“Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ”

27 – уми августи соли 2026, соати 14: 00 бо ташаббуси маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдории Китобхонаи миллӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ” ба муносибати 35 – солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

  Конференсияро муовини директори Муассасаи давлатии  “Китобхонаи миллӣ”- и  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сайфиддин  Камолзода оғоз намуда, сипас  Кароматулло Олимов – доктори илмҳои фалсафа, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Зафари  Шариф – директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон», Гадобег Маҳмудов – мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Олимҷон Табаров – мудири “Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров” дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, Анвар Бобохоҷаев мудири китобхонаи шахсии “Кошонаи Саъдӣ” дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ва Ҳакималӣ Назаралӣ – мудири китобхонаи шахсии “Қасри маърифат” дар шаҳри Ҳисор дар мавзуъҳои марбут ба китобхонаҳои шахсӣ ва нақши онҳо дар баланд бардоштани маърифати китобхонии ҷомеа, маъруза намуданд.

Дар баробари китобхонаҳои давлатӣ ва муассисавӣ, китобхонаи хусусӣ низ метавонад дар рушди китобдории миллӣ саҳми назаррас гузоранд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси китобхонаҳоро аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ иҷозат медиҳад ва китобхонаҳои хусусиро ҳамчун яке аз намудҳои китобхона эътироф мекунад.

Китобхонаҳои шахсӣ одатан дар натиҷаи солҳои зиёд ҷамъоварӣ намудани китобҳо, дастхатҳо, асарҳои нодир маҷҷалаҳо ва дигар маводи чопӣ ба вуҷуд меоянд. Баъзе аз чунин маҷмуаҳо метавонанд дорои арзиши муҳими илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ бошанд.

Аз ин рӯ, соҳиби китобхонаи шахсӣ танҳо ҷамъ овардандаи китоб нест, балки метавонанд ҳамчун ҳифзкунандаи мероси хаттӣ ва фарҳангии миллат баромад кунад. Дар замони ҷаҳонишавӣ китобхонаҳои шахсӣ метавонанд ба яке аз унсурҳои муҳими низоми китобдории миллӣ табдил ёбанд. Онҳо на танҳо ҷойи нигоҳдории китоб, балки хазинаи хотираи таърихӣ, маркази маърифат ва воситаи ҳифзи ҳувийяти миллӣ мебошанд.

Аз ин рӯ, дастгирӣ ва рушди китобхонаҳои шахсӣ, ба роҳ мондани ҳамкории онҳо бо китобхонаҳои давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ,  инчунин истифодаи технологияҳои рақамӣ метавонад барои рушди минбаъдаи китобдории миллии тоҷик заминаи муҳим фароҳам оварад. Китобхонаҳои шахсӣ метавонанд ҳамчун пуле миёни гузашта, имрӯз ва ояндаи фарҳанги миллӣ хидмат кунад.

Ба сурати умум ҳифзи китоб, ҳифзи таърих, забон ва фарҳангӣ миллат аст.

Кароматхон АСОЕВА,

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа