Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ
27 сол аз қабули Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-соли таърихи сипарӣ мегардад ва мо шоҳиди онем, ки арзишҳои волои ин бахтномаи миллат барои таъмини мустақилияти комил, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешрафти ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаи муосири мо нигаронида шудаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатиро муайян мекунад.
Дар шароити муосир нақши рӯзафзуни Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар давлатдории ҳар як давлати соҳибихтиёр равшан муайян гардидааст. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муддати 30-соли истиқлоли давлатӣ ин падида хос мебошад.
Бояд қайд намуд, ки қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳаввулоти бузургро дар фазои сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар ба миён овард. Зеро бо қабули ин санади меъёрии ҳуқуқӣ марҳилаи сифатан нави рушди ҷомеа ва давлат барои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд ва доираи муносибатҳои комилан ҷадид дар он муқаррар гардид.
Воқеан, давлати ҳуқуқбунёд эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Конститутсия зарурати воқеӣ мебошад. Ғояи давлати ҳуқуқбунёд дар давраи мубориза ба муқобили худсарии монархияи мутлақ ба миён омад. Хусусияти дигари хоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки он давлатамонро давлати демократӣ эълон намудааст.
Дар давоми 30-соли Истиқлолият мо бовуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёриамонро гузоштем ва ба корҳои азизи бунёдкориву созандагӣ шурӯ намудем.
Бояд қайд кард, ки маҳз бо ташаббусу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат ва миллати тоҷик ба ин неъмати беназири таърихӣ – Истиқлол, ки орзуи деринаи ҳар як халқу миллат аст, мушарраф гардид ва имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол қадам ба сӯи ояндаи дурахшон мениҳад.
Нақши Конститутсия дар бунёди давлати соҳибихитёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арёбӣ карда мешавад. Конститутсия қонуни таъсиси давлат, низоми фаъолияти мақомоти он, тартиби ташкил ва татбиқи салоҳияти онҳо ва омили муайянкунандаи равобити мутақобилаи байни мақомоти давлатӣ мебошад. Конститутияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлол ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли идораи давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Қонуни асосии кишвар, дар шароити муосир чун воситаи муҳимтарини танзимкунанда ва муқарраркунанда муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ ва давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар заминаи эътирофи арзишҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд қабул гардида, амал мекунад.
Сафаралӣ Тошев, мутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон.