Нақши маҳофили фарҳангию адабӣ дар ташаккули завқи китобхонии кӯдакону наврасон
Кӯдакон идомаи ҳаёти башарият дар сайёраи замин буда, зиндагиро нур, хонадонро шодмонӣ ва ҷомеаро зебоӣ мебахшанд. Агар зиндагии инсониятро аз ибтидои пайдоиши тамаддун таҳлил намоем, ҳар ҷомеаи пешрафта дастовардҳои бунёдии худро, бидуни шак аз тарзи муносибат бо насли навраси худ пайдо кардааст. Зеро шуури кӯдак аз нигоҳи зеҳнӣ орӣ аз иттилооти нолозим буда, метавонад тамоюлотро дар ин ё он соҳа ба зудӣ бипазирад ва ба он машғулияте, ки озодиҳои фитрии ӯ халалдор намешаванд, ҳаракат кунад.
Кӯдак ба ҳар ашё ва муносибатҳои ҷамъиятӣ бо шавқ менигарад. Зеро то ҳол доир ба воқеаҳои ҳаёт маърифати комил пайдо накардааст. Ин ҳолат боис мешавад, ки гоҳе атфол оташро зебоӣ пиндошта, ба он даст мерасонанд. Яъне, интихоби кӯдак, шавқу завқ, хоҳишҳои ботинӣ ва тарзи зиндагии ӯ аз муносибати атроф: хонадон, муҳити иҷтимоӣ ва боғчаву мактаб вобаста мебошад.
Дар ҳар давру замон маърифати кӯдакон ба китоб вобастагии зич доштаву дорад. Зеро китоб манбаи иттилоот, василаи фаҳми дирӯзу имрӯзи ыащон ва заминаи мувофиқ барои шинохти фардои олам мебошад. Наздик шудани кӯдак бо китоб ӯро дар баробари маърифат ба шинохти худӣ, таҳлили зеҳнӣ ва муколамаи ботинӣ мерасонад. Ин раванд ҷараёни мураккабу душвор буда, муҳаққиқон тарбияи кӯдакро вазнинтар аз идораи давлат маънидод кардаанд. Аз ҷумла, публитсисти амрикоӣ Уилям Чэннинг гуфтааст: «Барои тарбияи кӯдак андешаву хиради амиқр лозим аст, ҳатто амиқтар аз идоракунии давлат».
Ба ташхиси муҳаққиқон кӯдакон бо мутолеаи китоб худро дар радифи қаҳрамонон тасаввур намуда, дунёи худро дар асоси мутолеа ва тасаввуроти тифлӣ месозанд. Аммо дар рӯзҳои мо, ки рушди техникаву технологияи инноватсионӣ: дастрасӣ ба айфону айпадҳо, планшету компютерҳои насли охир, ноутбукҳо, телевизиорҳои сенсории моҳворавӣ, бозиҳои интернетӣ, филмҳои тасвирӣ озод шудааст, кӯдакон аз китоб то андозае дур мондаанд.
Масъалаи китоб, китобхонӣ ва пайвандӣ бо маводи маърифатафзо дар шароити муосир моро водор менамояд, ки ба масъала на аз зовияи фардӣ, балки аз лиҳози стратегӣ назар кунем. Ҷалби кӯдакону наврасон низ ба ин самт масъалае мебошад, ки дар ростои мо – калонсолон қарор мегирад. Пас, вазифаи ҳар як калонсол аст, ки дар ташаккули афкори солими кӯдакон бо ҳар василае саҳмгузор бошем. Зеро тарбияи солиму созгори кӯдакон ояндаи миллатҳоро рақам мезанад. Тавре файласуфи машҳур Мэн-сзи гуфтааст: «Инсони бузург ҳамонест, ки қалби кӯдаконаи худро гум намекунад».
Назарияи педагогика ва махсусан, муҳаққиқони варзидаи соҳаи китобдорӣ яке аз воситаҳои муассири ҷалби наврасон ба китобхонию китобхонаро дар баргузории чорабиниҳои шавқовари фарҳангӣ – фароғатӣ, маҳфилҳои зеҳнию адабӣ ва бозиҳои гуногуни маърифатӣ донистаанд. Ин назария комилан дуруст буда, дар раванди кори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи фаровон мегардад ва натиҷаҳои хубу ҷолиб низ ба бор овардааст.
Шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон яке аз шуъбаҳои хидматрасон буда, дар асоси Оинномаи «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, таърихи кори он аз моҳи марти соли 2013 оғоз мешавад. Дар ибтидо ҳамчун толори хидматрасонӣ барои хонандагони хурдсол корро оғоз карда, аз соли 2015 то моҳи марти соли 2017 ҳамчун бахши кӯдакон ва наврасон дар тобеияти шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ амал кардааст. Дар ин марҳила бо баргузории чорабиниҳои фарҳанги-фароғатӣ, бозиҳои шавқовари зеҳнӣ ва маҳфилҳои адабию маърифатӣ тавонист шумораи зиёди хонандагони наврасро ба Китобхона ҷалб намояд.
Кормандони ин ниҳод талош менамуданд, ки барои ҷалби бештари наврасон маҳфилҳои адабию фарҳангиро бештар кунанд. Махсусан, маҳфилҳои «Дар суҳбати адиб», «Панҷаи ҳунар» ва «Китоби нав» аз зумраи маҳфилҳои ҷолиб ба шумор мерафт. Дар ин маҳфилҳо наврасон бо адибони бачагона, ҳунармандони касбу кори гуногун ва китобҳои тозанашр шинос мешуданд. Тарзи баргузории маҳфилҳо низ озоду сода буда, ба шуури наврасон мувофиқ тарҳрезӣ мешуд, то хонандагони навроҳу наврас китобхонаро барои худ азиз шуморанд ва муҳити китобхона барояшон хастакунанда набошад. Барои боз ҳам шавқовару мондагор баргузор шудани чорабиниҳо ва аз ин тариқ ҷалби бештари наврасон ба Китобхона кормандон чорабиниҳоро тариқи воситаҳои ахбори омма ва махсусан телевизионҳои ҷумҳуриявӣ тарғиб намуда, бо иштироки бевоситаи хонандагони пешсаф, ғолибони озмунҳо барномаҳои махсуси телевизионӣ ташкил менамуданд. Ин таҷриба боис шуд, ки сафи хонандагони наврас ба маротиб афзояд.
Зиёд шудани хонандагон боис шуд, ки моҳи марти соли 2017 бо фармони директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши кӯдакону наврасон ба сохтори алоҳида: шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон табдил дода шавад. Ҳоло бошад ин шуъба яке аз шуъбаҳои серхонандатарини «Китобхонаи миллӣ» маҳсуб шуда, ҳамарӯза ба хонандагони навраси Китобхона хидмат мерасонад ва аз ин шуъба рӯзона аз 100 то 150 хонанда дар ду баст истифода менамоянд.
Бояд қайд кард, ки дар баробари хизматрасониҳо ба хонанадагон дар шуъба мувофиқи нақшаи корӣ барномаҳои фарҳангӣ, маҳфилҳо, дарсҳои боз, намоишҳои китобии мавзуӣ ва намоишҳои расмҳои кашидаи наврасон барои ҷалби хонандагон гузаронида мешавад. Маҳфилҳое, ки дар шуъба хусусияти давомнокӣ ва муназзам доранд, маҳфилҳои «Дар суҳбати адиб», «Панҷаи ҳунар», «Ҳамешабаҳор», «Китобхони беҳтарини моҳ», барномаи «Китоби нав», барномаи телевизионии «Фурӯғ» ва монанди инҳо мебошанд. Инчунин, барномаву чорабиниҳои «Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон», ҳафтаи «Забон ва адабиёти рӯс», «Рӯзи ҳадяи китоб» ва ғайраҳо дар шуъбаи адабиёти кӯдакону наврасон гузаронда мешавад. Ин чорабиниҳо бо мавзуъҳои гуногун, усули хоси баргузорӣ, ҳузури фаъоли наврасону кӯдакон ва ҳавасмандсозии насли наврас барои ҷалби қишри хурдсол ба китобхонию китобхона нақши созгор доранд. Ҷиҳати ошноии бештари хонандагон чанд маҳфилро моҳиятан боз менамоем.
- Маҳфил – барномаи «Китоби нав». Ин маҳфил дар як моҳ ду маротиба баргузор шуда, китобҳои тозанашреро, ки бо тарзу усули нав рӯи чоп меоянд ва аз ҷониби шуъбаи коркарди адабиёт ба шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон манзур мешаванд, мавриди баррасии хонандагони фаъоли шуъба қарор мегиранд. Кормандон, китобҳоро ба чанд хонандаи фаъол месупоранд, то хонандагон китобҳоро мутолеа кунанд ва фикру андешаи худро доир ба моҳият, мавзуъ ва муҳтавои асар ташаккул диҳанд. Баъд аз таҳлили хулосаҳои хонандагони наврас кормандони шуъба маҳфилро ташкил намуда, тариқи Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакон ва наврасон «Баҳористон» ин маҳфил сабт ва инъикос мегардад.
Барои ровигӣ дар ин барнома яке аз аъзои фаъоли шуъба, ки ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардидааст – Шарипов Холид интихоб шудааст. Ин наврас бо иштироки шоиста дар озмунҳо ва посухҳои буррову муаддабона дар ҳузури ҳакамон миёни наврасон нуфузи адабӣ дорад. Ба пиндори кормандони шуъба, ки таҷрибаи зиёд дар ин боргоҳ доранд, ин барнома ва ҳузури наврасон дар он аз рӯи принсипҳои ҳамсол ба ҳамсол метавонад барои муаррифии китоб ба хонандагони наврас хидмат намуда, ҳамзамон, наврасону кӯдакони дигарро ба китобхонӣ ҷалб намояд.

- Маҳфили «Дар суҳбати адиб». Ин маҳфил – барнома моҳе як маротиба бо нақшаи мушаххас ва дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакон ва наврасон «Баҳористон» гузаронида мешавад. Маҳфил пурра адабӣ – фарҳангӣ буда, дар он як нависандаву шоири бачаҳо даъват мешавад. Дар ин маҳфил мулоқоти рӯ ба рӯ бо хонандагони наврас баргузор шуда, наврасон дар ин мулоқот аз адибон «чаро», «чигуна» ва «читавр»-ҳоро, ки аз мутолаи асарҳои бачагона пайдо кардаанд, аз муаллифон мепурсанд. Ин маҳфил боис шудааст, ки ҳар навбат хонандагони нав ба шуъба биоянд ва бо адабиёти навин ошно шаванд.
![]()
- Барномаи телевизионии «Фурӯғ». Ин барнома дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сабт ва пахш шуда, баррасии ҳар як асари бадеӣ миёни иштирокчиён, довталабон ва ғолибони озмунро муҳайё месозад. Дар ин барнома, наврасон як асарро аз чанд зовия таҳлилу баррасӣ намуда, фикру андешаи худро аз хондани асар ба ҳамсолони худ манзур мекунанд ва як нафар ғолиби озмун бардошти худро доир ба асари интихобшуда пешкаш мекунад.
Барои ҷалби бештари кӯдакон ва роҳнамои наврасон шудани ин барнома дар самти дарки дурусти асарҳои кӯдакона ровии барнома, адиби кӯдакон ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Азизи Азиз интихоб шудааст, ки барои наврасон як дунёи шоиставу гувороро фароҳам кардааст. Ин барнома низ дар ҳамкорӣ бо бахши адабиёти кӯдакону наврасони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуда, аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» барномаи хос сабт карда мешавад.
Таҳлилҳо нишон додаанд, ки ҳар кӯдаке, ки бори аввал ба ин шуъба ояд, бо дидани фазои орому аз лиҳози адабию фарҳангӣ рангин, ҳатман талош мекунад, ки дигарбора ба шуъба ояд ва аз китобу нашрияҳои он истифода кунад. Кормандони ин шуъба ҳамарӯза ба гурӯҳи хонандагони хурдсол (мактабӣ) хидмат мерасонанд ва талош менамоянд, ки дар тиннати ҳар як кӯдак муҳаббат ва китобу китобхониро бедор созанд. Зеро ҳар як кӯдак бо тарбияи шоиста метавонад барои рушду тараққиёти ҷомеаҳо хидмат намуда, дар оянда як ҷомеаи бузургро танзим намояд.

- Маҳфили «Панҷаи ҳунар». Ин маҳфил аз соли аввали оғози кори толори хидматрасонӣ ба хонандагони хурдсол ташкил шуда, вазифаи он сохтани як фазои озод барои хонандагони наврас аст, то тавонанд тариқи коғазҳои ранга, картонҳо, матоъҳои гуногуни ранга ва ашёҳои нолошим ҳунари худро нишон диҳанд ва ё аз рӯи конструксияҳо бозичаҳои гуногун бисозанд. Дар маҳфил тарзи омода намудани хоначаҳо, сохтани гулдон, ороиши гулҳо ва рангу бор намудани чизҳои қаблан сохташуда нишон дода мешавад. Пӯшида нест, ки ин маҳфил дар баробари ҷалби наврасон ба китобхонӣ, инчунин хонандагонро дар руҳияи меҳнатдӯстӣ, ҳунармандӣ, сохтусоз ва зебоишиносию зебоипарастӣ тарбият мекунад.
- Маҳфили «Китобхони беҳтарини моҳ». Ин маҳфил сабқати зеҳнӣ ё мусобиқаи китобхонӣ байни хонандагони шуъба буда, моҳе як маротиба баргузор карда мешавад. Озмуни мазкур аз рӯи дархости зиёди китобҳо аз фонди шуъба, посух гуфтан ба саволҳои ҳакамон доир ба китобҳои дархосткарда, иштирок дар чорабиниҳои адабию фарҳангии шуъба ва қироати шеъру тарзи баёни фикр баҳогузорӣ мешавад. Озмун дар охири ҳар моҳ ҷамъбаст шуда, ғолиби озмуни мазкур тариқи Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» эълон мешавад. Барои ҳавасманду завқманд шудани наврасони дигар, ғолибони ин озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ: Нишони ғолибияти озмуни «Китобхони беҳтарини моҳ», Сипосномаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, туҳфаҳои моддӣ ва китобу лавозимоти хониш қадрдонӣ мешаванд.
Ин озмун муҳимтарин васила барои зиёд шудани хонандагони наврас дар Китобхонаи миллӣ шуда, барои наврасон ҷиҳати бештар мутолеа кардан, зеҳнро тамрин додан, санъат ва нутқи сухани наврасонро бурро сохтан имкон фароҳам сохтааст. Илова бар ин хонандагонро аз лиҳози зеҳнӣ ва фикрӣ ташаккул медиҳад. Зеро ҳар як иштирокчӣ барои пурра посух гуфтан ба саволҳои ҳакамон, шеърҳо азёд карда, ифоданок мехонанд ва ҷиҳати дарки моҳияти китобҳо талош мекунад.
- Маҳфили адабии «Ҳамешабаҳор». Ин маҳфил дорои вежагии адабӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва педагогӣ буда, ҳар ҳафта як маротиба – рӯзҳои чоршанбе баргузор мешавад. Муаллифи лоиҳа ва роҳбари маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон, устод Хайрандеш буда, аз рӯзи аввали кушода шудани бинои нави «Китобхонаи миллӣ» дар ин шуъба баргузор мешавад. Дар маҳфил хонандагони навқалам ва завқмандони шеъру таронаву ҳикоя ҷамъ омада, доир ба мавзуъҳои назм, наср, насли адабӣ, назми классикӣ, адабиёти ҷаҳон ва эҷодиёти навқаламони хориҷӣ суҳбат мекунанд. Наврасон шеъру тарона ва ҳикояву достонҳои ҷолиби хондаашонро бо бардоштҳояшон дар маҳфил ироа месозанд. Маҳфил барои омода кардани наврасон дар руҳияи фарҳангсолорӣ, шеърхонӣ, ҳикоянависӣ ва адабиётдӯстӣ хидмат намуда, хонандагонро ба самти китобу китобхонӣ равона месозад. Шавқоварӣ, ҷолибият ва таҷрибаи баланди Устод Хайрандеш боис шудааст, ки хонандагон дар он аз рӯи завқу шавқ ва тамоюли адабияшон ҷалб мешаванд ва навиштаҳои шогирдонаи худро барои таҳриру тасҳеҳ ва маслиҳат ба роҳабри маҳфил пешниҳод мекунанд.
Илова бар инҳо дар шуъба маҳфилҳо, барномаҳои адабию фарҳангии «Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон», «Пайравони Пешвои миллатем», «Ҳафтаи забон ва адабиёти рӯс», «Рӯзи ҳадяи китоб» ва монади инҳо баргузор карда мешавад, ки ин ҳама намоиши китоб ва расму мусаввараҳо дар сомонаи Китобхонаи миллӣ ва расонаҳои хабарии оммавӣ пайваста нашру тавзеҳ мегарданд.
Ҳарчанд ин маҳфил ва дигар нишасту барномаҳои шуъба дар худ харҷҳои молиявӣ доранд, вале ба пиндори мо набояд дар ҳеҷ мавриде насли калонсол ба кӯдакон ҳамчун ба мояи харҷҳои молиявӣ нигоҳ кунанд, зеро мо – калонсолон дар муносибат бо кӯдакон на имрӯз, балки фардои дурухшону шукуфои худро танзим менамоем. Агар ба таври равшантар гӯем калонсолон на барои кӯдакон харҷ мекунанд, балки барои ояндаи худашон сармоягузорӣ мекунанд.
Фонди шуъбаи адабиёти кӯдакону наврасони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан дар шакли намоиш гузошта шуда, аз 6386 нусха китоб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ ва дигар забонҳои олам иборат мебошад. Ҳамзамон, дар фонди шуъба 1714 – нусха рӯзномаву маҷҷалаҳои бачагона нигоҳдорӣ мешаванд, ки барои наврас муҳим мебошанд.
Бо мақсади тақвият додани сатҳи хидматрасонӣ ба истифодабарандагон ва ғанӣ гардонидани фонди шуъба, ҳамасола тадбирҳо андешида шуда, барои баланд бардоштани китобхонии кӯдакону наврасон, тибқи талабу дархости аъзои шуъба беҳтарин асарҳои тозанашри бачагона, харидорӣ мешавад. Аз ҷумла, тайи чор соли охир аз муассисаҳои нашриявии кишвар ва ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳида, наздик ба 2000 нусха китоби тозанашр харидорӣ ва мавриди истифодаи хонандагон қарор дода шудааст.
Дар баробари мутолиаи китоб ҳар хонанда давоми 30 дақиқа аз барномаҳои электронӣ тавассути компютерҳо, истифода мебарад, ки асосан, омӯзиши забонҳо, рангу бор кардани тасвирҳо, ҳисобу китоби ададҳо, ки барои сайқал додани динишу ҷаҳонбинии наврасон нақши бузург дорад, фароҳам гардидааст.
Хулоса, шуъбаи адабиёти кӯдакону наврасон бо баргузор кардани маҳфилҳои фарҳангӣ, фароғагӣ, адабӣ, маърифатӣ ва корҳои тарғиботӣ дар васоити ахбори омма тавонистааст, ки шумораи зиёди хонандагонро ҷалб намояд. Агар дар соли 2015 шумораи хонандагони шуъба 4368 нафар бошад, пас дар соли 2021 ин шумора ба 23123 хонанда расидааст, ки нишондиҳандаи фаъолияти муассири шуъба ва натиҷаи возеҳи чорабиниҳо мебошад. Пас, метавон бо боварии комил таҷрибаи кории шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати намуна ва пайравӣ барои дигар ҳамкасбону муассисаҳои китобхонавӣ пешниҳод кард.
Атозода Муҳаммадиқбол
муовини директори МД «Китобхонаи миллӣ»-и
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илми филология.
