“Хомӯшии барраҳо” баъди 35 сол…

Сивупанҷ сол мегузарад аз он замоне, ки бори аввал филми “Хомӯшии барраҳо” намоиш дода шуд. Филме, ки пуровоза шуд, пурдаромад шуд, ба таҳиягарону нақшофаринонаш шуҳрати ҷаҳонӣ овард, соҳиби як силсила ҷоизаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар аввалин соли рӯи кор омаданш ба 5 ҷоизаи Оскар шоиста дониста шуд. Ин филм ҳамоно аз беҳтарин филмҳои офридашуда дар жанри ваҳшати равонист ва то кунун Ҳоливуд бо вуҷуди шуҳрати оламгираш назири он филми дигаре дар ин жанр тавлид накардааст.

«Хомӯшии барраҳо” (анг.  The Silence of the Lambs) – як филми амрикоии тавлиди соли 1991 дар жанри ваҳшати равонӣ бо коргардонии Ҷонатан Деми. Ин филм аз рӯи асари ҳамноми Томас Ҳаррис дар бораи як қотили занҷираӣ бо номи Ҳонибол Лектер (анг. Hannibal Lecter) рӯи навор омадааст. Филми “Хомушии барраҳо”-ро аз ҷиҳати сужа филми “Аждаҳои сурх” (2002) идома медиҳад. Аз ин пештар филми “Ҳонибол” ҳам рӯи навор омада буд, ки идомаи ҳамин силсилафилмҳост.

Нақши асосиро дар ин филм ҳунармандони шинохта Энтони Ҳопкинс ва Ҷоди Фостер бозидаанд.

Ин филм 30-уми марти соли 1992 соҳиби панҷ ҷоизаи “Оскар” дар соли 1991” дар номинатсияҳои “Беҳтарин филм”, “Коргардони беҳтарин”, “Беҳтарин нақши мард”, “Беҳтарин нақши зан”, “Беҳтарин филмномаи иқтибосӣ” шуд. Ин сеюмин бор дар таърихи филмсозии Амрико буд, ки як филм тавонад панҷ номинатсияи аввалдараҷаи “Оскар”-ро дарёфт кунад. Аз ин пештар филмҳои “Дар як шаб иттифоқ уфтод” (1934) ва “Девона аз қафас парид (1975) ба ин шараф ноил шуда буданд.

26-уми феврали соли 1991 дар 41-умин Ҷашнвораи байналмилалии филми Берлин Ҷонатан Демми ба ҷоизаи “Хирси нуқраӣ” дар номинатсияи “Беҳтарин коргардон” савор шуд.

Моҳи сентябри соли 2011 “Хомӯшии барраҳо” дар шохиси беҳтарин филмҳои даҳшат ҷойи 64-умро ишғол намуд. Борҳо аз он беҳтарин триллер дар таърихи синемо ном бурдаанд. Дар рӯйхати 100 филми амрикоии ҳаяҷонбарангез ҷойи панҷумро ишғол мекунад.

Аз 14-уми феврали соли 1991, ки аввалин бор намоиш дода шуд, 282 миллион фурӯш дошт. Ин ҳам дар ҳолест, ки филм бо буҷаи 27 миллион доллар таҳия шуда буд. Яке аз филмҳоест, ки дар таърихи синемои олам аз беҳтаринҳо дониста шудааст.

КУТОҲ ДАР БОРАИ СУЖАИ ФИЛМ

Сужаи филм аз он шуруъ мешавад, ки ФБР як силсила кушторҳоеро, ки аз ҷониби як қотили силсилавии номаълум содир шудаанд, мавриди тафтиш қарор медиҳад. Ин қотилро одате буд, ки занонеро, ки мекушт, пӯсташон меканд ва ҳамин одат буд, ки барояш лақаби  “Буффало Билл“-ро ​​овард (ба номи соҳибкори амрикоӣ Буффало Билл, ки бизонҳоро мекушт) доданд.

ФБР дар тафтиши санҷишҳои худ ба ҷойе намерасад ва ноумедона ба кумаки қотили хатарноки одамхӯр, равонпизишки собиқ Ҳоннибал Лектор, ки он замон дар бемористони равонӣ зиндонӣ буд, муроҷиат мекунад. Курсанти ҷавони Академияи ФБР Кларис Старлинг, барои мусоҳиба бо ӯ фиристода мешавад.

Байни Лектер ва Старлинг пайванди отифӣ шакл мегирад. Лектер бо ӯ бозиҳои аҷиби равонӣ бозмданро оғоз мекунад: ӯ розӣ мешавад, ки ба Кларис танҳо дар сурате кӯмак кунад, ки тафсилоти ҳаёти худро ошкор созад. Старлинг ба Лектер баъзе аз хотираҳои кӯдакии худро, ки ба як таҷрибаи амиқи равоншинохтӣ дар мавриди фирор аз хонаи волидайни угаяш дар талош барои наҷоти як барра аз куштор марбут буд, ошкор мекунад. Ҳамчун як навъ мубодила, таваҷҷӯҳи ӯро ба баъзе тафсилоти парванда ҷалб мекунад, ки изи он ба Буффало Билл мерасад.

Дар ҳамин ҳол, “Буффало Билл” духтари сенатор Кэтринро мерабояд ва сардори тиббӣ Чилтон, ки қасд дошт барои худ ном барорад, ба Старлинг аз муошират бо Лектор манъ мекунад. Сенатор бо Лектор созиш мекунад, аммо ӯ аз боздоштгоҳи муваққатӣ фирор мекунад ва полис ва гурӯҳи ёрии таъҷилиро мекушад.

