Нақши китобхона дар ташаккули фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа
Китоб як рукни муҳимми тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрўза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд. Ва беҳуда нест, ки китобхонаҳои бузург ва номдори олам боиси ифтихори тамоми инсоният ба шумор мераванд.
Эмомалӣ Раҳмон
Мусаллам аст, ки агар дар хусуси китоб, нақши он дар ҷомеа ва ҷойгоҳи таърихии ин каломи навиштор ва нигоҳдорандаи фарҳанги бою ғанӣ ҷилд-ҷилд навишта, соатҳо беинтиҳо ҳарф бизанем, ин хеле кам хоҳад буд. Аз ин хотир, мехоҳам таваҷҷуҳи хонандаи закӣ – ҳаводорони мутолиаро ба мавзўи китобхона ҷалб созем, то фаҳмида шавад, ки ин боргоҳи муқаддас ва маърифат, чӣ нақше дар ҳаёти ҷомеа дорад.
Китобхона ҳамчун маркази ҷамъоварӣ ва нигаҳдории маводи илмию таълимӣ ва таърихию фарҳангӣ арзёбӣ гардида, яке аз рисолатҳои муҳимми он ин таъмини дастрасии баробар ва озодона ба сарчашмаҳои итттилоот мебошад. Имрўз дар китобхонаҳои муосир барои ҷустуҷў, ҷамъоварӣ, таҳлил, коркард ва истифодаи иттилоооти гуногун тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар заминаи таҳлилу коркарди иттилоот афроди ҷомеа роҳҳои истифодаи иттилооти арзишмандро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ миллӣ пешниҳод намуда, ба ин васила дар раванди рушди он ширкат меварзанд. Пас, маълум мегардад, ки китобхона дар ҷомеа нақши муҳим ва муассире дошта, ҳар ҷомеае барои пешрафти илму дониш ба мутолиаи китоб ниёз дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллати тоҷик пеш аз ҳама ҳамчун фарҳангсолор, тамаддунсоз ва инсони китобдўст шинохта шудаанд. Сарвари хирадманди тоҷикон китобро дар баробари муқаддастарин арзишҳо Модар ва Ватан гузоштанд, ки ин нишонаи таваҷҷуҳи хоса доштани Президенти кишвар ба китоб аст. Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар даврони Истиқлол боиси рушди соҳаи китобу китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Аз ҷумла мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави замонавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва чандин китобхонаҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар замони истиқлол, балки дар таърихи халқу миллати тоҷик дастоварди бесобиқа маҳсуб меёбад ва аз иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Таҷриба ва фарҳанги китобдории ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки рушди ақлонию фарҳангӣ аз китобхона ва тарзи дастрасӣ ба китоб вобастагии амиқ доштааст. Аз ин рў, фарҳанги китобхонӣ ва китобдорӣ дар ҷомеа василаи асосии рушди тамаддун ва шинохти мероси илмӣ- адабӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Мавриди таъкид аст, ки дар замони муосир ҳарчанд пешрафту тараққии расонаҳои интернетӣ назаррасанд, вале дар ин самт китобхона ва фарҳанги китобдорӣ нақши асосиро мебозанд. Фаъолияти китобхонаҳо дар ҳамаи кишварҳо маҳз ба хотири рушди ҳаёти фарҳангии ҷомеа амал намуда, то ба имрўз ҳеҷ яке аз расонаҳои ҷаҳонӣ натавонистааст ҷойгоҳ ва мақоми онро комилан ишғол намоянд.
Интернет дар солҳои 60-70 садаи XX пайдо шудааст, аммо осори бузурги илмӣ-адабӣ аз қадим то ба имрўз ҳам дар шакли дастхат ва ҳам дар шакли китоб дар китобхонаҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Аз ҷониби дигар, китобхонаро метавон ниҳоди илмӣ ва макони баргузории ҳамоишҳои илмӣ номид. Пас ин ниҳод барои соҳибназарон ва донишмандон макони бисёр муқаддас маҳсуб меёбад, зеро яке аз омилҳои муҳими пешравию шукуфоии истеъдодҳои наврас, донишмандони баркамол ва дигар афроди ҷомеа ба қуллаҳои баланди илму техника ва камолоти зеҳнӣ маҳз китобхона аст. Рушду нумўи фарҳангу тамаддун ва пешрафти ҷомеа маҳз тавассути донишандўзӣ ва шинохти осори бузурги гузаштагон муяссар мегардад. Агар китоб ганҷ бошад, пас китобхона ганҷина аст. Дарвоқеъ, ҳар ҷомеаеро аз ҷаҳлу нодонӣ танҳо китоб наҷот дода метавонад. Аз ин рў, ҷойгоҳи китобу китобхона дар ҷомеа барои пешрафту шукуфоӣ, рушди илму техника ва ҳаёти фарҳангии ҷомеа бағоят муҳим арзёбӣ мегардад. Имрўз дар шаҳру деҳоти мамлакат беш аз 1400 китобхонаи давлатию оммавӣ фаъолият дошта, шумораи мағозаи фурўши китоб рўз аз рўз афзун мегардад.
Мавриди таъкиди хос аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари мулоқоту суханрониҳо ва паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақши китоб ва китобхонаҳо дар самти маърифаткунонии ҷомеа ва ҳифзу гиромидошти фарҳанги миллӣ ёдовар шуда, масъулони мақомоти дахлдори давлатиро муваззаф мегардонанд, ки ҷиҳати истифодаи самараноки онҳо барои таъмини рушди устувори кишвар тадбирҳои муассир андешанд.
Аз ин рў, месазад, ки масъулони тамоми соҳаҳо, бахусус насли ояндасози миллат, ба гуфтаҳои боло назари некандешона зоҳир намоянд, барои ташкили китобхонаҳои шахсӣ талош варзанд, то ин ки фарзандони мо ба китоб унс гиранд ва аз уҳдаи арҷ гузоштан ба китобу фарҳанг, илму дониш баромада тавонанд. Дар ин кор падару модарон бояд намунаи ибрат бошанд ва шавқи китобхониро дар дилу шуури фарзандон бедор кунанд.
Пўшида нест, ки китобу китобхона на танҳо дар тарбияи насли наврасу ҷавон, балки дар тарбияи хушаҳлоқӣ ва пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳо, рафторҳои ношоиста нақши муҳим мебозад. Бо назардошти ин кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ бояд баҳри тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи сиёсати бунёдкоронаву сулҳҷўёна ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои амалӣ андешида, дар байни хонандагон чорабиниҳои гуногуни шавқовар гузаронанд, дар тарбияи худшиносиву худогоҳии кўдакону наврасон ва ҷавонон саҳми арзандаи худро гузоранд. Имрўз, маҳз мавқеи устувори китобхонаҳо ҳамчун маркази илму маърифат боис гардидааст, ки ҳазорон хонандагон роҳи дурустро дар зиндагӣ интихоб намуда, соҳиби касбу кор ва мавқеи арзанда дар ҷомеа гардидаанд. Имрўз кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз он ифтихор доранд, ки хонандагони дирўзаашон имрўз сиёсатмадор, табибу дорусоз, омўзгору олим ва мутахассисони соҳаи гуногун мебошанд.
Назар Баҳрулло.
мутахассиси шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ.