Наққошиҳои хонандагон дар мавзӯъи “Касби ман ифтихори ман»

Хонандагони толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бо ширкати фаъолашон дар маҳфили «Ман метавонам” дар мавзӯъи “Касби ман ифтихори ман” расмкашӣ карданд. Масъулини шуъба ба хонандагон аввал дар бораи касбу кор маълумот доданд ва гуфтанд, ки ҳар касе ин ҷо ҳузур дорад, дар дил орзу мепарварад, ки баъди хатми мактаб касберо интихоб кунад ва барои расидан ба орзу талош намояд.

Сипас, ба ширкаткунандагон гуфта шуд, ки касби ояндаи худро тасаввур кунанд ва расми онро рӯи коғаз оваранд. Бачаҳо аввал дар бораи орзуҳои худ нақл карданд ва гуфтанд, ки оянда мехоҳанд кӣ шаванд. Сипас бо пешниҳоди масъулини маҳфил расмҳои касби ояндаи худро кашиданд.

Наққошиҳои хонанадагони наврас басо ҷолибу диданӣ буд. Онҳо тасаввури худро аз касби ояндаи хеш дар рӯйи коғаз наққошӣ карда буданд ва ҳар кадоме аз ин расмҳо тахайюли кӯдаконаи хонандагон дар бораи ояндаи онҳо буд.

Маҳфил аз ҷониби телевизиони бачаҳо ва наврасони “Баҳористон” барои барномаи “Субҳ” наворбадорӣ шуд, ки қарор аст ба наздикӣ намоиш дода шавад.   .

Шаҳноза Дониёрова