Муродифоти грамматикии муносибатҳои ҷумлаҳои сода ва мураккаби тобеи забони адабии ҳозираи тоҷикӣ
Таҳқиқоти муҳаққиқ Матлюба Мирзоева маҳз ба яке аз масъалаҳои муҳимми муродифоти наҳвӣ – ҳаммаъноии муносибатҳои ҳолӣ дар забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муҳаққиқ баъд аз таҳқиқу баррасии осори илмии олимони ватаниву хориҷӣ нуқтаи назари тозаи худро доир ба мавзуи баррасишаванда баён кардааст, ки шоистаи эътироф ва эҳтиром аст.
Дар пешгуфтори китоб доктори илмҳои филалогия, профессор Моҳира Мирзоева қайд намудааст, ки муродифот «яке «аз мавзуъҳои ҷовидонаи забоншиносӣ ба ҳисоб меравад, зеро инсоният дар тамоми давраҳои мавҷудияти худ ба дақиқ, бенуқсон ва дар шакли беҳтарин ифода кардани матлаб ниёз дошт ва дорад. Ин эҳтиёҷи соҳибзабононро воҳидҳои сатҳҳои гуногуни забон, ки барои гурез аз такрори бемаврид ва пуробуранг ифода кардани матлаб имконият фароҳам меоваранд, қонеъ менамоянд. Чунин воҳидҳои муродиф, ки муносибатҳои гуногунро ифода мекунанд, дар забони тоҷикӣ ниҳоят зиёданд, ки ин аз ғановати ин забони куҳан дар гузаштаи дур шаҳодат медиҳад. Аз ин нуқтаи назар таҳқиқи ҷанбаҳои марбут ба муродифоти грамматикӣ аҳаммияти назариву амалӣ дорад.
Таҳқиқоти муҳаққиқ М.Ҷ. Мирзоева маҳз ба яке аз масъалаҳои муҳимми муродифоти наҳвӣ – ҳаммаъноии муносибатҳои ҳолӣ дар забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муҳаққиқ баъд аз таҳқиқу баррасии осори илмии олимони ватаниву хориҷӣ нуқтаи назари тозаи худро доир ба мавзуи баррасишаванда баён кардааст, ки шоистаи эътироф ва эҳтиром аст. Натиҷаҳои рисола дар омӯзиш ва таҳлили масъалаҳои муносибатҳои ҳолӣ, таҳаввулот ва ҷараёни инкишофи минбаъдаи наҳвии Забон, таълими фанни забони адабии тоҷикӣ дар макотиби миёна ва олӣ, таълими забони тоҷикӣ ба ҳавасмандони забони тоҷикӣ (ғайритоҷикон), масъалаҳои омӯзиш, таҳқиқу таълими услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ, назария ва амалияи тарҷума мусоидат намуда, маводи таҳлилнамудаи муҳаққиқ дар таҳияи китобу дастурҳои таълимӣ, баргузории курсу семинарҳои махсус ба таври васеъ истифода шуда метавонанд.
Беҳтараш, хонандаи азиз худ қазоват намояд, зеро мушк он аст, ки худ бибӯяд, на он ки аттор бигӯяд.
Ин китоб соли 2024 дар нашриёти “Мулквар” аз чоп баромадааст. Хоҳишмандон метавонанд онро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардониии фонд.