«Нақши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди неруи зеҳнӣ».Мизи гирд дар Китобхонаи миллӣ

12-уми июни соли равон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба амалисозии ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020–2040» мизи гирд таҳти унвони «Нақши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди неруи зеҳнӣ» баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, татбиқи технологияҳои муосир дар раванди таълим ва баланд бардоштани сатҳи маърифати илмии ҷавононро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамоишро муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Камолзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълони 

«Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» барои рушди неруи инсонӣ, пешрафти иқтисодӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар аҳаммияти стратегӣ дорад.

Зикр гардид, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи давлат озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» ба густариши ҷаҳонбинии илмӣ, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва рушди иқтидори зеҳнии онҳо мусоидат менамоянд.

Ҳадафи баргузории мизи гирд, қабл аз ҳама, баррасии роҳҳои амалии татбиқи барномаи мазкур дар муассисаҳои таълимӣ, илмиву фарҳангӣ ва таҳияи пешниҳоду тавсияҳои мушаххас барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, рушди неруи зеҳнӣ ва ташаккули тафаккури техникии ҷомеаи мо дар доираи татбиқи барномаи давлатӣ мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш директори Китобхонаи давлатии патентию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳирҷон Холиқов дар мавзуи «Нақш ва ҷойгоҳи илмҳои дақиқ дар рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ» маърӯза намуд.

Ҳамчунин, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ-риёзии Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Сурайё Шердилова дар мавзӯи «Афзалиятҳои технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар раванди таълими фанҳои дақиқ, табиӣ-риёзӣ ва дигар фанҳо» суханронӣ карда, нақши технологияҳои муосирро дар баланд бардоштани сифати таҳсил муҳим арзёбӣ намуд.

Дар идома, дотсенти Донишкадаи технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Дилшод Табаров дар мавзуи «Нақши таълими табиатшиносӣ дар ташаккул ва инкишофи тафаккури хонандагони синфҳои ибтидоӣ» маъруза карда, ҷиҳатҳои муҳим ва ҳадафмандонаи мавзуро мавриди барасси қарор дод.

Дар анҷоми кори нишаст иштирокдорон оид ба роҳҳои такмили омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ва рушди иқтидори илмии ҷавонон мубодилаи афкор намуданд.

Маврид ба зикр аст,ки баҳри амалӣ намудани ин ташаббусҳои созанда дар радифи дигар ниҳодҳои илмиву тарбиявӣ нақш ва мақоми китобхонаҳо ҳамчун муассисаҳои фарҳангӣ, иттилоотӣ ва омузишӣ беш аз пеш меафзояд. Имрӯз китобхонаҳо муваззаф ҳастанд, ки бо истифода аз технологияи иттилоотӣ-иртиботӣ ҳарчи беҳтару бештар дар оммавигардонии дониш, бахусус тарғиби адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ саҳм гузоранд.

Китобхонаи миллӣ ҳамчун маркази бузурги илму фарҳанги ҷумҳурӣ ҳар як иқдому ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллати тоҷикро самимона ҷонибдорӣ намуда, барои татбиқи ҳадафмандонаи онҳо тамоми неруи илмӣ, фарҳангӣ ва иттилоотии хешро мавриди истифода қарор медиҳад.

Наргис НАЗАРЗОДА, 

бахши матбуот ва 

робита бо ҷомеаи

Китобхонаи миллӣ