Муродалӣ Собир дар маҳфили “Дар суҳбати адиб”

Имрӯз, 4-уми апрел дар шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дар суҳбати адиб» бо ширкати адиби кӯдакнависи кишвар Муродалӣ Собир баргузор гардид.

          Маҳфилиро Ҷалолуддин Нурзода– муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, бо як сухани кутоҳи муқаддимавӣ меҳмонро ба иштирокдорони маҳфил шинос намуд.

Ширкаткунандагони маҳфил асосан хонандагони “Гимназияи №1-и барои  хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” буданд.

Суҳбат дар атрофи эҷодияти Муродалӣ Собир, китобҳои ӯ, шеъри бачагона дар Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди он, адибони ҷавони кӯдакнавис ва ғайра сурат гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки Муродалӣ Собир барои ҷомеаи адабии кишвар шахси ношинохтае нест. Вай муаллифи маҷмуаҳое бо номҳои «Садои сукут», «Субҳи Варзоб», «Гули бодом», «Оҳанги Варзоб», «Арўси сабз», «Қуллаҳо», «Шоҳпарак», «Тифли дарё» мебошад.

Муродалӣ Собир адибест, ки дар жанрҳои гуногун асарҳо офаридааст. Вай қиссаву ҳикоя ҳам навиштаву очерку лавҳа низ. Азбаски ба адабиёт аз рӯзноманигорӣ ворид шудааст, дар гузашта дар мавзуъҳои гуногуни иҷтимоӣ очерку мақолаҳои зиёде ҳам чоп кардааст.

Дар маҳфил миёни адиби шинохта ва хонандагон мубодилаи афкор сурат гирифт. Вай ба ҳар пурсиши хонандагон посухҳои ҷолибу дақиқ дод, аз ашъораш шеърҳо хонд. Аз зиндагиномаи худ нақл кард ва ҳамчунин гуфт, ки чӣ гуна метавон барои бачаҳо асар офарид.

Гуфтанист, ки “Дар суҳбати адиб” маҳфилест, ки моҳе як мартиба бо ширкати адибони кӯдакнависи кишвар баргузор мешавад. Ҳадаф аз роҳандозии ин маҳфил ҷалби хонандагон ба эҷод, ошноии онҳо бо адабиёт ва раҳнамоии касонест, ки дар ин ҷода қадамҳои аввал мегузоранд.

Исмоил Саййидзода.