Старлинг дар зимни таҳқиқи  мавриди гузаштаи яке аз як аз қурбониён мутаваҷҷеҳ мешавад, ки  Буффало Билл қаблан хайёт буда ва қурбониро ба хубӣ мешинохтааст.

Ба хотири пайдо кардани маълумот дар бораи қурбонии аввал вай ба хонае мерасад, ки ин қотили силсилавӣ он ҷо зиндагонӣ мекунад. Ӯ Ҷейм Гамб буд. Вай пас аз дидани парвонае (Сари мурда), ки пиллаашро ба даҳони қурбониёнаш қарор дода буд, мутаваҷҷеҳи ҳуввийяти ӯ мешавад. Ҳангоми таъқиби қотил, Старлинг дар таҳхона мемонад, ки дар он ҷо костюми нотамомро аз пӯсти қурбониён ва Кэтринро дар чоҳе пайдо мекунад, ки саги дӯстдоштааш Гамбро гаравгон нигоҳ медорад.

Қотил ногаҳон чароғҳоро хомӯш мекунад ва бо айнаки шабона пушти Старлингро нишон мегирад. Вай Буффало Биллро бо садои таппончаи ларзонаш мекушад. Дар охири филм, ба ӯ Лектер занг мезанад, ки пинҳонӣ бо Чилтони тарсида дар фурудгоҳи Ҷануби Богамо вомехӯрад. Дар давоми сӯҳбат, ӯ ба Кларис ишора мекунад, ки Чилтон қурбонии навбатии ӯ аст.

КИСТ ҲОННИБАЛ ЛЕКТАР?

Ҳоннибал Лектар як шахсияти тахайюлӣ аст, ки тавассути романнавис Томас Ҳаррис падид омадааст. Ӯ як қотили занҷираӣ аст, ки қурбониёни худро мехӯрад ва қабл аз ин ки дастгир шавад, як равоншиноси қонунӣ буду касе аз вай ин гумонро надошт.

Ҳаррис ошкор кард, ки ӯро барои офаридани ин қаҳрамон як духтури зиндонӣ аз шаҳри Монтеррейи Мексика дар иёлати Нуэво Леон илҳом бахшидааст. Ин дар пешгуфтори худ ба нашри нави “Хомӯшии барраҳо”, ки ба 25-умин солгарди чопи китоб бахшида шуда буд, омадааст. Аммо, Ҳаррис номи ин духтурро ошкор накард ва афзалтар донист, ки ӯро бо номи сохтаи “Доктор Салазар” ёд кунад.

Энтони Хопкинс мегӯяд: “Ҳоннибал Лектор воқеан як чеҳраи ҷаззоб аст. Ба назар мерасад мо махфиёна ӯро таҳсин мекунем. Ӯ бахше аз худи мо, орзуҳо, хаёлот ва ҷанбаҳои торики рӯҳи мост ва фақат дар сурате метавонем воқеан солим бошем, ки вуҷуди онҳоро бипазирем. Шояд бихоҳем ба андозаи ӯ ҷасур ҳам бошем”.  

Нависандаи роман Томас Ҳаррис гуфт, ӯ бо доктор Салазар дар зиндон, ки барои мусоҳиба бо як маҳбуси амрикоӣ, қотили се ҷавон, рафта буд, дидор доштааст. Ҳаррис санаи дақиқи ин мулоқотро ёдовар нашудааст, вале эҳтимолан он соли 1964 иттифоқ уфтода буд. Ҳаррис бо доктор Салазар пас аз наҷоти ҷони ҷинояткоре, ки нависанда мехост мусоҳиба кунад, вохӯрд. Маҳбус ҳангоми кӯшиши фирор аз зиндон маҷрӯҳ шуд, аммо духтури зиндон тавонист ӯро табобат кунад. Нависанда дар бораи сӯҳбат бо доктор Салазар, маҳбуси маҷрӯҳшудаи амрикоӣ ва осебҳои кӯдакӣ, ки метавонистанд ӯро ба куштор водор кунанд, ба ёд меорад. “Доктор Салазар марди хурдсол ва лоғар бо мӯйҳои сурхи тира буд. Ӯ рафтори хеле ором дошт ва ин барояш як навъ зебоӣ мебахшид”, мегӯяд Харрис.

ОСОН НАБУДААСТ ОФАРИДАНИ ИН ОБРАЗ

Оре, офариниши як чеҳраи ҷиноятпеша, ки чун як симои зишти нотакрор ва нафратбарангез абадӣ бимонад, кори осону содаи набуд Ҳунарпеша Энтони Ҳопкинс чун ба иҷрои ин нақши муҳим пазируфта шуд, қаҳрамони худро бадиққат омӯхт. Барои ин вай парвандаҳои бисёр қотилони силсилавии машҳурро варақ зад, аз зиндонҳое, ки онҳо дар он ҷо нигоҳ дошта мешуданд, боздид кард ва дар мурофиаҳои пурнуфуз иштирок намуд.

Ҳопкинс дар офариниши ин образ як усулро истифода бурд: ҳангоми тамошои видеои суханронии Чарлз Мэнсон, Ҳопкинс қайд кард, ки Мэнсон ҳеҷ гоҳ чашмак намезанад, ки ин далелро ӯ дар филм таҷассум кардааст. Қотили силсилавии филм Буффало Билл аз се қотили машҳури воқеӣ иборат буд: Тед Банди, Эд Гейн ва Гари Ҳайдник. Сюжаи филм бар асоси ҳамкории воқеии байни қотили силсилавии Тед Банди ва профессори криминологияи донишгоҳ Роберт Кеппел сохта шудааст.

Ҳамин буд, ки филми “Хомӯшии барраҳо” умри ҷовидон ёфт ва ҳанӯз ҳам дар радифи пурбинандатарин филҳост.

Таҳияи Б.Шафеъ