ТандурустиИн китоб соли гузашта чоп чоп шудааст ва чуноне аз номаш пайдост муаллиф 30 иқдоми тандурустиро дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор додааст. Ва инҳо иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи тандурустӣ дар даврони соҳибисттиқлолии Тоҷикистонанд.

Муаллиф дар сарсухани китоб овардааст:

Бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон зарурати барқарор намудани фаъолияти ҳамаи зинаҳои сохтору мақомоти фалаҷгаштаи давлатӣ ва таъсиси низоми самарабахши соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ба миён омада, сохторҳои давлатӣ аз нав ташкил карда шудаанд, ислоҳоти идораи давлатӣ ва соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ оғоз гардид ва то ба ҳол идома дорад. Дар  даврони истиқлол низоми самараноки тамоми мақомоти иҷроия ташкилу такмил ёфта, заминаи ҳуқуқҳои фаъолияти онҳо фароҳам оварда шуд.

Аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар, бо вуҷуди мушкилоту душвориҳои зиёд, барқарорсозӣ ва ба низом даровардани соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ аз масъалаҳои муҳимми Давлат ва Ҳукумат маҳсуб меёфт. Зеро ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсиву иқтисодӣ асосан соҳаҳои иҷтимоиро фаро гирифта, коҳиши бесобиқаи нишондиҳандаҳои тамоми соҳаҳо гардида буданд.

Дар чунин вазъият таъҷилан аз байн бурдани хавфи сиҳатиии аҳолӣ, барқарор намудани муассисаҳои тандурустӣ, омода намудани кадрҳои тиббӣ вазифаи фаврӣ ва аввалиндараҷа ҳисоб меёфт. Ҷиҳати бартараф намудани ин буҳрони соҳаи тандурустӣ ва ба низом даровардани фаъолияти сохторҳои он Ҳукумати кишвар бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ гардониданд.

Зеро дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти он ки миллати солим асоси ҷомеаи солим мебошад, дар сохтори тандурустии мамлакат низ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат дигаргуниҳои куллӣ сурат гирифтанд.

Ба туфайли амалӣ гардонидани консепсияву стратегия ва барномаҳои милливу давлатӣ дар ин давра ба рушди соҳаи тандурустӣ ноил гардида шуд. Соҳаи тандурустӣ ба куллӣ тағйир ёфт. Дар ин давра ҳуҷҷатҳои барномавии зиёде қабул ва амалӣ гардиданд, ки барои пешрафти соҳаи тандурустӣ нақши муҳим бозиданд. Дар натиҷаи татбиқи ин барномаҳо сатҳи хидматрасонии тиббӣ хеле боло рафт ва Истиқлол дар таърихи тандурустии тоҷик гардиши куллӣ ва марҳалаи сифатан нави рушди соҳа мебошад.

Ҳукумати кишвар тандурустии аҳолиро сарвати миллӣ эълон карда, дар зарфи 30 соли Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдасти мамлакат бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаву марказҳои тиббӣ, марказҳои ташхису табобатӣ, дармонгоҳу осоишгоҳҳоро ба охир расонида, онҳоро бо дастгоҳҳои таҷҳизоти муосири тиббӣ ва шароити дигари замонавӣ таъмин гардонид, ки Маркази табобатии «Истиқлол» дар шаҳри Душанбе, маркази вилоятии ташхису муолиҷаи беморони гирифтори саратон дар шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино намунаи воқеии онҳо мебошанд.

Маҳз, зиёдшавии маблағгузории соҳаи тандурустӣ аст, ки нишондиҳандаи он нисбат ба маҷмўи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 2,3 фоиз ва нисбат ба ҳаҷми буҷети давлатӣ зиёда аз 8 фоизро ташкил медиҳанд. Дар ин давра нишондиҳандаи фавти модарон ҳангоми таваллуд ва фавти кўдакон коҳиш  ёфта, бемориҳои хатарноки сироятӣ бартараф карда шуданд. Ҳамчунин, айни замон барои ташхису табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандони мамлакат кам шудааст. Баръакс садҳо табибони баландихтисоси мо имрўзҳо дар беҳтарин марказҳои ташхисию тиббии мамолики гуногуни ҷаҳон муваффақона кору фаъолият доранд.

30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон неруи тоза бахшида, иқдомҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ идома ёфта, барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи тандурустӣ, таҳкими заминаҳои моддиву техникии  муассисаҳои тиббӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, раванди густариши ислоҳоти соҳаи тандурустӣ барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Китоби “30 ИҚДОМИ ТАНДУРУСТӢ ДАР 30 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Шарофат МИРЗОЕВА