Муовини директори муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Саидзода Зафар Саидҳошим 20-уми апрели соли 1984 дар шаҳри Кўлоб таваллуд шудааст.
Солҳои 2004-2010 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро бо ихтисоси шабакаи алоқа ва усулҳои робитавӣ хатм кардааст.
Соли 2010 фаъолияти кориашро дар Муассисаи давлатии каммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ба ҳайси мутахассиси шуъбаи танзим оғоз намудааст.
Аз соли 2012 фаъолиятро дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода, дар вазифаҳои мутахассиси пешбари шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ, 2013-2015 сармутахассиси шуъбаи зикршуда ва аз моҳи майи соли 2015 то моҳи ноябри соли 2023 дар вазифаи сардори шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ адои хидмат кардааст.
Аз 03 ноябри соли 2023 бо фармони Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ таъин гардидааст.
Барои хидматҳояш бо «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2021, нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2019), «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (2020) ва «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2023) сарфароз гардонида шудааст.
Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.