Муовини аввали директори муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҷабзода Салима Совет

10-уми майи соли 1969 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Солҳои 1976-1986- таҳсил дар мактаби миёнаи №34-и шаҳри Душанбе.

Солҳои 1987-1988- китобдори калони Китобхонаи илмии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин.

Солҳои 1988-1990-Котиби Кумитаи комсомоли техникуми сохтмони шаҳри Душанбе.

Соли 1986-1991-донишҷўи дар факултети китобхонашиносӣ ва библиографияи Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода.

Солҳои 1990-1996- китобдори калони Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Т. Г. Шевченко.

Солҳои 1996-2006- менеҷери Хонаи маишии «Садбарг» кор кардааст.

Солҳои 2006-2009 –сармутахассиси шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.

Солҳои 2012 дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон  кор кардааст.

Солҳои 2012-2015 -сардори шуъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Солҳои 2015-2020- муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон».

Солҳои 2015-2019- аспиранти ғоибонаи кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода.

04.02.2020- бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъин гардидааст.

Барои хизматҳояш аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2013) ва «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2018) ва дигар сипосномаву ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор соҳиби 4 фарзанд: 2 духтар ва 2 писар.