Муррифии китоби “Алифбои зудомӯз” ва “Кофиябозӣ-2”-и Латофат Кенҷаева дар барномаи “Китоби нав”

Дар барномаи “Китоби нав”, ки дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон наворбардорӣ гардид, китобҳои “Алифбои зудомӯз” ва “Қофиябозӣ-2”-и Латофат Кенҷаева муаррифӣ гардиданд. Ин барнома дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” таҳия мешавад.

Ровии барнома хонандаи фаъоли шуъба, Холид Шарипов, барои тамошобинони барнома аввал дар бораи китобҳо каме маълумот дод. Дар идомаи суҳбат гуфт, ки китоби “Алифбои зудомӯз” маҷмуаи шеърҳо доир ба ҳар як ҳарфи алифбо буда, бо забони сода ва равон эҷод карда шудааст, ки ҳифз карданашон барои кӯдакони синни хурди мактабӣ осон аст.

Китоби мазкур дар нашрияи “Истиқбол” соли 2019 дар шаҳри Душанбе аз чоп баромадааст. Чанд порчаеро аз ин китоб қироат кард:

Ангуштарин дар ангушт

Ануша масти арғушт.

Куртаи атлас ба тан

Мӯи дарозаш ба пушт.

Дил бастаи ба варзиш,

Ин ифтихору арзиш.

Варзидани тану ҷон

Саломатии инсон.

Китоби дуюм, ки ровии барнома муаррифӣ кард “Қофиябозӣ-2” унвон дошт, ки муаллифи он ҳам Латофат Кенҷаева аст. Китоби мазкур дар бедор намудани ҳисси кунҷкобиву зиракии хонандагони наврас саҳми босазо гузошта, бо мусаввараҳои ҷолиб оро дода шудааст. Ин китоб бо ҳуруфи ниёгон ва сирилик навишта шуда, шеърҳояш чистонро мемонанд. Дар мисраҳои шеърии он ҷойи калимае холӣ аст, ки аксу тасвирҳои рангини он хонандаро водор мекунад, то калимаи лозимро биёбад.

Наворгирии барномаи телевизионии “Китоби нав” дар фазои эҷодӣ баргузор гардида, барои муаррифии китобҳои нав, ташвиқи мутолеа ва баланд бардоштани шавқи кӯдакону наврасон ба китобу китобхонӣ нақши муҳим хохад гузошт.

Инобат Бобоева,

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа