Мужда: “Дастури шатранҷбозӣ” аз чоп баромад

Дастури шатранҷбозӣКитоби рӯзноманигор, донишноманавис ва пажӯҳишгари маъруф Обиди Шакурзода “Дастури шатранҷбозӣ” ба ҳиммати Энсиклопедии миллии Тоҷикистон дар нашриёти “Эр-граф” бо тирожи 1000 нусха чоп шуд. Доктори илмҳои таърих, профессор Сайфуллоҳи Муллоҷон масъулияти муҳаррири масъули китобро ба уҳда доштааст.

Муаллиф дар сарсухани ба китоб оварда: Дар замоне, ки аз як сӯ-таҳрифи таърих ва моли худ муаррифӣ кардани мероси ҳунарию фарҳангии тоҷикон аз тарафи душманони мо ва аз сӯи дигар- ба номи ақвоми дигар сабт кардани миллияти шахсиятҳои илмию адабии мо авҷ гирифта, нашри ин китоби арзишманд муҳим ва саривақтист. Чӣ басо, ки таваҷҷуҳи давлату мақомоти кишвар ҳам ба бозии ниёкони мо- шатранҷ дар Тоҷикистон зиёд мешавад.

ЗОДГОҲИ ШАТРАНҶ ЭРОН АСТ, НА ҲИНД!

«Ардашер ба фарри Худой дар чавгон, саворӣ, чатранг ва шикор бартарӣ ёфт» (Катибаи Ардашери Бобакони Сосонӣ– ҳудуди ду ҳазор соли пеш, ки аз куҳантарин ёдгории хаттии шатранҷ дар ҷаҳон аст).

Зодгоҳ ё ватани шатранҷ на Ҳинд, балки Эрон ва ихтироъкори ин ҳунар аҷдоди донишманди мо будаанд. Ва бар бинои бозёфти Ҷомӣ Ҳасанлу, гаҳвораи шатранҷ сарзамини мост. Макс Эйве, қаҳрамони собиқи шатранҷи ҷаҳон, Эронзаминро мудом гаҳвораи шатранҷ меномид. Ҳамчунин устоди бузурги русӣ, Иля Майзелис низ ватани ин бозии куҳанро Эрони Бостон, аз ҷумла иқлими Мовароуннаҳр мешуморад. Донишманди эронӣ – Маҷиди Яктоӣ, зимни як пажӯҳиши муфассал, ки дар маҷаллаи «Баррасиҳои таърихӣ» нашр шудааст, аз чанд ҷиҳат собит кардааст, ки маҳз гузаштагони мо кошифи шатранҷанд. Гувоҳи гуфтаҳои ӯ, ки шатранҷ аз тафаккури аҷдоди мо падид омада, вожаҳои он аст, ки тақрибан ҳама форсию тоҷикиянд.

Вожаи ШАТРАНҶ – арабишудаи шатранг ё чатранги порсист!

Мураккаб аз ду бахш чатр, чатур (сатур) ба маънойи чаҳортойӣ ва анг ё ҳанг ба маънойи радиф ё даста омадааст. ШОҲ – асоситарин муҳраи шатранҷ, порсӣ, решаи қадими он хишойасия (шоҳи шоҳон). Аммо шоҳ дар санскрит нарпотӣ ва ба ҳиндию дигар забонҳои наздик ба он роҷо гуфта шудааст ва шоҳаншоҳ – маҳороҷо. Дар ҳоле ки ҳиндиҳо баройи шоҳи шатранҷ ҳамон вожайи порсийи ШОҲ-ро ба кор мебаранд. Ва чи дар Ҳинд ва чи дар дигар кишварҳои олам ба ин муҳраи шатранҷ (ба забони мо!) ШОҲ гуфта шудааст.

ВАЗИР – аслан ФАРЗИН аст ва ин вожа миёни тоҷикони Осиёи Миёна маъмул мебошад. Дар қомуси «Бурҳони қотеъ» ба гунайи ФИРЗ омадааст ва мисле дар порсийи бостон ин вожа «ферж»,«ферз» ё «фирзон» гуфта шуда. Пай бурдан душвор нест, ки вожаи ВАЗИР аз ин иқтибос шудааст. Фарзин, яъне вазир. Арабҳо ба он ал-фарз ё русҳо ферз гӯянд.

Ва САРБОЗ вожаи ройиҷ нест, балки дурусти он ПИЁДА аст, ки дар русӣ пешка мегӯянд, арабҳо онро байдақ (гунаи арабишудайи ҳамон пиёда-и тоҷикӣ мебошад) гӯянд. Вожаҳои МОТ ва ПОТ низ порсиянд. Очмаз дуруст аст, ки туркӣ, аммо гунаи порсийи он АРУБ мебошад, ки акнун маъмул нест.

Ва боз як нуктаи ҷолиб: тамоми бузургони илму адаби порсӣ дар тули ҳазорсолаҳо шатранҷро ба хубӣ медонистаанд ва дар осори адабии хеш аз вожаҳои он фаровон истифода кардаанд.

Ҳамин тариқ, таҳқиқоти бостоншиносон ва ёдгориҳои хаттӣ гувоҳ бар онанд, ки шатранҷ дар сарзамини мо пешинаи пурравнақе доштааст ва то аҳди Темуриён хеле муравваҷ будааст. Бино бар маълумоти сарчашмаҳо, донишманд ва шатранҷии тоҷик, Абулфатҳ ибни Аҳмади Санҷарӣ (асрҳои 11–12) асаре дорад бо номи «Китоб-уш-шатранҷ» (а. 12) – ҳамчун донишномаи махсуси шатранҷ; ва ин китоб 300 мансуб (аксари онҳоро ҷамъ оварда ва бархеро низ ӯ худ таҳийя кардааст) ва даҳ кушоиш ё худ дебюти мухталиф ва низ гуфторҳои гуногун пиромуни шатранҷ, дар боби пайдоиши ин бозӣ ва амсоли инро дар бар гирифтааст, ки баёнгари авҷи санъати шатранҷ дар Мовароуннаҳр мебошад.

Ва шояд нахустин бузургустод ва нахустин қаҳрамони мо Алоуддин Алии Шатранҷии Самарқандӣ (дар қарни XIV) буда бошад, ки ӯ, бинобар маълумоти қомусҳои муътабар [аз ҷумла «Қомуси ШАТРАНҶ» («ШАХМАТЫ, Энциклопедический словарь», Маскав, 1990)] дар императории Темури Курагон ҳарифу ҳамтое надоштааст ва бо рақибони хеш бо чашми баста низ бозӣ мекардааст ва асаре пиромуни шатранҷ низ таълиф кардааст. Темури Курагон худ шавқманди шатранҷ будааст ва исми фарзанди хешро аз як вожаи шатранҷ – «шоҳрух»(!) баргузидааст.

Баъдан ҳам таъассуби мазҳабӣ ва ҳам рукуди маънавӣ боис гаштаааст, ки дар Мовароуннаҳр равнақи шатранҷ бикоҳад. Бо ин вуҷуд, бузургони мо ҳамоно ин шуғлро фаро мегирифтанд, ки ҳатто дар осори Аҳмади Дониш, Нақибхони Туғрал ва чанди дигар (асрҳои 19–20) шатранҷу истилоҳоти он устодона кордбурд шудааст, ки гувоҳи донишу иштиёқи амиқи онҳо бо ин ҳунар аст…

**************

Рисолаи «Дастури шатранҷбозӣ» ҳамчун алифбои шатранҷомӯзӣ барои навҷавонон ва муштоқони бозии шатранҷ дар кишвари азизамон ва умуман тоҷикони Варорӯд таҳия гардидааст. Дар ин китоб саъй шудааст, ки навомӯзон зина ба зина ба донистаниҳои ин ҳунар ошно ва саранҷом вориди шоҳроҳи он гарданд.

Умед аст, ки ин китоб армағони хубе барои ҳаводорони шатранҷ дар Тоҷикистони азиз бошад.