Мӯсо Олимҷонов: Сайри лафзу маънӣ
Ин китоб гулчини 30 мақолаи донишманд ва забоншиноси маъруфи кишвар Мӯсо Олимҷоновро дар бар гирифтааст. Он аз се бахш фароҳам омада, дар бахши аввал мақолаҳои илмӣ, дар бахши дувум тақризҳо ва дар севум ёднома ҷой дода шудааст. Ин маҷолаҳо дар шакли китоб бори нахуст манзури аҳли илм шуда, ба мутахассисони суханшинос, магистрантону донишҷӯён ва кулли ҳаводорони забони тоҷикӣ пешниҳод шудааст.
Доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдуҷамол Ҳасанзода дар пешгуфтораш бо номи “Таҳқиқи вожаҳои ноби ҳазорсола” аз ҷумла навиштааст:
Ҳар чӣ бештар ошкорсозии вижагиҳои луғавӣ ва сарфию наҳвии каломи ниёгон баҳри амиқтар фурӯ рафтани хонанда ба захираҳои беҳудуди луғавӣ ва имконоти вусъатноки забони аҳли адаби даврони гузашта мадади калон хоҳад расонид, зеро бо пеш гирифтани чунин тарзи таҳлил бо асрори ҳазорҳо вожа ва садҳо қолаби баён метавон шинос шуд ва аз роҳи мураккабу печидаро тай намудани онҳо огоҳии комил пайдо кард. Аз ин ҷиҳат силсиламақолоти дотсенти кафедраи забони тоҷикии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, яке аз забоншиносони варзидаи тоҷик Мӯсо Олимҷонов барои хонандаи тоҷик дар ғӯтавар гардидани ӯ ба баҳри беканори луғоту таркиботу ибороти фаровони забони адабии тоҷикӣ, имконоти маъноифодакунӣ ва калимасозии онҳо ҳамчун чароғи раҳнамо хидмат хоҳад кард.
Маҷмӯаи мақолоти мазкур мавсум ба “Сайри лафзу маънӣ” фарогири се бахш: мақолоти илмӣ, тақриз ва ёднома буда, дар онҳо муаллиф кӯшиш ба харҷ додааст, ки дар радифи ошкорнамоии асрори забони ниёгон боз хидмати пажӯҳишгарони тоҷикро дар таҳқиқи забони модарияшон баррасӣ кунад ва дар натиҷаи таҳлил ва қиёсу муқобалаи фаъолияти ҳар кадом аҳли таҳқиқ меҳнату заҳмати эшонро ба таври аҳсант нишон дода тавонистааст.
Аз байни сӣ мақолаи маҷмӯа бист адади онҳо ба таҳлили вижагиҳои сохториву маъноии забони осори ниёгон, хидмати эшон дар ривоҷи забоншиносии тоҷик, ҳаллу фасл гардидани нуқтаҳои баҳсноки ташаккули забони адабӣ ва монанди инҳо бахшида шудаанд.
Як даста мақолоти маҷмӯа ба таҳлили вижагиҳои забони осори бархе аҳли адаби асримиёнагӣ, хусусиятҳои ҳаммаъноӣ, сермаъноӣ, гунанокӣ ва мутазодӣ пайдо намудани силсилаи калони вожаҳо дар ашъори мухталифжанри эшон марбутанд.
Муаллиф дар мисоли таҳлили корбурди аносири луғавии алоҳида нақши чунин вожаҳоро дар ифодаи паҳлуҳои мухталифи матлаб ва иқтидори беназир доштани забони тоҷикиро дар бунёди луғоти нави сохтаву мураккаб нишон дода, ба ин восита хидмати ҳар кадом адибро дар ривоҷи таркиби луғавии забон муайян намудааст. Чунончи, муаллифи мақолот бо мақсади нишон додани маҳорати Камоли Хуҷандӣ дар донистани маонии мухталифи вожаи об мавридҳои корбурди онро дар осори чор шоир: Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ ва Камоли Хуҷандиву Ҷомӣ муқоиса кардааст ва ба бардоште расидааст, ки агар сардафтари адабиёти классикии тоҷик онро ба ҳафт маъно, муаллифи “Шоҳнома”-и безавол ва Ҷомӣ ба нӯҳ маъно мавриди истифода қарор дода бошанд, пас дар ашъори Камоли Хуҷандӣ корбурди об-ро ба бисту як маъно метавон дучор гардид. Ҳамчунин муаллиф зимни ошкорсозии нақши калимаи мазкур дар бунёди дастаи калони аносири луғавӣ нишон додааст, ки тавассути ширкати он шоир тавонистааст, ки як силсила калимоти сохтаву мураккаб эҷод намояд, ки мансуб ба исму сифатанд.Аз таҳлил ва қиёсу муқобала муаллиф муайян намудааст, ки об дар қиёс бо вожаҳои сохта дар зуҳури калимаҳои мураккаби мухталифқолаб бештар саҳм доштааст, вале, мутаассифона, пас аз замони Камол иддае аз чунин қолабҳои вожасозӣ, ки шоир дар заминаи онҳо аз дурдонаҳои захираи луғавии забони тоҷикӣ беҳтарин луғотро созмон додааст, аз истифода монда, ба ҳукми фаромӯшӣ рафтаанд.
Хоҳишмандон китоб Мӯсо Олимҷонов “Сайри лафзу маънӣ”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.
Маҳбуба Таваралиева,
мутахассиси пешбари Маркази забони
тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ.