Наҷмиддини Шоҳинбод дар бораи ҳаҷви Бобоҷони Икром

Милоди табассум

Дар яке аз маҳфилҳои адибони ҷумҳурӣ устод Фазлиддин Муҳаммадиев аз ҷевони кориаш ғарами дастнависҳои носирони ҷавонро гирифта, рӯи миз гузошт. Тақрибан даҳ дақиқа асарҳои мавҷударо тагу рӯ кард. Ҳама хандаи бахт, чун дар бозии маъмули он солҳо лотерея чашмдор буданд. Устод дастнависи даркориашро ёфта, лаҳзае ба мо чашм дўхт ва бо меҳрубонии ба худаш хос гуфт:

            – Ман  ҳам мисли шумо ҳар як навиштаамро шоҳасар гумон мекардам. Барои он ки гумон зуд ботил барояд, ҳар рўз мутолиа ва ҳар рўз навиштан лозим. Маҳсули қаламатон бад не! Аз байни 23 дастнавис дутояшро интихоб кардан мумкин.

            – Ана ин муаллиф маҳорати хуб дораду ҳафсала надоштааст. Хеле танбал будааст. Ҳамту чашм давонданӣ шуда, саропо пурра хондам. Муаллиф пас аз чопи машинка худаш дастнависро нахондааст.

Бобоҷон Икромов кӣ? – пурсид устод.

Афсўс, Бобоҷони Икром, ки китобашро пешниҳод карда (аниқтараш ҳаҷвияҳо, новеллаҳо ва ҳикояҳои чопшудаашро дўстон ҷамъ карда супоридаанд), ба маҳфил наомада буд. Ба ҳар ҳол ман хурсандам, ки аз ин маҳфил низ истеъдод пайдо шуд.

Устод ҳаҷвия, новеллаҳои Бобоҷони Икромро таҳлил карда, шахсан худаш барои чоп тавсия кард…

Инак, аз фотеҳаи устод 40 сол сипарӣ шуд. Эҷоди Бобоҷони Икром воқеан он сол бозёфт буд. Аммо хонандагон аҳён-аҳён бо навиштаҳояш ошно мешуданд. Зеро Бобоҷон намедонем аз хоксорӣ ё серкорӣ ва ё худ бепарвоӣ аз чопи ҳикояҳо худдорӣ мекард. Ниҳоят бо кўшиши устод Фазлиддин Муҳаммадиев нахуст китобаш чоп шуд. Пас аз танаффуси тўлонӣ Бобоҷон бо хикояҳои “Хуршед”, “Девор”, “17 солу се соат” хонандагонро аз нав ба ғирев овард. Он сол дар яке сафарҳои эҷодӣ ба Душанбе ба утоқи кориаш омадем. Ў дар вазифаи масъули сардори бахши телевизион буд. Моро гарм истиқбол намуда, бо кори зарур аз кабинет баромад ва илтиҷоомез таъкид кард:

– Илтимос дўстам, ягон китобро ба  яғмо набарӣ. Дилхоҳатро худам тўҳфа мекунам. Аз одати китобдуздии ман гарчанде Бобоҷони Икром осебе надида бошад ҳам, дар ин касб маъруф гардидани ман ўро ба ташвиш оварда буд…

– Ба ин одам чандин маротиба раҳм карда китобҳояшро нагирифтаам. Акнун ҷазо медиҳм, – аз дил гузаронида ба ҷевонаш даст бурдам. Ба қоғаздони ғафси чармӣ  чашмам афтод. Дастхати Бобоҷонро шинохтам. Бо кунҷкобӣ варақ задам. “Довталаб Панасоник” ном ҳаҷвияашро аз дастхат хонда кайф кардам. Ва ҳамаи дастнависҳояшро ба китобдони худ андохтам. Рўзи дигар ба идораи Адабиёт ва санъат шитофтам. Чун мухлис ва ҳамкори саҳифаи “Мушфиқӣ” устодон Ҳалимшо, Сунатулло, Абдулло маро ба оғўш гирифта, ҳаҷвия талаб карданд. Азбаски дар дуриҳо зиндагӣ мекардам, барои захираи ду-се моҳа 5-10 ҳаҷвияамро кашида мегирфтанд. Ман дастаи ғафси ҳаҷвияҳои ба ғаниматгирифтаи Бобоҷони Икромро рўи миз гузоштам. Ана, он сол Бобоҷон бехабар, аз саҳифаи “Мушфиқӣ” ҳаҷвияҳояшро мутолиа мекард.  Ў  аз асли воқеа хабар ёфта, бо телефон маро хуб маломат карда гуфт, ки бо ин  иғвои хуб ман ўро аз нав ба кори эҷодӣ ҷалб кардам.

Ҳаҷвияҳои  “Амакатон  хафа мешавад”, “Давои бад”, “Раиси нав” диди зинда, воқеӣ ва пур аз лутф Бобоҷонро чун нависандаи баркамол муаррифӣ кард.

Ҳаҷви Бобоҷон пораи аслии ҳодисаҳои хандаовари зиндагӣ нест. Ў бо сиришки андўҳ хонандаро механдонад. Ба қавли алломаи ҳаҷв Азиз Несин гиряҳои дардолудаш намаки ханда аст. Аз саҳнаи зиндагии ҳаррўзаи мо ў қаҳрамонони мўъҷизаовар меофарид, ки дар мадди аввал ҳаҷвнигоронро ба ҳасад водор мекард, ки чаро чунин воқеаҳоро мушоҳида накардаанд. Ҳамзамон ҳаҷвияҳои ўро дар саҳнаҳои симо, театр ба маърази тамошобин мегузоранд. Бобоҷон дар ҳаҷвияи “Риёзии рўзи таваллуд”, “Граф Асалбек” таваллуди хандаи гиряоварро эҷод мекунад. Бузургии тасвири  ў ин риояи иззати нафс, нангу шарф ва шоистагии инсон аст, ў қаҳрамононашро барои хандонидан бемаънӣ мазоху масхара намекунанд, ба қавли Семён Маршак аз аблаҳ будани аблаҳон сўистифода намекунад. Хаҷвнигори рўҳшинос дар ҳар ҷурми зиндагӣ зебоии хандаро пайдо менамояд. Барои Бобоҷони Икром тахайюли пур аз иғроқ, муҳобот, мавҳум дар офариниши образҳо, рамзҳо ашёи хом нест. Ба ин ҳаҷвияҳои “Рашк”, “Майда ва Кабир”, “Девор” мисол шуда метавонад. Дар мадди аввал ба назари кас мавзўи маъмули он замон беимзонависӣ обшуста менамояд. Аммо Бобоҷон ба ин мавзўи обшуста оҳари нав зам намудааст. Бе имзонависи  ў рўҳшиносаст. Бо ин силсила Бобоҷон Икромов хандаи дарунӣ, табассуми андўҳолудро офаридааст.

Лутф ва мутоибаи арбобони бузурги замон паҳлўҳои мусбати илмӣ, фалсафӣ дорад. Ин тарҷумаи ҳоли айём дар эҷодиёти устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Фазлиддин Муҳаммадиев, Сайидалӣ Вализода, Ашўр Сафар, Қутбӣ Киром низ нақши муассир дошт. Нависанда Бобоҷони Икром  лаҳзаҳои ҷолиби зиндагии бузургонро бо диди мутоиба тасвир кардааст. Табассум ва ҳазлу шўхиҳои онҳо фасли ҷолиби навиштаҳои Бобоҷони Икром маҳсуб мешавад.

Шакари ҳаҷв тахайюли кайҳонӣ, иғроқи мантиқ ба ақидаи Вилли Брайнхолст (ҳаҷвнависи австрягӣ) фақат барои барангехтани ханда нест. Тасвир ва ҳам хаёлоти дар ҳаҷвияҳои “Раиси нав”, “Тақдир”, “Рашк”, ”Тобути мансаб”, “Зукоми кирмак”, “Дар тайёра”, “Дар қабулгоҳ”, “Саховат» бозёфти Бобоҷони Икром аст. Афсўс, дар адабиёи мо чунин тахайюлирангин мақоми хешро то ба ҳол пайдо накардааст. Бобоҷони Икром  эҷодкори ҷўё, қолабшикану навовар. Ӯ дар адабиёти ҳаҷви мо поягузори нақизамасалҳо маҳсуб мешавад. Силсилаи масалнақизаҳо навҷўии тозаи ўст. Хонанда нуқси зиндагиро дар тамасхури нави Бобоҷони Икром мутолиа карда, худро тасаллӣ медиҳад. Дар нақизамасалҳои “Коҳи кўҳна”, “Ишқи аввал”, “Пеш аз пода чанг”, “Нохун”, “Табар ва кунда”, “Ришвахўр”, “Зи ҷав ҷав рўяд”, “Суруди чакра”, “Чумчуқ ва қассоб”, “Сиёсатмадор”, “Руст-рустакон” дар қолаби фишурда рўҳияи бархўрди моро ба зиндагӣ инъикос намудааст. Ҷолиб аст, ки мақолҳои худи муаллиф низ ҷояшро хуб ёфтаанд.

Нависанда Икромов танҳо аз мавзўъҳои безарари маъмули маишӣ барои образҳо ашёи хом намегирад. Дар солҳои бағоят муташанниҷи 1992-94 ў сиёсатро ҳадафи марказии тири мазаммат қарор медиҳад. Ҳаҷвияҳои “Сиёсатмадор”, “Дурўғ”, “Дар  истгоҳ” ҷасорат ва шуҷоати ўро нишон медиҳанд. Тасвири ҳомиёнаи ҳодисаҳои замонро ба тасвири даҳшату тангназарии сиёсӣ иваз мекунад. Дар асл  ҳаҷв ва сатираи солҳои 90-уми адабиёти мо рўзҳои наҳсу таназзул аз сар мегузаронад. Аз ҳаёт рафтани ҳаҷвнигорон Самад Ғанӣ, Раҳим Ҷалил, Бурҳон Ғанӣ, Насрулло Асадуллоев  дар адабиёт, ба сабаби тиҷорат боздоштани фаъолияташон нависандаҳо  Наҷмиддини Шоҳинбод, Қурбони Аламшо, Имоми Холназар зарбаи хеле сахт буд. Вале Бобоҷони Икромро на таҳдиди замони нав ва на тиҷорат аз қалам накард. Ба силсилаҳои ҳаҷвияҳои  “Рўзи сахт”, тамасхурмасалҳо дар ин замон рўйи қоғаз омаданд.

Вазифаи ҳаҷв танҳо хандондану хушҳол кардани хонанда нест. Гарчанде ҳаҷвияҳои Бобоҷони Икром чунин ўҳдадориро назди хонанда иҷро кардаанд, вале хонандаи даррок аз он чизи дигар, яъне ба андешаи амиқ ҳидоят кардани инсонро пас аз лаҳзаи гуворои хушҳолии қаҳрамони ин жанр эҳсос мекунад. Ба нависанда муяссар гардидааст, ки як ҷузъи танбалӣ, беҳафсалагӣ, ҳасудӣ, кундназарии хешро дар навиштаҳои ў пайдо кунад. Мо хеле хуб ва моҳирона ба ҳоли ҳамдигар механдем. Аммо ба мазҳакаи нуқси зиндагии хеш ҷуръат надорем ва боз ин китоб аз он ҷиҳат нозир аст, ки баъди шаш соли расо дар чумҳурӣ бори нахуст китоби хуби ҳаҷвӣ нашр мешавад. Бо ҷуръат пешгўӣ карда метавонем, ки пас аз даргириҳои зиёди сиёсӣ вақти ханда фаро расид. Биёед, ба хандаю табассуми адиби ҷасур шарик шавем.

    Наҷмиддини Шоҳинбод.

Узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон,

 барандаи Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ.

 

 

Сарсухан ба китоби “Шаҳри ханда” навишта шудааст, ки соли 2002 чоп шудааст. Китобро шумо дар Китобхонаи миллӣ метавонед мутолиа намоед.

 

Таҳияи Нафиса Қурбонова