Муродова Гавҳар Сафарова «80 – соли боргоҳи санъат ва маърифат»
Тавре аз номаш пайдост, китоби мазкур ба 80-солагии фаъолияти Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов бахшида шуда, ба тозагӣ аз чоп баромадааст. Сангалӣ Ҳамидзода, муовини Раиси иттифоқи компазиторони Тоҷикистон дар сарсуханаш ба китоб навиштааст:
Фарҳанги мусиқӣ омили бузургест, ки дар ташаккулёбии шахсият, сайқал додани идрок, зебоипарастӣ, маърифатнокӣ ва дигар сифатҳои неки барои инсон зарур нақши муҳимро мебозад. Ва ба ин муъҷизаи Яздонӣ инсоният тули қарнҳо муроҷиат намуда, яке аз ниёзҳои аввалиндараҷаи худро, ки аз тарбияи одами нави дар минбаъда низ тамаддунсоз ибрат мебошад,таъмин менамояд.
Муассисаи давлатии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимӣ-фарҳангии зертобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки маҳз иҷрои вазифаҳои дар боло зикргаштаро бар дӯш дорад.
Маҷмӯе, ки имрӯз дар даст дорем аз ҷониби яке аз муаллимаҳои ниҳоят фаъол ва шинохтаи ҷумҳурӣ Муродова Гаҳвар Сафаровна тартиб дода шудааст, ки солҳои зиёди умри бобаракат ва пурмаҳсули худро тавассути кору фаъолият дар муассисаҳои таълимии кишвар, аллалхусус дар Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А.Бобоқулов баҳри таълиму тарбияи насли наврас равона намуда, дар ин ҷабҳа дорои таҷрибаи бойи педагогӣ мебошад.
Мазмуни маҷмуаи мазкур 80 соли фаъолияти пурталотуми фарҳангии Коллеҷро дар бар гирифта, оғозан аз кору фаъолияти ҳама шуъбаҳои дар он амалкунанда, ҳаёти донишҷӯён дар хобгоҳ ва дигар ташкилоту созмонҳои амалкунанда, ки баҳри мукаммалгардонии донишандӯзии донишҷӯёни Коллеҷ аз ҷониби роҳбарият ташкил карда шудаанд, ба таври возеҳу равшан хонандаро шинос менамояд.
Боиси тазаккури хос аст,ки яке аз аризишҳои беназири маҷмуа ба таври мушаххас муаррифӣ намудани шахсиятҳо, чеҳраҳои нави фарҳангӣ, потенсиали кадрии кишвар мебошад, ки худ хатмкардагони Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А.Бобоқулов буда, ҳаёту фаъолияти кории худро баҳри таълиму тарбияи насли навраси оянда равона сохтаанд. Ин албатта, боиси ифтихору рӯҳбаландии ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон Тоҷикистон гардида, бори ӯ дигар шаҳодат аз натиҷаҳои самарабахши даврони Истиқлоли давлатӣ, сиёсат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ дар соҳаи фарҳанг, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода, ҳамагонро водор месозад, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои ниҳоии ҷомеаи навини тоҷикон, баҳри ӯ гулгулшукуфоии кишварамон минбаъд низ ҷидду ҷаҳд намуда, кӯшишу ғайрати худро беш аз беш вусъат бахшем.
Дар зимн бо итминони комил метавон гуфт, ки маҷмуаи мазкур барои қишрҳои гуногуни ҷомеа, ҳаводорони фарҳанги мусиқӣ, хусусан насли наврасе, ки дар оянда ҳаёти худро ба ин соҳа пайваст менамоянд, хидмат намуда, хамзамон барои кулли омӯзгорон, донишҷӯён, илмомӯзон, тадқиқотчиён ҳамчун маводи иттилоотӣ ёрирасон гардида, фазои фарҳангии кишварро то андозае ғанӣ мегардонад.
Хонандагон китоби Муродова Гавҳар Сафаровна «80-соли боргоҳи санъат ва маърифат»-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Адиба Мардонзода,
Мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд