Муовини директори муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҳмудов Гадобег Бӯриевич
1-уми майи соли 1960 дар деҳаи Арбобхотуни Ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) таваллуд шудааст.
Солҳои 1968-1978- таҳсил дар мактаби миёнаи №66-и деҳаи Арбобхотуни Ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин).
Солҳои 1978–1982- донишҷўи дар факултаи китобдории Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Москва.
Солҳои 1982-1983– китобдори калони шуъбаи илмӣ-методии Китобхонаи давлатии ба номи А. Фирдавсӣ.
Соли 1983– лаборанти кафедраи библиографияшиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода.
Солҳои 1983-1990- омӯзгори кафедраи библиографияшиносии факултети китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода.
Солҳои 1990-2006- омӯзгори калони кафедраи библиографишиносии факултети китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода.
Солҳои 2006–2013- мудири кафедраи библиографияшиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода.
Солҳои 2013-2015- декани факултаи китобдорӣ ва иттилооти Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода.
22.05.2015- бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъин гардидааст.
Муаллифи 4 китоби дарсӣ ва бештар аз 80 асари таълимию методӣ, мақолаҳои илмӣ ва дастурҳои библиографӣ мебошад.
Барои хизматҳояш аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонҳои «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2011), «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2015), «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2018), медали “Хизмати шоиста” (соли 2020) ва дигар сипосномаву ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст.
Забонҳои русӣ ва олмониро медонад.
Оиладор соҳиби 2 фарзанд: 1 духтару 1 писар.